Нашрияи Омӯзгор

Даври донишгоҳии озмун оғоз гашт

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ”Илм-фурӯғи маърифат” оғоз гардид.  Дар рӯзи аввал озмун аз рӯйи номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ бо иштироки 34 олими ҷавон, докторант, магистрант ва донишҷӯ ҷараён гирифт. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи 7 номина: ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Дар сатҳи факултаҳои донишгоҳ бо шумули 989 олими ҷавон, докторант, магистрант ва донишҷӯ баргузор гашт, ки 212 нафар ба тартиби зайл: номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 34 нафар, номинаи математика 34 нафар, физика 16 нафар, химия 31 нафар, биология 33 нафар, номинаи география 26 нафар ва технологияҳои иттилоотӣ 38 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

 

Алишер РАҲМОНӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш