Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони “Мактаби Оксфорд” идома дорад

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкор Саидмурод Давлатов сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд бо маром идома дорад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни бунёди ин муассисаи нави таълимӣ боздид намуданд.

Бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад.  Дар “Мактаби Оксфорд” 450 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмилалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш