Нашрияи Омӯзгор

Маърифати экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир истифодаи зиёди захираҳои табиӣ, афзудани партовҳои саноатӣ, истифодаи ҳаматарафаи замин, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ғайра на фақат ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба коҳиш ёфтани мувозинати экологии биосфера боис гардидааст.

Иллати дигари коҳиш ёфтани вазъи экологии сайёра он аст, ки қисми зиёди аҳолӣ аз экология ва муҳити зист, қонуниятҳои ҳамзистии мавҷудоти зинда ва аз маърифату фарҳангии экологӣ хуб бурхӯрдор нестанд.

Ҳадафи асосии таълиму тарбияи экологӣ аз он иборат аст, ки хонандаро ба омӯзиши масъалаҳои муҳимми экологӣ ҷалб намуда, дар ботини ӯ меҳру муҳаббатро нисбат ба олами набототу ҳайвонот, обу хок, ҳавою табиати зебо бипарварад. Бузургтарин дахолати инсон ба экосистемаи табиӣ аз рушди саноатикунонӣ оғоз ёфт. Дар аввал шахс дар бораи он фикр намекард, ки амалҳои ӯ ба олами атроф зарар расонда наметавонанд, аммо дар асри XX ин масъала ранги дигар гирифт; пайдошавии бемориҳои гуногун, тағийрёбии иқлим, норасоии маводи ғизо ва ғ.

Таълими экологӣ қисми таркибии тарбияи ахлоқӣ мебошад. Ҳадафи тарбияи экологӣ барои кӯдакони томактабӣ ташаккул додани муносибати илмӣ-маърифатӣ, эмотсионалӣ-ахлоқӣ, амалӣ-фаъолият ба муҳити атроф ва саломатии онҳо мебошад.  Кӯдак бояд муносибати дурустро ба муҳит бидонад. Барои ин, дар муассисаи томактабӣ раванди корро оид ба тарбияи экологӣ боз ҳам дурусттар ба роҳ мондан зарур аст. Масъулин бояд «Барномаи таълим ва тарбия дар боғча»-ро таҳия намоянд. Хуб мешуд, ки ин барнома дар се самт сурат гирад:

• Ташаккули ғояҳо дар бораи табиат;

• Ташаккули муносибат ба табиат;

• Ташаккули қобилияти иртибот бо ашёи табиӣ.

Таълими экологии кӯдакони томактабӣ бо истифода аз шаклу усулҳои гуногуни таълим вобаста ба синну сол амалӣ карда шавад:

1. Фаъолиятҳои мустақиман ташкилшуда: шиносоӣ бо табиат, ташаккули тасаввурот дар бораи падидаҳои табиӣ, тағийрёбии он, дар бораи фаъолият дар табиат, дар бораи муносибат ба бойигарии табиат, дар бораи нақши инсон дар он, ташаккули кунҷковӣ дар кӯдакон, шавқи маърифатӣ ва фаъолияти ҷустуҷӯӣ.

2. Лаҳзаҳои реҷавӣ: машқҳои бозӣ, тадқиқот, мушоҳидаҳо, бозиҳои таълимӣ, экскурсия, бозии озмоишӣ, фаъолиятҳои илмӣ, меҳнат дар табиат.

3. Фаъолияти муштараки мураббия бо кӯдакон: дарсҳои хурд, озмоиш, бозиҳои дидактикӣ, бозии нақшӣ, ҳикоя, мушоҳида, экскурсия, пиёдагардӣ, меҳнат дар табиат, мутолиаи адабиёти бадеӣ ва илмӣ.

4. Фаъолияти мустақилонаи кӯдакон: баррасӣ, мушоҳида, бозиҳо (таълимӣ, озмоишӣ); сохтани ягон мавод.

5. Фаъолиятҳои муштарак бо оила: тадқиқот, саволномаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, машваратҳо, истироҳат, гаштугузори мақсаднок.

Ҳамзамон, барои боз ҳам пурзӯр намудани ташаккули ғояҳои экологӣ нақшаҳои дарозмуддат оид ба ташаккули ғояҳои экологии кӯдакон барои гурӯҳҳои хурдсол, миёна, калон ва омодагӣ ба синни мактабӣ бояд таҳия карда шаванд. Корро оид ба ташаккули ғояҳои экологӣ дар байни кӯдакони томактабӣ бо ёрии падару модарон ташкил намудан мувофиқи мақсад аст. Вобаста ба имконият:

• Дар қаламрави боғча шинондану парвариши дарахтон ва буттаю гулҳои гуногунро ташкил кунанд.

• Минтақаҳои сабзро бо айвонҳои сайругашт ва таҷҳизоти бозӣ, ки дар он мушоҳидаҳо, меҳнат ва бозиҳо гузаронида шаванд, бояд гурӯҳбандӣ кард.

• Таҳияи гӯшаи «Гулҳои зинда» дар тарбияи эстетикии тарбиятгирандагон ва нигоҳубини растаниҳо аҳамияти калон доранд.

• Дар ҳудуди боғча як гӯшаи ҷангал барои мушоҳида истифода шавад.

• Гӯшаҳои озмоишӣ бояд бо мақсади ташаккули кунҷковӣ, шавқи маърифатӣ ва фаъолияти ҷустуҷӯӣ дар кӯдакон таҳия шавад.

Ба туфайли кори мақсадноки кормандони соҳа оид ба тарбияи экологии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ натиҷаҳои зеринро ба даст овардан мумкин аст:

• Ташаккул додани ғояи умумии табиат, падидаҳои мавсимии он, олами набототу ҳайвонот ва нақши инсон дар табиат.

• Идора кардан ва тағйир додани ҷаҳонбинии кӯдакон ва калонсолон нисбат ба табиати атроф.

Чанд пешниҳод:

 1. Корҳои пайваста ба роҳ мондан дар ташаккули дониш ва ғояҳои экологӣ дар байни кӯдакон.

2. Идомаи корҳои экологӣ ва солимгардонӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ.

3. Ғанисозӣ ва пур кардани муҳити экологӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ.

4. Робита ва муттасилии кори муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабҳои ибтидоӣ.

5. Тарғиби фарҳанги экологӣ дар байни волидон.

 

 Акобир КАРИМЗОДА,

 доктори илмҳои биология,

 декани факултаи биологияи ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш