Нашрияи Омӯзгор

«Беҳтарин роҳбари маҳфили сол» кист?

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

20-уми апрел дар Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм даври минтақавии озмуни «Беҳтарин роҳбари маҳфили сол» баргузор гардид. Дар он роҳбарони маҳфилҳо аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - Мадалӣ Набиев-«Забони англисӣ» (Нуробод), Давлатназар Ёфтаков-«Суруд ва мусиқӣ» (Сангвор), Шамсиддин Шаҳобиддинов - «Театр-студия» (Ваҳдат), Мастура Рустамова-«Дӯзандагӣ ва қуроқдӯзӣ» (Роғун), Тилавмурод Каримов-«Рассомони ҷавон» (Турсунзода), Аббосиддин Эмомов-«Физикони наврас» (Тоҷикобод), Мафтуна Шарифова-«География» (Шаҳринав), Гулрафтор Ниёзова-«Муҳрабофӣ» (Варзоб), Қурбонбӣ Қурбонова-«Таърихи кишваршиносӣ» (Файзобод) ва Хуршед Ҳалимов-«Ихтироъкорони чавон» (Рӯдакӣ) иштирок карданд.

Умедҷон Сафарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, довталабонро бо шартҳои он ва аъзои ҳакамон шинос намуд.

Сипас довталабон аз рӯйи шартҳои «Пешниҳоди барномаи таълимие, ки худи довталаб таҳия кардааст», «Муаррифии кори амалии роҳбари маҳфил бо аёният», «Ҳуҷҷатгузорӣ ва корбарии роҳбари маҳфил аз рӯйи санадҳои соҳавӣ ва пешниҳод кардани маводи таҳияшуда» ва «Намоиши дастовардҳои назарраси довталаб дар шакли видеоролик ё презентатсия» байни ҳам сабқат намуданд. Дар рафти озмун Гулбаҳор Ниёзова ва Мастура Рустамова бо маҳорати хуби муҳрабофию қуроқбофӣ, Шамсиддин Шаҳобиддинов бо намоиши саҳнаи ҷолиб дар иҷрои хонандагон, Тилавмурод Каримов бо намоиши дастоварду дастранҷи шогирдони маҳфили “Рассомони ҷавон”, Хуршед Ҳалимов бо намоиши ихтироъкориҳои худ диққати ҳайати ҳакамонро ҷалб карданд. Тавре аз муаррифии довталаб Хуршед Ҳалимов маълум гардид, кори маҳфили “Ихтироъкорони ҷавон”-и Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Рӯдакӣ мувофиқ ба талаботи рӯз ба роҳ монда шудааст ва фаъолияти назаррас дорад...

Мутаассифона, маълум гардид, ки аксари роҳбарони маҳфилҳо дар иҷрои баъзе шартҳо омода набуданд. Чанде аз довталабон иброз доштанд, ки аз талаботи низомнома ва ҳамаи шартҳо огоҳ нестанд. Намояндагон аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт ва Лахш бо сабабҳои номаълум дар чорабинӣ иштирок надоштанд.

Дар робита ба ин, узви ҳайати ҳакамон Заррина Норова пешниҳод кард, ки раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд даври аввали озмунро дар ҷойҳои худ ҳатман баргузор намоянд. Агар довталаб дар даври аввал ширкат кунад, аз талаботи низомнома ва ҳамаи шартҳои озмун огоҳ мегардад. Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ бояд як семинари махсуси омӯзишӣ барои довталабон қаблан гузаронида, онҳоро бо талаботи озмуни мазкур шинос намояд.

Дар фарҷоми озмун, Шамсиддин Шаҳобиддинов, роҳбари маҳфили “Театр-студия”-и Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Ваҳдат бо 110 хол соҳиби ҷои аввал, Хуршед Ҳалимов, роҳбари маҳфили “Ихтироъкорони ҷавон”-и Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Рӯдакӣ бо 107 хол соҳиби ҷои дуюм ва Тилавмурод Каримов, роҳбари маҳфили “Рассомони ҷавон”-и Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Турсунзода бо 100 хол соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Умедҷон Сафарзода ба ғолибон Диплом,  Сипосномаи Вазорати маориф ва илм ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро  супурд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор” 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш