Нашрияи Омӯзгор

Ёдкарди устод Турсунзода дар ДМТ

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон ва бо кӯшишу эҳтимоми кафедраи  назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ  бахшида ба 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар толори донишгоҳи мазкур конфронси байналмилалии  илмию амалӣ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ»  барпо  гардид. Қабл аз шурӯи ҳамоиш бо иштироки меҳмонони хориҷӣ – намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон ва устодону шогирдони факултаҳои филологияи тоҷик ва журналистика, дар оромгоҳи шоир маросими гулгузорӣ ва қироати ашъори шоир ба амал омад.

Дар оғози конфронс муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оид ба мавзӯи «Турсунзода – мунодии сулҳу дӯсти халқҳо» андешаронӣ  кард. Ректори ДМТ,  пофессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии хеш устод Турсунзодаро «ифтихори миллату кишвари тоҷик» номида, аз саҳми ӯ дар тақвияти сулҳу дӯстии сартосарии  мардуми олам ҳарф зад. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим таҳти унвони «Шеъри дирӯз дар хизмати имрӯз» маърӯза анҷом дода, аз хизматҳи мондагори устод М. Турсунзода дар соҳаи илму адаби тоҷики садаи ХХ ибрози андеша намуд. Профессори  Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд Ҷумъабой Ҳамроев ба тариқи  онлайнӣ  аз робитаи адабии халқҳои тоҷику ӯзбек (дар мисоли осори М. Турсунзода ва Шароф Рашидов)  гуфтугӯ кард. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз хусуси хизматҳои шоистаи Миро Турсунзода дар истиқлоли халқи ҳинд ёдовар шуда, хабар дод, ки бо пешниҳоди сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хиёбоне дар шаҳри Деҳлии ин мамлакат ба номи устод Турсунзода гузошта хоҳад шуд. Роҳбари бахши фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода аз шинохти Мирзо Турсунзода дар ҶИА ва маҳбубияти мардуми ин сарзамин  нисбат ба шоир изҳори ақида намуд. 

Сипас, олимону мутахассисони соҳаи  филология, меҳмонону донишмандон ба ду гурӯҳ ҷудо гардида, дар бахшҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ оид ба зиндагинома, маҳорати адабӣ, шинохти шоир ва дараҷаи омӯзиши осори ӯ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маърӯзаҳо қироат намуданд. Дар маҷмӯъ, бештар аз сӣ маърӯзаву гузориш пешкаши алоқамандони ҳунари шоирӣ ва мавқеи шаҳрвандии устод Мирзо Турсунзода гардонда шуд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш