Нашрияи Омӯзгор

Ду маркази нав дар донишкада

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

1 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маркази нави замонавӣ: Маркази тарҷумонию  тарҷумаи ҳамзамон ва  Маркази рушди маҳорати методӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказҳо ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  Ҷило Гулназарзода ва устодони донишкадаи мазкур иштирок намуданд. Марказҳои мазкур бо таҷҳизоти муосир ва техникаву технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки Маркази рушди маҳорати методӣ аз қисматҳои эҷодкорӣ, инноватсия ва худтакмилдиҳӣ иборат мебошад ва дар ин марказ чорабиниҳои илмӣ-методӣ, дарсҳои кушод, семинару вебинарҳо гузаронида мешаванд. Илова бар ин,  маводи таълимӣ–методӣ дар шакли  чопиву электронӣ ва пояи моддӣ-техникии марказ имконият медиҳад, ки  дар оянда  курси такмили ихтисоси муаллимони  забонҳои тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо иҷозат ва мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси шарт-нома  ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Дар самти методикаи таълими  забони тоҷикӣ  муаллифи китоби ягона дар кафедраи методикаи таълим фаъолият мекунад.

Доир ба Маркази тарҷума ва тарҷумаи ҳамзамон  иброз карда шуд, ки ҷомеаи имӯзаро бе фаъолияти тарҷума ва тарҷумонӣ тасаввур кардан  ғайриимкон аст. Тарҷумашиносии тоҷик яке аз илмҳоест, ки пас аз соҳибистиқлолии мамлакат аҳамияти хосса пайдо карда, имрӯзҳо рушд менамояд.

Вобаста ба самтҳои фаъолияти марказ: таъмини донишҷӯён бо адабиёт ва китобҳои фаъолияти тарҷумонӣ дар шакли электронӣ ва ғайриэлектронӣ, таъмини донишҷӯён бо маводи назариявӣ ва амалии анҷом додани тарҷумаи ҳамзамон,  омӯзиши забони хориҷӣ (англисӣ) аз нигоҳи хусусияти тарҷума аз забони  англисӣ ба забони тоҷикӣ ва баръакс, иҷрои тарҷумаи пайиҳам ва ҳамзамон бо истифода аз технологияи муосири информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки чунин марказҳо нисбат ба дигар макотиби олии касбӣ аввалин бор дар Донишкадаи давлатии забонҳо таъсис ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар баробари ин, дар донишкадаи мазкур Ҳафтаи забони англисӣ ҷамъбаст гардида, бахшида ба он барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш