Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти мактаб-интернатҳо такмил мехоҳад

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 830        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади иҷрои Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 шароити таълиму тарбия ва буду боши хонандагон дар мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллидоштаи шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Темурмалик, Муъминобод, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиён мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар рафти санҷиш ба масъалаҳои вазъи таълиму тарбия, тартиби қабули таълимгирандагон, мувофиқатии буду боши онҳо ба талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи нақшаи кори солона ва масъалагузорӣ бо назардошти фарогирии паҳлуҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ва ҳолати ҳобгоҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Фарогирӣ ба муассисаҳо

Зимни санҷиши 17 муассиса маълум гардид, ки шумораи тарбиятгирандагон ва вазъи иҷтимоии онҳо дар мактаб-интернатҳои санҷидашуда гуногун аст. Дар ин муассисаҳо 2117 нафар фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 74 нафар ятими кулл, 674 нафар аз падар маҳрум, 138 нафар аз модар маҳрум, 52 нафар бепарастор, 35 нафар дар парастории дигар қарордошта, 346 нафар аз оилаҳои камбизоат, 115 нафар маъюб ва бемориҳои сироятӣ ва 92 нафар дар маҳалли зист мактабнадошта ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабули кӯдакон ба Хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор тибқи талаботи бандҳои 42 ва 43 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2017, №411) ба роҳ монда нашудааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 42 Низомномаи мазкур ба мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор танҳо кӯдакони ятими кулл, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон бо қарори суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум ё аз онҳо расман даст кашидаанд ва ё падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои онҳо хавфнок (бемории сил, вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ мебошанд) қабул карда мешаванд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аз 17 мактаб-интернати санҷидашуда 10 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор буда, дар онҳо 383 нафар хонанда хилофи талаботи банди 42 низомномаи мазкур ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Аз ҷумла, дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик аз 106 нафар 54 нафар (51%), мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод аз 81 нафар 45 нафар (55,5%), мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш аз 300 нафар 102 нафар (34%) ва мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус аз 80 нафар 50 нафар (62,5%) хилофи талаботи банди 42 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб барои 250 нафар ва хобгоҳ барои 220 нафар пешбинӣ шудааст ва айни ҳол 100 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бошад, барои 350 нафар ва хобгоҳ барои 220 нафар пешбинӣ гардида, айни ҳол 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мақоми мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик, мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод, мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус, мактаб-интернати ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён, мактаб-интернат ва Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун, парваришгоҳи наздимактабии ноҳияи Фархор, хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ва мактаб-интернати №1-и деҳаи Арали ноҳияи Восеъ дигар карда, ба муассисаи таҳсилоти умумӣ табдил дода шавад.

Тарбиятгирандагони ин муассисаҳо, ки ба талаботи низомнома мутобиқат менамоянд, ба мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидоштаи наздик ба ин муассисаҳо гузаронида шаванд.

Ҳамзамон, мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Айни хол дар мактаб – интернат 232 нафар кӯдаки нобино аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз меъёри муқарраргардида 112 нафар зиёд мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе ба зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ ва муассиса дар шаҳри Исфара ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуда, ба ин васила шумораи кӯдакони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор кам шуда, шароити буду боши таълимгирандагон беҳтар карда шавад.

Тибқи талаботи банди 43 низомномаи мазкур ба хонаи кӯдакон (зинаи таҳсилоти томактабӣ) кӯдакони ятими синну солашон аз 2-моҳа то 7-сола, қабул карда мешаванд, аммо дар хонаи кӯдакони шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун талаботи банди мазкур ба инобат гирифта нашуда, тарбиятгирандагон аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин хилофи талаботи мазкур мебошад.

Дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода танҳо 6 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Таъминоти кадрӣ

Дар рафти санҷиш ба вазъи таъминоти кадрии мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллидошта диққати ҷиддӣ дода шуд.

Санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ имрӯз 322 нафар омӯзгор, аз инҳо 255 нафар (79,1%) бо таҳсилоти олии касбӣ, 12 нафар (3,7%) бо таҳсилоти олии нопурра, 48 нафар (14,9%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7 нафар (2,1%) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.

Дар мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб як нафар бо ихтисоси омӯзгори фанни синфҳои ибтидоӣ аз фанҳои забони русӣ, дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик як нафар бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни технологияи иттилоотӣ, дар мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе як нафар бо ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ дар синфҳои ибтидоӣ, як нафар бо ихтисоси синфҳои ибтидоӣ аз фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, дар муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе як нафар бо ихтисоси забону адабиёти рус дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳанд.

Ҳамзамон, як нафар омӯзгори хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо ихтисоси рӯзноманигор ва як нафар бо ихтисоси муҳандиси радиофизика ва электроника аз фанни технология дар мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб дарс медиҳанд.

Дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода 6 нафар, мактаб-интернати ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён 4 нафар ва мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус 8 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун мураббӣ фаъолият менамоянд.

Ҳолати хобгоҳҳо

Шароити буду боши таълимгирандагон дар хобгоҳҳо беҳтар гардида бошад ҳам, ҳанӯз дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд.

Аз ҷумла, дар Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернатҳои №2 ва №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта, муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе, мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш тарбиятгирандагон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Ҳолати санитарии хобгоҳҳои мактаб-интернатҳои зикргардида хуб буда, ҳатто  барои пойафзоли таълимгирандагон рафҳои ҷудогона ташкил карда шудааст.

Аммо дар мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод, мактаб-интернати №1, деҳаи Арали ноҳияи Восеъ  таълимгирандагон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин бошанд ҳам, ҳолати санитарии интернат хуб нест. Барои хонандагон рафҳои алоҳидаи пойафзол, собун, хокаи дандоншӯйӣ, чутка, ҷевони алоҳидаи либосовезӣ ташкил нашудааст.

Мутаассифона, ҳолати хобгоҳҳои мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод ба ягон талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, хонандагон либосҳои худро дар девор овезон мекунанд, дар хобгоҳҳо ҷевон барои либос, пойафзол, маводи хониш набуда, рахтҳои хоб таъмирталаб мебошанд.

Зарур аст, ки...

Вобаста ба вазъи мавҷуда масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки:

- ба ин навъи муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ чораҳои зарурӣ андешанд;

- барои аз мактаб-интернатҳо хориҷ ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумии маҳалли зист ба таълиму тарбия фаро гирифтани тарбиятгирандагони хилофи талабот қабулшуда чораҳои тахирнопазир андешанд;

- ҳангоми ба кор қабул намудани омӯзгорони фаннӣ ва мураббиён талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гиранд;

- ҷиҳати мутобиқат намудани номи мактаб-интернатҳои мазкур ба талаботи 8 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ  намоянд;

- дар самти коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, таъминоти маводи ёрирасони дастурдиҳӣ, воситаҳои таълимӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҳамкориро пурзӯр намуда, ҳолати ҳуҷҷатдориро дар муассисаҳои таълимӣ такмил диҳанд;

- дар мактаб-интернатҳо ташкили дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фанниро ҷоннок намуда, барои таҳким бахшидан ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои гуногун, бахусус, ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;

- барои дар китобхонаи мактаб-интернатҳо аъзо намудани таълимгирандагон, ҳамчунин, дар хобгоҳҳо ташкил намудани гӯшаҳои китоб, баргузор намудани озмунҳои “Китобхони беҳтарин” дар партави озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чораандешӣ намоянд;

- ҷиҳати дар хобгоҳҳо муҳайё намудани шароити мусоиди дарстайёркунӣ, ҷоннок намудани чорабиниҳои таълимӣ - фарҳангӣ ва таъмин намудани ҳар як таълимгиранда ба ҷевонҳои шахсӣ тадбирҳо андешанд;

- барои таъмини беҳдошти солимии таълимгирандагон, доимо таъмин будан бо об (аз ҷумла, оби гарм), собун ё маҳлулҳои дастшӯйӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

-  ҷиҳати сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва пешбинӣ намудани маблағи сафархарҷии онҳо дар сметаи хароҷотии мактаб-интернатҳо чораҷӯӣ намоянд.

Қутбиддин

МУҲИДДИНЗОДА,

сардори раёсати

таҳсилоти умумӣ,

Эҳсон САФАРЗОДА,

сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш