Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии лафзи равону шаҳдрез

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар тайёр намудани кадрҳои донишвару варзида таҷрибаи бойи навадсола дорад ва дар ин ҷода баҳри пешбурди илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бориз мегузорад. Имсол таҷлили ҷашнвораи шогирдони номвари муассиса, аз ҷумла, навадсолагии адиби маъруф Файзулло Ансорӣ ва олими шинохта Шарофиддин Рустамов, ҳаштодсолагии шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ дар назар аст.

Мехоҳем чанд сухан дар бораи доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарофиддин Рустамов иброз намоем. Ин олими барҷаста 1 майи соли 1931 дар деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент чашм ба дунё кушодааст. Мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм намуда, соли 1946 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил мегардад.

Новобаста аз он ки пас аз ба итмом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ вазнин буд, дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ҷавонон комилан ба дарсомӯзиву тақвияти дониши худ дода шуда буданд. Устодон низ бо меҳнати софдилонаи худ аз пайи таълиму тарбияи шогирдон буданд. Ва ҳамин заҳматҳои устодони соҳибмаърифат буд, ки таҳсил дар омӯзишгоҳро беҳтарин ва арзандатарин шогирдон мақбул донистанд ва аксар муваффақ ҳам гаштанд.

            Профессор Ш. Рустамов аз қатори чунин шогирдони комёб қарор дошт. Ӯ солҳои донишҷӯӣ дар омӯзишгоҳро давраи камолоти маънавии хеш меҳисобид. Чун касе роҷеъ ба замони таҳсил дар омӯзишгоҳ аз ӯ пурсон мешуд, профессор бо хушнудиву ифтихор аз устодону ҳамсабақон нақл мекард. Номи Шарифзодаро ҳамчун устоди варзида ба забон меовард: «Ман орзу доштам, ки муаллим шавам. Ба ин ният омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва Институти педагогии шаҳри Душанберо хатм намуда, ба касби муаллимӣ пардохтам. Завқи маро ба адабиёт муаллими омӯзишгоҳ Абдуҷаббор Шарифзодаи исфарагӣ, профессор Холиқ Мирзозода, шоир Файзулло Ансорӣ ва ба забоншиносӣ Носирҷон Маъсумӣ бедор карданд.»

            Ш. Рустамов пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1954 ба шаҳри бостонии Панҷакент бармегардад ва то соли 1961 дар вазифаҳои гуногун ва пурмасъул, аз қабили муаллим, директори мактаб, мудири шуъбаи маданият, муҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти нав» - и Колхозчиён ва котиби Кумитаи Иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Панҷакент фаъолият намудааст.

Дар баробари кор дар вазифаҳои номбурда Ш. Рустамов ба пажӯҳиш ва ковишҳои илмӣ  машғул буд ва мақолаҳои хешро дар рӯзномаву маҷаллаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ба нашр мерасонид. Ҳамин ҷусторҳо буд, ки соли 1961 ӯ ба шаҳри Душанбе рӯ овард. Чеҳраҳои намоёни забоншиносии тоҷик Н.Маъсумӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, А. Баҳоуддинов ва дигарон ба рӯйи олими ҷавон дари ҷаҳони илмро боз намуданд.

Ҳамин тариқ, Ш. Рустамов дар шуъбаи забони адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ РСС Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор оғоз карда, то ба вазифаи мудири ҳамин шуъба расидааст.

(Давом дорад)

 

Ҷовид Холов,

директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш