Нашрияи Омӯзгор

Падар ва ёвари адибони ҷавон

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Мирзо Турсунзода дар тамоми давраи роҳбариашон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҷавонон садоқати бепоён доштаанд ва онҳоро дастгирӣ мекардаанд. Шоири тавоно на танҳо дар тарбияи ҷавонадибони Тоҷикистон, балки дар тарбияию дастгирии адибони ҷавони кишварҳои дигар, бахусус, ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ саҳми бориз доранд.

Устод боре пеш аз баргузории Анҷумани шашуми нависандагон бо роҳбари ҳамонвақтаи давлат оид ба масъалаҳои матраҳшаванда суҳбат мекунанд. Роҳбари собиқи давлат аз М.Турсунзода мепурсад: «Ҷавонон хуб месабзанд? Ҳастанд дар байнашон, ки дар оянда Айнию Турсунзода шаванд?» - Ҳастанд, хушбахтона, ҷавонони хуб дорем, - мегӯянд Мирзо Турсунзодаву суханашоро идома медиҳанд: – Ман ҳоло асарҳои ҷавононро хонда аз хушнудӣ мехоҳам, ки тӯппиамро ба осмон ҳаво диҳам (чи тавре ки дар урфият халқамон мегӯянд). Ман аз эҷодиёти ҷавонони соҳибистеъдод хеле шод ҳастам, бо дилпурӣ эстафетаи эҷодиро ба дасти Ф. Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ додан мумкин», - гуфт. Дар назди шумо иқрор мекунам, ки ҳоло ман ба мисли Лоиқ Шералӣ шеър навишта наметавонам.

 Мирзо Турсунзода бо ин ҷавоби худ сарвари кишварро бовар кунонидаанд, ки Лоиқ Шералӣ яке аз ҷавонони боистеъдоду ояндадор аст ва соҳибистеъдҳоро дастгирӣ бояд кард.

 Устод, хоҳ дар дохили кишвар бошанд ва хоҳ берун аз он, ҳамеша пеши назарашон адабиёти тоҷик ва адибон, махсусан, адибони ҷавон будаанд. Бинобар ин, чун устод Айнӣ байти зеринро такрор ба такрор замзама мекардаанд:

 Тарсам, ки ман бимираму ғам

бепадар шавад,

 Ин тифли нозпарвари ман

дарбадар шавад.

 Ходими давлатӣ ва адиб Холмурод Шарифов дар ёддоштҳояш менависад, ки устод ҳатто дар сафарҳои дур ҳам аз тақдири адабиёти тоҷик ва ҷавонони эҷодкор меандешидаанд. Устод нисбат ба ҷавонони эҷодкор ниҳоят ғамхору серталаб будаанд, намегузоштанд, ки ба пояшон хоре халад. Вале дар баҳодиҳӣ ба маҳсули эҷодӣ, муҳтавои асарҳо ва гуфтори онҳо чун падар қатъӣ, ҷиддӣ ва сахтгир будаанд. Боре як адиби ҷавонро сахт коҳиш карда гуфтаанд: «Дар вақташ мо ҳам ҷавон будем, ғурури ҷавонӣ доштем, агар ба гирди миз ё дастурхон ҷамъ мешудем, фикру зикрамон ва мавзӯи суҳбатҳоямон чӣ тавр хидмати Ватану адабиётро ба ҷо овардан буд, аз даҳонамон калимаю ибораҳои Ватан, қарзи фарзандӣ, ҷои шеъру достон дар зиндагӣ, санъат, театр канда намешуд. Акнун ки баъзе шоирони мо мошинсавор шудаанд, ҳамин ки бо ҳам вохӯрданд, аксар аз даҳонашон ба ғайр аз калимаҳои «карбюратор, вентилятор, снегочистител ва ғайра дигар чизе намебарояд».

 Аз ин гуфтаҳои устод Мирзо Турсунзода чунин мебарояд, ки ба ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва эҷодиёти адибони ҷавон диққат медодаанд. Воқеан, дар кори тарбиявӣ ягон нуктаи хурду ночиз вуҷуд надорад, яъне дар кори тарбия ҳама чизро мадди назар доштан шарт ва зарур аст.

Адабиётшинос, нависанда - Расул Ҳодизода дар асари ёддоштиаш «Худоё, худро бишнос» порае аз хотираҳояшро ба ёд оварда менависад, ки устод Мирзо Турсунзода маро бо худ ба нашриёти «Советский писател» бурд, то ки аз вазъи нашри осори устод Айнӣ огаҳ шавем. Ходимони шуъбаи нашриёти мазкур устодро чун бародар пешвоз гирифтанд. Пас аз анҷоми суҳбат перомуни нашри осори устод Айнӣ ба пешвози 100–солагии зодрӯзи нависанда вазъи чопи асарҳои нависандагони тоҷикро бо мудири нашриёти мазкур муҳокима намуда, чанд асари нави адибони ҷавонро ба нақшаи нашриёт ворид сохт. Пас аз хатми суҳбат мудири шуъбаи нашриёт ба устод муроҷиат карда мегӯяд: «Муҳтарам Мирзо Турсунович, охир, ду сол боз мо интизорем, ки маҷмӯаи шеърҳоятонро барои чоп месупоред. Аз ин хусус чизе нагуфтед? Устод Турсунзода бо лутфу нармӣ ва бо хушсухании ба худашон хос ҷавоб додаанд, ки аввал асарҳои устод Айнӣ ва асарҳои адибони ҷавон нашр гарданд, баъд мебинем. Маҷмӯаи ашъори устод пас аз ду соли фавташон бо талошу заҳматҳои Шавкат Ниёзӣ нашр гардидааст.

 Соли 1967 бо талошу ташаббуси М. Турсунзода аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи адабии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҳаллаи Қараболо коттеджҳои дутабақаи дорои боғчаю айвонҳои тобистона сохта мешавад. Устод хонаҳоро ба нависандагону шоирон, ба хусус, ба қаламкашони ҷавон тахсис дода, худ дар квартираи шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд. Агар каси дигар мебуд, хонаи худро ба фарзандон вогузошта, худ ба коттеджҳо мекӯчид. Вале устод Турсунзода ин корро накарданд. Фикру андеша, ғамхориву ташвишҳояшон ба вазъи адабиёти тоҷик ва тарбияи шоирони ҷавон банд буд. Мавсуф дар ҳар ҷое ки бошанд, танҳо роҳҳои беҳтар кардани сифати адабиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои адибони ҷавонро фикр мекарданд. Гоҳ-гоҳе дар нишасту суҳбатҳо М. Турсунзода хотираҳояшонро аз устод Айнӣ ба ёд оварда, ба адибони бузургсолу ботаҷриба гӯшзад карда мегуфтаанд: «Айнӣ дар вақташ ҳам асарҳои калон эҷод мекард ва ҳам ҷавононро тарбия менамуд. Аммо нависандагони имрӯзаи мо ба навиштани фақат асарҳояшон саргарм шуда, аз тарбияи ҷавонон худро дур гирифтаанд». Устод Турсунзода дар тарбияи ҷавонон – эҷодкорони ҷавони қобилиятнок саҳми басо бузург доштанд ва дар интихоби ҷавонони қобилиятнок қариб ғалат намекарданд, яъне таҷрибаи комил ҳосил карда буданд. Ҳатто аввалин ашъори ба табъ расидаи қаламкашони қобилиятнокро хонда, ба назар мегирифтаанд ва аз қадамҳои минбаъд гузоштаи онҳо бохабар мешудаанд. Баъзан бо Боқӣ Раҳимзода гапро пазонида, онҳоро барои суҳбат ё анҷоми коре даъват менамудаанд. Дар даврони роҳбариашон дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҳодисае рух дода будааст, ки ҳама ҳайрон ва дар тааҷҷуб мондаанд. Дар байни адибон моҳҳо гуфтугӯ оид ба тарзи қабули Лоиқи ҷавон ба узвияти Иттифоқи нависандагон мерафтааст.

 Гулназар Келдӣ дар асараш «Лоиқе чун Лоиқ» ин нуктаро чунин ба қалам додааст:

 «Устод Боқӣ гуфт:

- Мувофиқи қоидаҳои қабул ҳар адиби ҷавон бояд соҳиби як-ду асари чопшуда бошад. Лоиқ дар маҷлиси қабул шеъри «Ба модарам» - ро хонд ва ҳама ӯро якдилона пазируфтанд. Мирзо Турсунзода ӯро ба оғӯш гирифта бӯсид».

Боре, яъне соли 1973 Бобоҷон Ғафуров барои ширкат дар маҷлиси солонаи собиқ Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд. Устод Турсунзода тасмим гирифтаанд, ки як вохӯрии Б.Ғафуровро бо нависандагони Тоҷикистон ба роҳ монанд, то ки адибон аз андешаю тавсияҳои он кас баҳра баранд. Б. Ғафуров ҳамеша асарҳои адибони тоҷикро ё дар шакли алоҳида, ё тавассути маҷаллаи «Садои Шарқ» мутолиа мекардаанд, ба ифодаи дигар, аз вазъи адабиёти тоҷик ҳамеша иттилои комил доштаанд. Баробари ба толор ворид гаштан чашмашон ба Ҷалол Икромӣ меафтад ва бадоҳатан гуфтаанд:

- Ҷалолхон, шунидам, ки Эшонҷонро (Файзулло Хоҷаевро – С. А.) қаҳрамони романи наватон («Тахти вожгун») кардаед. Ҷалол Икромӣ ҳатто гуфтаанд, ки хатоямро фаҳмидам ва ислоҳ мекунам. Академик Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, ки дар тасвири воқеаҳои таърихӣ бодиққат будан даркор…Файзулло Хоҷаев мумкин барои миллатҳои дигар хидмат карда бошад, фақат барои тоҷик не. Хонаи тоҷиконро ба пушташ кардагӣ, пеш аз ҳама, ҳамин одам. Ҳама бахшанд ҳам, халқи тоҷик гуноҳи ӯро бахшида наметавонад.

 Убайд Раҷаб дар ёддоштҳояш ҳамеша дастгиру мададрасони ҷавонон будани устод Турсунзодаро ёдоварӣ мекунад. Баъзе ҳамкорон ба устод маслиҳат ва тавсия медодаанд, ки ҷавонон аввал корро ёд гиранд, баъд ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод кардан лозим аст. Дар ин хусус назари устод дигар будааст:

 - Ин тавр фикр кардан хатост,- андеша мекардаанд устод,- ҷавонҳо имрӯз не, фардо, албатта, сари кор меоянд. Лекин хуб аст, агар имрӯз оянд. Хатое дар корашон сар занад, мо, ки дар паҳлуяшон ҳастем, маслиҳат медиҳем ва ислоҳ мекунем. Агар хато фардо зоҳир шавад? Он вақт, ки мо нестем ва касе маслиҳат намедиҳад, ислоҳи хато душвор мешавад ва ҷои фоидаро зарар мегирад, ки матлуб нест.

 Убайд Раҷаб дар китоби «Зинда ба ишқ» дар мавриди ёрирасону мададгории адибони ҷавон будани устод Мирзо Турсунзода мушаххасан ҳарф зада, ному насаби онҳоро зикр намудааст.

 Дар вақти қабул ба узвият ҳуҷҷатҳои Мавҷуда Ҳакимова омода набудааст, бинобар ин, ба рӯйхат шомил намегардад. М.Турсунзода аз Б.Раҳимзода мепурсанд:

- Боз киро қабул мекунем, Боқиҷон?

- Ҳоло ҳамин қадар кифоя аст, - мегӯяд Б. Раҳимзода.

- Мавҷударо чӣ, вақти қабули ин кас ҳам расидааст.

- Гапатон маъқул, Мирзоҷон, -гуфт Б. Раҳимзода. - Мавҷуда шоираи таппа тайёр, месазад, ки ба узвият қабул кунем, фақат ҳуҷҷатҳояш тайёр нест.

- Боқиҷон, шумо аҷаб одам-куя, - шоираро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул мекунед ё ҳуҷҷатҳоро?!

Устод аз Мавҷуда шеър хонданро хоҳиш карданд. Мавҷуда ду пора шеър хонд.

- Шоира ҳамин қадар мешавад, -гуфтанд болида устод ва пешниҳод карданд, ки номи Мавҷуда ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ дохил гардад. Бо як сухани устод Мавҷуда ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шуд. Ин амал аз ғамхор будани устод дарак медиҳад. Баъзе гавҳарношиносону соҳибмансабон Лоиқро бо ин ё он сабабе гунаҳкор карданӣ буданд. Устод бо яке аз онҳо суҳбати дуру дароз карданд ва баъди гузоштани гӯшаки телефон ба Убайд Раҷаб нигариста мегӯянд:

- Лоиқро бадном карданӣ, ҳаргиз имкон додан лозим нест.

- Лоиқ ҷавони умедбахш аст, адабиёти мо аз ӯ умедҳо дорад…

- Тақдири ин хел ҷавонро, - давом медиҳанд суханашонро устод, - ба ихтиёри гавҳарношиносон набояд дод.

(Давом дорад)

Саидамир АМИНОВ,

Ҳалимабону ЁРМУҲАММАДОВА,

кормандони МҶТМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш