Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон қадрдонӣ гардиданд

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикори раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар озмуни мазкур аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 78 нафар донишҷӯ аз рӯйи равияҳои «Математика» ва «Технологияҳои иттилоотӣ» (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ) бо ҳам сабқат намуданд.

Тибқи ҷамъбасти Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДССХ» 14 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 3 ва ҳар кадоме ба андозаи 1 000 сомонӣ, 9 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 2 ва ҳар кадоме ба андозаи 2 000 сомонӣ ва 4 нафар бо Дипломи дараҷаи 1 ва ҳар кадоме ба андозаи 5 000 сомонӣ қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд.

Пас, аз тақдими диплому маблағҳои пулӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода ба намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастур доданд, ки ғолибони озмуни мазкур, ки дар риштаҳои илмҳои риёзӣ ва техникӣ сабқат намуданд ва ғолибиятро ба даст оварданд ба гурӯҳҳои буҷавӣ интиқол карда шуда, дар зинаи магистратура низ дар гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон тариқи суҳбат қабул карда шаванд.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш