Дар охири асри XX бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷумҳурии мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд.
Дар сари ин амалҳои тахрибкорона ТЭТ ҲНИТ меистод, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат аз худ дарак дод. Маҳз омили мусалмон будани мардуми тоҷик баҳри густариши ақидаҳои ТЭТ ҲНИТ дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Ин гурӯҳи иртиҷоӣ вазъиятро моҳирона истифода бурда, бо шиору овезаҳои динии худ мардумро бар муқобили давлат бархезонд ва низои дохилӣ сар зад. Хушбахтона, бо талошҳои пайваста ва сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат пойдор гардид.
Ин гурӯҳи тундгаро бо дастгирии размандагони собиқи худ моҳи сентябри соли 2015 бори дигар даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Аммо тири эшон ба нишон нарасид. Дар шароити кунунӣ мардуми сарбаланди тоҷик дарк намудаанд, ки мавҷудияти ҳизби динӣ дар ҷомеа ягон самари нек надорад.
У. НОСИРОВА,
устоди ДДҲБСТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр