Нашрияи Омӯзгор

Беҳтарин техникони наврас муайян гардиданд

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 860        Шарҳ: 0

 

Дар истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки беш аз 200 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии 53 - юмин Олимпиадаи техникони наврас ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғози олимпиадаи мазкур директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов баргузории олимпиадаи мазкурро барои ташаккули тафаккури техникии насли наврас муҳим арзёбӣ намуд. Олимпиада тибқи низомнома аз 10 бахш: ихтироъкорӣ, автомоделӣ, авиамоделӣ, ракетамоделӣ, радиоконструкторӣ, «Манзили истиқоматӣ аз нигоҳи ман», барномасозӣ, робототехникӣ, аграрӣ ва киштии ояндаи коинот баргузор мегардад.

Дар натиҷа ба даври вилоятии озмун беш аз 70 ихтирооти нав, 50 макети лоиҳа, 50 макети хонаи истиқоматӣ, 40 намуди киштии обӣ, 80 намуди ракета ва тайёраи худсохти парвозкунанда, 30 барномаи нави компютерӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, ки ҳамагӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар маҳфилҳои техникӣ ва озмоишгоҳҳои инноватсионии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо сохта шудаанд, муаррифӣ карда шуд.

Аз рӯи ҷамъбасти даставии озмун дастаи шаҳри Панҷакент бо 9 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, дастаи хонандагони ихтироъкори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 9 ҷойи ифтихорӣ мақоми дувум, дастаи навоварони шаҳри Хуҷанд бо  8 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро соҳиб гардиданд. Инчунин, дар ҷамъбасти даставӣ тими ноҳияи Ашт ва шаҳри Бӯстон ба панҷгонаи беҳтарин шомил гардиданд.

Ғолибони озмун бо Диплом, медал, туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмун қадршиносӣ карда шуда, иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонда шуданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш