Нашрияи Омӯзгор

Аҳлиддин Исоев

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

 

30 апрели соли 2021 Аҳлиддин Исоев – рӯзноманигори варзида, суратгири собиқадори ВАО аз  олам даргузашт

Аҳлиддин Исоев 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 49-и шаҳри Душанбе (1970) ба сифати мухбири суратгир дар рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин оғоз ёфта, то замони даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1973) идома ёфтааст. Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои суратгири Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), мухбири суратгири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1977 – 1988), мухбири суратгири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») (1988 – 2007) кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2007 ба сифати мухбири суратгир дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият меварзид. Беш аз 15 сол дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба сифати ҳамкор ҳамчун мухбири суратгир фаъолият дошт.

Аз соли 2007 пурра ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор гузашт ва соли 2017 ба нафақа баромадааст.

Барои хизматҳои шоёнаш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, соли 2013 ба унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Аҳлиддин Исоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хотираи неки ин рӯзноманигори  шарафманд дар ёдҳо пойдор хоҳад монд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш