Нашрияи Омӯзгор

Шарор овардаем

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар аз мактаби эҷодии устод Мирзо Турсунзода сабақу баҳраҳо бардошта, жанри ғазалро такмил додааст. Вале аслан ӯ шоири суннатгарост. Дар ғазалҳои Ашӯр Сафар мушоҳидаҳои тоза ва ҷолиб мушоҳида мешаванд, ки мазмуни баланди ахлоқӣ доранд. Тарғиби одамият, некию накукорӣ, парҳезу дурӣ ҷустан аз дурӯғу кизб, ғайбат, эҳтироми падару модар, донистаю пухта сухан гуфтан ва амсоли инҳо моҳият ва ғояи ашъори шоирро ташкил медиҳанд. Дар ғазале, ки бо мисраи «Дил, ки дорад сӯзу ғам, роҳаш дигар кардан хатост» оғоз мешавад, чунин байтҳои обдору боҳадафро мехонем:

Модари худро агар ки дӯст дорӣ, офарин,

Саркашӣ аммо зи андарзи падар кардан хатост.

Бар баландӣ рӯ ниҳӣ аз пастие, роҳат ба хайр!

Аз баландиҳо ба поён санг ҷар кардан хатост.

Чунин абёти омӯзандаро, ки басо содаву шево баён гардидаанд, дар ҳар як ғазали шоир метавон дарёфт. Таври мисол:

Хайрро ҳам бар кӣ бояд кард, донистан зарур,

Нокас аз хайри касон мағруру нокастар шавад.

ХХХ

Модарон гаҳвора ҷунбонанд шабҳои дароз,

Бо умеде ки яқин мардони майдон офаранд.

Кӯчагардӣ бачаро пеш оварад оворагӣ,

Хислати неку ба одам дар дабистон офаранд.

ХХХ

Ҷанги бемаънии дохилӣ, ки бо дасисаи гурӯҳу ҳаракатҳои сиёсии қудратталаб ба амал омад, фалокату фоҷеа ва бадбахтиҳои зиёде ба сари мардуми бегуноҳ овард. Шоири дардошно Ашӯр Сафар аз ин даҳшати гӯшношунид амиқан дард кашидаву ба изтироб омада, афсӯс мехӯрад, ки бераҳмию бемеҳрӣ, кинситезиву қасос бародарро ба бародар душман кардаву касеро аз ин вазъ парвое нест.

Шунидам бегуноҳе чанд ҷое кушта гардидаст,

Ҷаҳон сӯзад агар ҳар гоҳ, аз номард месӯзад.

Дарахти фитнаро хоҳам, ки андар оташ андозам,

Бубинам, то чу як хастӯда гардогард месӯзад.

Надорад боғбон парвои шохи хушки бебаре

Чу ногаҳ бишканад шохе, ки бор овард, месӯзад.

Чунин андешаҳои воло дар дигар ғазалҳои шоир низ гоҳо барҷаставу равшан ва гоҳо тавъам бо оҳангҳои ҳасрату навмедӣ ба мушоҳида мерасанд. Бо ин ҳама, шоири хушбин ба орзую иродати тамом ба ояндаи неки кишвар, ки он айём дар оташи ҷанги дохилӣ қарор дошт, умед мебандад ва дилпурона мегӯяд:

Оташ андар решаҳои душманӣ афканда мо,

Дӯстиро ояти Парвардигор овардаем…

Ва дар хатми ғазал таъкид мекунад:

Дар зарурат аз хурӯҷи нанги бо шир омада,

Сангро бар сар зада, берун шарор овардаем!

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш