Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани гурӯҳҳои ифротиву тундгаро сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас маҳсуб меёбад. Дар шароити ҷаҳоншавӣ ба масъалаҳои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Бинобар ин, мо - шаҳрвандони кишвар, устодону омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш намоем, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Д.ОБИДОВ,
устоди ДДҲБСТ
«Решаҳои ноаён» аён шуданд.
Шоми 18 июни соли 2018 аз тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон филми мустанади «Решаҳои ноаён»-ро, ки доир ба «қаҳрамониҳо»-и ватанфӯрушу хоини миллати тоҷик Сайид Қиёмиддин Ғозӣ таҳия гардида буда, тамошо кардам. Маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ дар аввал дар зери ниқоби дини мубини ислом мардуми содаву гумроҳро ба майдон бароварда, сипас, онҳоро ҳамчун сипар барои манфиатҳои худ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар истифода кардаанд.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар навори видеоӣ дар бораи ҳадафҳои таъсиси ҳизби наҳзат, созишу сулҳ, ҷанг дар Тоҷикистон, маблағгузории Эрону таблиғи шиагароӣ ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 суханронӣ намуд. Вай, аз ҷумла, гуфт, дар як ҷаласа тасмим гирифта шуда буд, ки бояд то соли 2015 гурӯҳи террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар ҳизби ҳоким шавад. Хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик ба қадри сулҳу ваҳдат мерсанд ва намегузоранд хоинону ватанфурӯшон амнияти миллатро халалдор намоянд.
Исломиддин НАРСОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон
Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ба ташвиш овардаанд. Ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо вазифаи ҷонии мо – омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии зиёиёни кишвар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Убайдулло РАҲИМОВ,
ходими калони илмии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Бадхоҳони наҳзатӣ ба мақсад намерасанд
Имрӯз маълум гардида, ки ТЭТ ҲНИТ аслан, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар будааст. Он аз рӯи маслиҳату дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, мақсаду ниятҳои ғаразноки хешро дар амал татбиқ карданӣ шуданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари ҳокимият омадану идеологияи худро иҷборӣ ба сари мардум ҷой кардан мехост. Баҳри ин кор роҳбарияту размандагони наҳзатӣ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Хушбахтона, амали хиёнаткоронаи онҳо барбод рафт. Ҷинояти вазнини аз ҷониби ин ҳизб содиршударо тамоми мардуми кишвар фаҳмиданд ва бори дигар ба хиёнати онҳо эътимод пайдо карданд.
Мутаассифона, бархе аз “кӯрнамакони наҳзатӣ” пешравиҳои миллату давлати моро чашми дидан надоранд.Онҳо амалҳои иғвогаронаи худро дучанд намуда, мехоҳанд ҳамватанони моро мисли худ бар муқобили давлату миллат бархезонанд. Хушбахтона, имрӯз мардуми озодандешу бедорфикри мо ба ин гуна суханҳои пучу беасоси “таблиғгарони аҳриманӣ” эътимод надоранд ва ба суханҳои онҳо гӯш ҳам намедиҳанд. Амали онҳоро бо як ҷумла метавон хулоса кард: “Бадхоҳони наҳзатӣ ба мақсад намерасанд”.
Б. ҚОБИЛОВ,
Бадиро маҳв месозем
Аз телевизион филми мустанади «Решаҳои ноаён»-ро аҳли оилаи мо тамошо намуда, ҳодисаҳои нангину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро бори дигар дар мизони ақл санҷидаву таҳлил намудем. Тамошои филми мазкурро ба тамоми аҳли кишвар тавсия медиҳам, зеро ҳанӯз ҳам ҳастанд, ашхосе, ки ин гурӯҳи иртиҷоӣ (ҲНИ)-ро дастгирӣ мекунанд. Воқеан ҳам, амалҳои террористӣ дар тамоми ҷаҳон чун вабо доман густурдаву ҳазорҳо одамон ба ҳалокат мерасанду даҳҳо шаҳру деҳаҳои обод хароб мегарданд. Ҳамчун омӯзгор, ки ба таълиму тарбияи насли ояндасози миллат сару кор дорам, гуфтаниям, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр бояд кард.
Рустам СОЛИҲОВ,
сармутахассиси шуъбаи
маорифи ноҳияи Восеъ
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр