Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон батадриҷ рушд карда истодааст.
Ҳамасола роҳбарияти донишгоҳ ба яке аз самтҳои калидии фаъолияти худ – равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифоъ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз қисматҳои асосии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ маҳсуб мегардад.
Дар ин самт ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисон ва узви фаъоли ин созмон маҳсуб меёбад, мавқеи назаррас дорад.
Аз 301 шартнома ва қарордоди ҳамкории ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, 167-тои он маҳз бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои СҲШ рост меояд. Аз ҷумла, бо 111 МТОК ва марказҳои илмии Федератсияи Русия, 14 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон, 13 донишгоҳу донишкадаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, 13 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон, 11 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 ниҳоди илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва 3 - тои он ба МТОК Ҷумҳурии Ҳиндустон. Дар доираи ҳамкориҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ ДМТ дар доираи барномаҳо табодули устодону муҳаққиқон ва донишҷӯён, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ, ширкат дар экспедитсияҳои саҳроӣ, ширкат дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз қабили Эрасмус+, баромад намудан ба ҳайси роҳбари илмӣ, муқарризи расмӣ ё муассисаи такриздиҳанда, омӯзиши таҷрибаи пешкадам ва ташкили ҳамоишҳои сатҳи гуногуни илмӣ-амалӣ ва ғ. аз ҷумлаи ҳамкориҳои ДМТ бо донишгоҳҳои давлатҳои узви СҲШ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки ДМТ дар доираи СҲШ муассис ва узви фаъоли Донишгоҳи шабакавии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. Дар доираи он даҳҳо магистр ва донишҷӯи ДМТ дар барномаҳои табодулӣ ширкат намуда, барои баланд бардоштани савияи донишашон ба ин ё он МТОК фиристода шудаанд.
Дар заминаи ин ҳамкориҳо, рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли 2018 дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон XII Ҳафтаи таҳсилоти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо унвони «Таҳсилоти бидуни марз» баргузор гардида буд. Дар кори ҳафтаи таҳсилот намояндагони ниҳодҳои давлатии ватанӣ ва хориҷӣ, сафирони узви давлатҳои СҲШ, муқими шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳои узви Донишгоҳи СҲШ иштирок варзиданд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони 24 донишгоҳи хориҷӣ ва 10 донишгоҳи ватанӣ иштирок ва дар робита ба масъалаҳои илму таълим суханронӣ намуданд. Дар доираи ин ҳамоиш дар самтҳои минтақашиносӣ, экология, энергетика, IT-технология, нанотехнология, педагогика ва иқтисодиёт мизҳои мудаввар доир гардид. Дар нишастҳо аз ҷониби намояндагони маорифи дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа масъалаҳои гуногуни илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз баргузории XII Ҳафтаи таҳсилоти СҲШ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнидавлатии давлатҳои узви СҲШ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишварҳо, инчунин, табодули таҷриба дар роҳи омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, мустаҳкам намудани рушди ҳамсоядорӣ ва дӯстии давлатҳои узви СҲШ тавассути соҳаи маориф мебошад. Ҳамзамон, яке аз самтҳои муҳимми СҲШ дар соҳаи маориф ташкил намудани фазои ягонаи таҳсилот, стандартҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, барнома ва стандартҳои ягона доир ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қаламрави СҲШ бо дастрасӣ ба тамоми имкониятҳои мавҷуда мебошад. ДМТ ҳамчун узви фаъоли ДШ СҲШ пайваста дар ҳамоишҳои илмӣ, мулоқоти коршиносони соҳавӣ, такмили барномаҳои муштарак ширкат менамояд. Баргузор намудани лексияи устодони ДМТ ва МТОК-и давлатҳои СҲШ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар давоми якчанд соли охир даҳҳо устодону муҳаққиқон дар заминаи донишгоҳҳо табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои ҳамдигар бархӯрдор шудаанд. Ҳамкориҳои дутарафаи ДМТ бо МТОК -и давлатҳои узви СҲШ намунаи беҳтарини ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилот ва илм маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, ҳамасола дар ҳамоишҳои Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай намояндагони донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд. Масалан, бо ибтикори Вазорати илм ва таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия аз 1-ум то 4-уми декабри соли 2020 ХIII Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо дарназардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар заминаи он конфронси байналмилалии илмию амалии донишгоҳҳои СҲШ таҳти унвони “Донишгоҳи СҲШ: Мушкилиҳои ҷаҳонӣ ва имкониятҳо барои рушди устувор то соли 2030” баргузор шуд.
Дар ҷараёни нишастҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳадаф аз ташкили ин видеоконфронс ҳалли мушкилиҳои илму таълим, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, беҳтар намудани фаъолияти донишгоҳҳои узви СҲШ, таҳким бахшидани самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва ҳалли мушкилиҳое, ки баъд аз бемории COVID-2019 пайдо гардидаанд, буд.
ДМТ ягона муассисаи таълимӣ ва илмии ватанӣ аст, ки ҳамчун муассиси Академияи байналмилалии илмҳои Шоҳроҳи абрешим баромад намуда, дар кори он ректори вақти донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ширкат ва суханронӣ намудаанд. Устодони соҳибмактаби ДМТ ба ҳайси роҳбарии илмии унвонҷӯёни МТОК Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон баромад менамояд ва дар Шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди ДМТ даҳҳо шаҳрванди давлатҳои узви СҲШ рисолаҳои худро дифоъ намуда, соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Имрӯз мактаби илмии устодони донишгоҳ на танҳо дар Тоҷикистони азиз, балки берун аз он шинохта ва эътироф мешаванд.
Бо ибтикори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик М.Имомзода дар доираи ҳамкориҳо ба МТОК-и давлатҳои СҲШ донишгоҳ ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани дастхатҳои олимону мутафаккирон ва шоирони форсу тоҷик корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Дар ин самт бархе аз намунаҳои ин дастхатҳо аллакай дар ДМТ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Донишгоҳи миллӣ бо МТОК-и давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои илмию таълимии сатҳи байналмилалӣ густариш меёбад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Имрӯзҳо, ки 20 – умин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро ҷашн мегирем, Донишгоҳи миллӣ ҳамчун донишгоҳи пешсафи ҷумҳурӣ дар баргузории чорабиниҳои муҳимми давлатӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор мебошад. Дар ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо донишгоҳҳои СҲШ заминаи мусоидро фароҳам месозанд. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳамкориҳои ДМТ бо донишгоҳҳои узви СҲШ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Хайрулло Мирзамонзода,
муовини ректори ДМТ
оид ба робитаҳои байналмилалӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр