Нашрияи Омӯзгор

Технологияи нав ва рушди сифати таҳсилот

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Технологияи нави таълим-омили рушди сифати таҳсилот» баргузор гардид.

Дар оғози конфронс муовини ректори ДҶТИБКСМ Шоҳсафар Акобиров иброз дошт, ки истифодаи технологияи замони муосир дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот нақши муассир ва судманд мебозад. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ Раҳматулло Куҷов дар мавзӯи «Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникативӣ дар фаъолияти хонанда» сухан ронда, зикр кард, ки замони муосирро бе истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникативӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Корбурди компютеру ноутбук, тахтаи электронӣ, фиттаҳои навори ДВД, видеопроектор дар машғулиятҳо аз маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ вобаста мебошад. Ҳангоми истифодаи технологияи муосир ба чор омил бояд таваҷҷуҳ зоҳир кард: шунавоӣ, гуфтор, хониш, хат.

Сармутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Гулрӯз Абдураҳмонов дар масъалаи  роҳу усул ва воситаҳои ташаккули тафаккури хонандагон ба ҷараёни таълим ва чорабиниҳои беруназсинфӣ маълумот дода, қайд кард, ки айни замон дар илми психология ду намуди тафаккурро фарқ мекунанд: тафаккури назариявӣ ва тафаккури илмӣ.

Тафаккури техникӣ-раванди зеҳнӣ буда, ба ҳалли масоили марбути технологӣ мусоидат мекунад. Тафаккури техникӣ аз се ҷузъи таркибӣ; мафҳумӣ, образӣ ва амалӣ иборат аст. Ҳамин тавр, тафаккури техникӣ чун дигар равандҳои психикӣ дар ҷараёни фаъолияти мушаххас ба вуҷуд омада, ташаккул ва инкишоф меёбад. Омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Бадриддин Қурбонов дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Нақши истилоҳоти графикаи компютерӣ дар рушди сифати таълим» зикр намуд, инфографика соҳае мебошад, ки ба таҳияву дарёфти амалҳои ороишӣ ва расмҳои гуногун дар компютер марбут аст. Истифодаи инфографика тавъам бо васоити технологии таълим ба рушди сифати таҳсилот мусоидат мекунад. Мавсуф таъкид кард, омӯзгоре, ки тамоми имкониятҳои истифодаи тахтаи электрониро дорад, дар назари хонанда ба шахси муъҷизакор табдил меёбад.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш