Нашрияи Омӯзгор

Посдори лафзи модар буд ӯ

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 855        Шарҳ: 0

 

Имсол аз зодрӯзи олими шаҳир, забоншиноси варзида Шарофиддин Рустамов 90 сол пурра мегардад ва 14 сол аст, ки ӯ бо мо нест, бо вуҷуди ин, осору афкори ӯ то ҳол ҳокими маҳфилҳо ва бурҳони қотеи мубоҳисаҳои илмии соҳа аст. Зиҳӣ, марде, ки афкору ороъ ва таълимоташ мондагор аст!

Шарофиддин Рустамов 1-уми майи соли 1931 дар оилаи деҳқон, дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа ва таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (с. 1949) ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1954 бомуваффақият хатм менамояд. Фаъолияти кории ӯ пас аз хатми донишгоҳ оғоз гардидааст. Шарофиддин Рустамов ҳафт сол (солҳои 1954–1961) дар вазифаҳои муаллим ва директори мактаби миёна, мудири шуъбаи маданият, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, котиби комитети иҷроияи шаҳри Панҷакент фаъолият кардааст. Сипас, соли 1961 бо даъвати роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи аспирантураи ин ниҳоди илмӣ дохил гардида, соли 1964 рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Ҷумлаҳои мураккаб бо ҷумлаи пайрави сабаб дар забони адабии тоҷик” пеш аз муҳлат ҳимоя мекунад. Соли 1972 дар мавзӯи “Исм дар забони тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя менамояд ва соли 1975 созовори унвони профессорӣ мегардад. Ҳамчунин, соли 1987 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад. Фаъолияти ӯ аз соли 1965 то охири умр ҳамчун ходими илмӣ, мудири шуъбаи забон ва сарходими илмӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии ногусастанӣ дорад.

Профессор Ш. Рустамов дар тӯли фаъолияти илмии чиҳилсолаи худ оид ба паҳлуҳои мухталифи забоншиносӣ зиёда аз 200 таълифоти илмию методӣ, аз ҷумла, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмиву оммавӣ нашр намудааст. Асару мақолаҳои ӯ дар муайян намудани усулу қолабҳои калимасозии забони тоҷикӣ ва назарияи мукаммали ин соҳаи душвори забоншиносӣ саҳми бениҳоят калон доранд.

Рушду камоли забоншиносии тоҷик ва равияҳои нави тадқиқи забони тоҷикӣ бо номи ин олими шинохта марбут аст. Инчунин, ӯ яке аз муаллифони асосӣ ва муҳаррири масъули китоби дарсии “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик” (барои мактабҳои олӣ, 3 ҷилд) (1985, 1986, 1989) аст. Саҳми ӯ дар таҳияи лоиҳаи “Қонуни забони Тоҷикистон” (1989), Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ва Имлои забони тоҷикӣ (1998) низ калон аст. Аз ҷумлаи таълифоти ӯ, ки шуҳрати зиёд доранд, инҳо мебошанд: “Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо ҷумлаи пайрави сабаб” (1968), “Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм” (1972), “Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик” (1972), “Сарчашмаи файзбахши забони тоҷикӣ” (1977), “Забон ва замон” (1981), “Исм” (1981); “Мушкилоти синтаксис” (1989), “Мақоми забон” (1996), “Давлати Сомониён ва мақоми забони адабии тоҷик” (1999), “Каломи Лоиқ” (2003)...

Профессор Шарофиддин Рустамов дар қатори олимони дигар дар бахши маданияти сухан ва масъалаҳои иҷтимоии забони тоҷикӣ корҳои шоистае кардааст. Саҳми устод дар ҳалли мушкилоти забон ва ҷомеа ба монанди нақши забони адабӣ ҳамчун рукни асосии шинохти миллат, сиёсати забонӣ ва масъалаҳои дастурии забони адабии муосири тоҷик хеле назаррас аст. Оид ба таълимоти забон ва миллат, ки солҳои тӯлонӣ диққати гурӯҳи муҳаққиқони соҳаро ҷалб намуда буд, Ш. Рустамов низ дар асари хеш “Забон ва замон” фасли алоҳидаеро ҷудо намудааст. Дар қисми дувуми асари мазкур, ки “Забони адабӣ дар замони сотсиализм” ном дорад, забоншинос дар қатори масъалаҳои баррасишаванда чор масъалаи муҳимро мавриди баҳс қарор медиҳад, ки инҳо “Асос ва аломатҳои забони адабӣ”, “Давраи нави инкишофи забони адабӣ”, “Забони миллии тоҷик” ва “Сарчашмаи файзбахш” мебошанд. Мавзӯъҳои таҳқиқшаванда дар миёнаҳои асри гузашта таваҷҷуҳи забоншиносонро ҷалб намуда, мавриди баҳсҳои ҷиддӣ қарор гирифта буданд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти забоншиносии устод Рустамов пажӯҳиши забон ва услуби як қатор адибони номии ҳамзамони худ – Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқ дар мақолаи “Ҳусни каломи Лоиқ” паҳлуҳои гуногуни забону услуби шоирро мавриди таҳлил қарор додааст. Ҳамчунин, андешаҳои забоншиносии устод Айниро дар мақолаи “Сабақҳои Айнӣ” доир ба забон мавриди муҳокима қарор дода, зимни он андешаҳои роҳбурдии худро ба тариқи зайл баён кардааст: “Садриддин Айнӣ риояи қоидаҳои забонро аз ҳама соҳибқаламон сахт талаб менамуд ва таъкид карда буд, ки навиштаҳои мо савияи забонӣ ва маданияти суханамон бояд ба ҳақиқати воқеии замон ва талаботи рӯзафзуни он мувофиқ бошад. Бузургон ва хирадмандони илму адаб забонро ба миллату модар ва ватан дар як қатор гузошта ҳимоя кардан, тозаву покиза нигоҳ доштан ва инкишоф додани онро вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди фозили он донистаанд. Садриддин Айнӣ ҳамчун фарзанди сазовори халқи тоҷик ин вазифаи пуршарафи худро дар муҳимтарин марҳилаи таърихӣ сарбаландона ба ҷо овард ва ба наслҳои оянда дастурҳои пурарзиш гузошт, ки ба амал татбиқ намудани онҳо вазифаи аҳли илму адаб мебошад”.

Профессор Шарофиддин Рустамов аз ҷумлаи муҳаққиқони сермаҳсул ва ҳирфаие маҳсуб мешавад, ки табиати забони тоҷикиро хуб дарку эҳсос менамуданд. Устод бо ақлу заковати волои забондонӣ ва андешапардозӣ гиреҳи муаммоҳои мушкили забоншиносии тоҷик ва бахусус, калимасозиро матраҳ намудааст. Омӯзиши паҳлуҳои гуногуни калимасозии забони адабии ҳозираи тоҷик дар мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии муҳаққиқ қарор дошта, ӯ кӯшидааст хулосаҳояшро қаблан дар шакли мақолаҳои алоҳида: “Таркиби морфологӣ ва калимасозии исм” (1969), “Мулоҳизаҳо дар хусуси калимаи “гоҳ” (1969), “Ба исм гузаштани феъл” (1970), “Калимасозии факки изофат” (1971), “Оид ба калимасозӣ ва ҳусни сухан” (1971), “Як навъи исмҳои мураккаб” (1971), “Як усули васлшавии калимаҳо” пасон ҳамчун рисола бо номи “Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик” (1972) пешкаши ҳаводорони забоншиносӣ намояд. Рисолаи “Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик” (1972) асосан аз шаш бахш фароҳам омада, доир ба усулҳои калимасозии исм, таркиби морфологии исм, таҳлили калимасозӣ, омоморфемаҳои калимасоз, калимасозии исмҳои мураккаби тобеъ ва калимасозии исмҳои мураккаби омехта сухан меравад. Рисолаи мазкур дар замони таълифаш аз нодиртарин дастовардҳои соҳаи калимасозии забоншиносии тоҷик буда, “собит менамояд, ки дар калимасозӣ табиати забони тоҷикӣ, равониву оҳангдории он комилан зоҳир шуда меистад ва ҳар ҷо, ки ин равонӣ ҳис карда намешавад, яқинан кадоме аз қоидаҳо риоя нашудааст”.

Соли 1988 маҷмӯи нави мақолаҳои ин олими нуктасанҷ таҳти унвони “Мушкилоти синтаксис” аз чоп мебарояд. Дар ин маҷмӯа мақолаҳое фароҳам омадааст, ки таҳқиқу баррасии масоили умдатарин ва баҳсталаби грамматикаи забони адабии тоҷикиро фаро мегиранд. Маҷмӯаи мазкур сӣ мақолаи алоҳидаро дар бар гирифта, ба роҳҳои ҳалли мушкилоти ибора, ҷумлаи сода ва мураккаб бахшида шудааст. Муаллиф дар сарсухани маҷмӯа зикр менамояд, ки “Мо дар ин китоб муаммоҳои синтаксис, масъалаҳои мубоҳисавии ин қисми хеле муҳими грамматикаро мавриди баҳси илмӣ қарор додем. Дар таҳлилу тадқиқ бо устодон, ҳамкорон, ҳамкасбон ва шогирдони худ гоҳо мубоҳиса намудем ва онҳоро низ ба баҳси илмӣ даъват менамоем”. Ин суханҳои муҳаққиқи дурандеш гувоҳи онанд, ки ӯ зодаи баҳс будани ҳақиқатро эътироф дорад.

Нахустмақолаи маҷмӯаи “Мушкилоти синтаксис “Мувофиқати хабар бо мубтадо” унвон дошта ба ду қисм ҷудо карда шудааст. Муаллиф қайд намудааст, ки “мувофиқати хабар бо мубтадо аз масъалаҳои муҳим ва мураккаби забони тоҷикӣ буда, дар ин хусус то ҳол ягон кори ҷиддии илмӣ чоп нашудааст”. Ҳамин тавр, дар ҳар мақола мақсади таълифи онро возеҳ баён намуда, пас аз баррасии масъала дар охир бо хулосаҳои мушаххас натиҷагирӣ намудааст. Қобили зикр аст, ки то имрӯз ин маҷмӯа арзиши илмияшро аз даст надода, баръакс, қимати илмиаш меафзояд.

Фаъолияти забоншиносӣ ва омӯзгории профессор Шарофиддин Рустамов баробар ҷараён гирифта, якдигарро такмил додаанд. Ӯ аз соли 1967 яке аз муаллифони китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои мактабҳои миёна ва аз соли 1970 яке аз муаллифон ва роҳбару муҳаррири ҳар ду қисми “Забони адабии ҳозираи тоҷик” барои мактабҳои олӣ мебошад. Ҳамзамон, солҳои 1975–1985 ҳамчун муаллими ҳамкор дар кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият кардааст.

Хизматҳои Шарофиддин Рустамов дар самти рушду камоли забони тоҷикӣ ва забоншиносии тоҷик бо унвонҳои Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001) ва бо медалҳои “Барои меҳнати шоён”; (Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин), “Ветерани меҳнат”, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон...

Қайд кардан ҷоиз аст, ки устоди зиндаёд, забоншиноси маъруф, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шарофиддин Рустамов умри бобаракати хешро сарфи таҳқиқи масъалаҳои забони адабии тоҷик намуда, ба хулосае омадааст, ки “илми забон мисли худи забон таърихи қадим дорад, чунки муҳит ва омилҳои ташаккули забони адабӣ дорои заминаи устувори илмианд, аҳли илм забони адабиро меъёрӣ номидаанд”.

 

И.Сулаймонов,

мудири кафедраи

назария ва амалияи

забоншиносии ДДОТ

ба номи С. Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

А.Мирбобоев, 

номзади илмҳои

филологӣ, дотсент,

Б.Раҳмонов,

номзади илмҳои филологӣ, Ш.Юсуфов,

муаллими калон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш