Баъди соҳиб гаштан ба истиқлоли комил дар Тоҷикистони азизи мо таваҷҷуҳ ба анъанаҳои миллӣ аз тарафи роҳбарияти кишвар бештар шуд ва дар муддати кӯтоҳ як қатор анъанаю суннатҳо ва идҳои миллӣ эҳё гаштанд.
Дар ин раванд бо ташаббуси Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳувият ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» Пешвои миллат дар сатҳи баланд собит карданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад. Фарзандони баномус ва бузургаш ҳар куҷое умр ба сар бурдаанд, исми шарифи хешро дар паҳнои таърих ҷовид гардонданд ва офаридаҳояшон барои башарият хизмат намуд. Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, мудом даъват ва таъкид мекунанд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Маҳз тавассути асарҳо ва ташаббусҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё мегарданду аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта мешаванд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ: Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Асоси сарчашмаи худшиносии миллиро омӯхтан, гузаштаи ниёгон, арҷгузорӣ ба истиқлолияти миллӣ ва ваҳдату дӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба нишонаҳои давлати миллӣ, пайгирӣ аз сиёсати давлатӣ ташкил медиҳад. Барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва бедории миллӣ бо ташаббуси Сарвари кишвар «680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (1995), «675-солагии адиби оламшумули тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ» (1996), «960-солагии Умари Хайём» (2000), «1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ» (2003), «80- солагии таъсиси пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе» (2001), «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), «1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» (2008) ҷашн гирифта шуданд, ки аз маърифати болои халқи тоҷик дарак медиҳад.
Ҳанӯз соли 1999 аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили «1100-солгагии таъсисёбии нахустин давлати тоҷикон - Сомониён» пешниҳод гардидаву дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуда буд. Давлати Сомониён аввалин шакли давлатдории тоҷикон аст, ки он дар роҳи ташкили ҳукумати мутамаркази қавӣ, вусъати марзи давлати тоҷикон, раҳоии мамлакат аз фармонравоии хилофати араб, таъмини сулҳу оромӣ, ба мақсадҳои асосӣ равона карда тавонистани қувваи халқи тоҷик мақоми муҳими таърихӣ бозидааст. Дар замони салтанати амир Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (875-907) давлати Сомониён мутамарказ шуда, ба давлати пуриқтидор табдил меёбад. Дар замони Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул шуда, бо ин забон дар назм ва наср осори адабии пурқимате ба вуҷуд омада, асоси адабиёти классикии тоҷику форс гузошта мешавад. Осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, ҳамасрони онҳо осори мансури асри X — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, тарҷумаи “Таърихи Табарӣ”-и Балъамӣ, «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди Балхӣ, «Ҳидоят-ул-мутааллимин»-и Ахавайни Бухороӣ, «Худуд-ул-олам» ва ғайра инъикосгари боигарии забони адабии тоҷик ва адабиёти ғании замони Сомониён, шаҳодати маданияти баланди давраи Сомонӣ мебошад. Дар муваффақиятҳои адабии асрҳои 1Х-Х ва умуман, ифтихороти адабиёти классикии тоҷику форс мавқеи Сомониён хеле бузург аст.
Дар мамлакат соли 2002 “2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан” ҷашн гирифта шуд. Моҳи июни соли мазкур (2002) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни “2700 - солагии шаҳри Кӯлоб” ба тасвиб расид. Қарори мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.
Чи тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». 1-уми марти соли 2012, таҳти №70 «Дар бораи баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор» қарор қабул карда шуд. Қалъаи Ҳисор яке аз ҳашт ёдгории таърихие мебошад, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Моҳи октябри соли 2015 3000-солагии шаҳри Ҳисор ҷашн гирифта шуд.
Дар ҳақиқат, ҳар як халқият шахсиятҳои барҷастае дорад, ки дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии миллати худ саҳми бузург мегузоранд.
Дар маҷмӯъ, хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳоянд:
Фароҳам овардани фазои муътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи бемайлони он, ҷонибдории арзишҳои демократии бо фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мувофиқ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон, матбуот, таҳаммулгароӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳиятҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо, институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифротгароидошта, нигаҳдории усули дунявӣ будани давлат, равобит бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз, пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ, давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшваӣ ба ҷомеаи технологӣ, ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он.
Имрӯз тоҷикон мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда, дар ҷодаи ҷаҳонишавӣ гомҳои устувор ниҳодаанд. Тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд. Парчами Тоҷикистон дар пештоқи ниҳод ва созмонҳои бузурги минтақавиву байналмилалӣ афрошта шуда, паёми дӯстиву ҳамкории миллати тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон интишор медиҳад. Ин ҳама сарфарозиҳо орзую ормони деринтизори мардуми тоҷик буд, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониён дар тӯли беш аз ҳазор сол онро дар замири қалби худ мепарварид.
Фарҳод РОЗИҚОВ,
дотсенти ДМТ,
Рухшона
МУРОДАЛИЕВА,
магистранти ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр