Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ  дар Тошканд

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

Аз 27 то 30 апрели соли 2021 дар Тошканд, дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд.

 Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ зиёда аз 60 масъалаи фаъолияти ҷории созмонро дар бар гирифт. Ҳамоҳангсозони миллӣ раванди омодагӣ ба чорабинии асосӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, ки     16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе дар шакли ҳузурӣ баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.

Дар мавриди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 13-14 июли соли 2021 дар Душанбе, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯби он баргузор намудани ҷаласаи гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон”-ро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳод кард, табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон баррасӣ гардид.

Ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи давраи нави ҷойивазкунии мансаби роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ табодули афкорро идома дода, ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро муфассал баррасӣ карданд.

Давлатҳои узви СҲШ аз қабул шудани қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ таҳти унвони “Ҳамкории СММ бо СҲШ”, ки онро Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуда, натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро, ки таҳти ҳамраисии ҷонибҳои Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд, баланд арзёбӣ карданд.

Мувофиқа гардид, ки дар чорчӯби ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ чорабинии махсуси ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узв бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.

Бояд гуфт, ки ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” мегузарад.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш