Нашрияи Омӯзгор

Марзбони нангу номус

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Замон гоҳе дар арсаи таърих чеҳраҳои номоваре меофарад, ки тамоми вуҷудашон бо виқору ғурури миллӣ бунёд ёфтааст. Ин афрод чун чароғи нурафкан ба атрофу акноф рӯшноӣ тақдим дошта, ба манзалаи бонги ҳушёрӣ ва зангӯлаи бедорӣ дар нигоҳдошти илму фарҳанги миллат аз хеш осори гаронарзише ба ёдгор мегузоранд. Ворастагӣ ва ҳувияти онон ба ҳамзамонон ва бозояндагон намунаи олии дарси хештаншиносӣ ва камоли сабақомӯзист.

Устоди фақид Сотим Улуғзода низ аз сулолаи он нодирмардони даврони мост, ки бо эҷоди офаридаҳои бадеиву таърихии хеш дар тарбияти ватандориву меҳанпарастии мо нақши муассир ва судманд  гузошт. Таърихи тоҷикон ниҳоят кам меҳрубонӣ дида бошад ҳам, аммо дар посдориву гиромидошти марзу хоки Ватан, арзишҳои моддиву маънавии он фарзандони бо нангу ораш аз худ ҷоннисорӣ ва қаҳрамониҳои нотакрор нишон додаанд.

Сотим  Улуғзода аз адибони соҳибназари даврони Шӯравӣ ба шумор мерафт, ки кулли нигоштаҳои ӯ ба мавзӯи Ватан ва ифтихороти миллӣ ихтисос ёфтааст. Ин адиби меҳанпараст дар зинда нигоҳ доштани номи фарзандони боиззати миллат қофиласолори шеъри Аҷам, устод Рӯдакӣ, ҳамосасарои бузург Фирдавсии Тӯсӣ, ҳакими ҳамадон Ибни Сино, Темурмалики фидокор, Аҳмади Дониши маорифпарвар ва Восеи диловар осори қобили тааммул ва ҷовидонӣ офарид. Ғояти таассуф он аст, ки тақдири муаллиф бо сарнавишти симоҳои офаридааш ҳамоҳанг омадааст. Ҷои он дорад, ки ба рағми он ҳама носозгориҳои муҳит ва борони ғаму андуҳи ба сараш рехта қалами сабзи афкораш ҳамрозу ҳамнафаси рӯзгори адиб будааст ва ғолибан ӯро дар шоҳроҳи арҷгузорӣ ба бузургони пешини диёр қадам ба қадам муҳибу қарин гардонидааст.

Қиссаи таърихии “Ривояти суғдӣ” дар мавзӯи ҷовидонии ватандӯстӣ иншо гардида, моро ба сайри айёми пурошӯби истилои араб меандозад. Китоб ҳаҷман бисёр набошад ҳам, доманаи мазмуни он фарох ва пурмуҳтавост. Нигорандаи он бо баҳрабардорӣ аз мадраку санадҳои боэътимод ин қиссаро навишта, матонату ҷасорати суғдиёнро алайҳи ғосибони араб ба тасвир кашидааст. Мутолиаи китоб агар, аз як сӯ, хонандаро аз расму таомул, оини шаҳрдорӣ ва шеваи давлатдории ниёгон ошно кунад, аз дигар сӯ, муҳфизони садоқатпешаи ватанпарастро пешорӯи мо ба намоиш мегузорад, ки ба муқобили аҷнабиён бо қасди ҳифзи марзу буми кишвар ҷонбозӣ ва истодагарӣ намудаанд.Виркан дар офаридаи адиб ҷавони паҳлавону нотарс ва озодихоҳу ватандӯст буда, дар роҳи  ба даст овардани пирӯзӣ талош меварзад. Дар асорат низ ифодаи интиқом аз душман ӯро ором нагузошта, бо аз байн бардоштани Саид ибни Усмон, ки сабабгори ба асирӣ гирифтор шудани Виркан  ва ашрофзодагони суғдӣ буд, интиқоми худу ҳаммеҳанонашро аз ӯ гирифтанд.

Рисолаи “Пири ҳакимони Машриқзамин” аз баргузидатарин таълифоти ин устоди покниҳод ба шумор меояд, ки дар он аз рӯзгору аҳвол ва осори газанднописанди Пури Сино ҳикоят мекунад. Нависандаи таърихнигор дар қисмати “Воқеаҳои сиёсии охири асри Х”, ки Ибни Сино низ шоҳиди ин ҳама воқеаҳои нохостаи замон буд, аз шукӯҳу шаҳомат ва таназзули давлатдории Оли Сомон сухан ба миён меорад. Адиби тавоно бо андуҳи сангин заволи давлати Сомониёнро фоҷиаи бузурги миллӣ хонда, дар зимн ба чунин натиҷа расидааст: “Давлатҳо империяҳо низ ҳамчун  организмҳои зинда як зистан доранду як мурдан. Таърих ҳукми маҳвияти онҳоро, ки баровард, ҳаракати аз нав зинда гардонидани онҳо, ҳар қадар қаҳрамононаву устуворона бошад ҳам, маҳкуми бесамарист”.

“Шоҳнома” - и  безаволро ба наср баргардонидан аз шоҳкориҳои нависандаи асил аст. Танҳо азхудгузаштае ба ин кори савоб даст мезанад, ки ишқу алоқаи вофир ба Ватану миллат дошта бошад. Ин фархундагӣ ба Улуғзодаи азиз мушарраф гашт. Тавлиди романи “Фирдавсӣ”, ки ба қалами сеҳрофарини устод Улуғзода тааллуқ дорад, бозгӯкунандаи ҳаёти пуршебу фарози сарояндаи ҳамосаи миллист. Бардошт аз ин романи хонданӣ ҳар фарди соҳибандешаро дар шинохти Ватану миллати хеш, огаҳӣ пайдо кардан аз арзишҳои маънавии гузаштагон ва пос доштани чеҳраҳои мондагори таърихӣ раҳнамоӣ мекунад. Бидуни тардид соҳиби ин роман моро аз асолату фазилат, фикрату фитрати пешиниён огоҳонида, ба ин шева ҳувияту ҳайсияти моро қавӣ намудан мехоҳад, то дар бозёфти зиндагии осоишта кӯшо бошем ва ба ҳеҷ гоҳ ба саҳву хатое роҳ надиҳем.

Сотим Улуғзода бо офаридани романи таърихии “Восеъ”, ки миёни нигоштаҳояш ҷойгоҳи хосро соҳиб аст, донишу фаҳми моро бо ибратгирӣ аз сарнавишти шахсиятҳои таърихӣ такмилу тақвият мебахшад. Ҳақиқати воқеӣ он аст, ки адиб муборизаҳои адолатхоҳонаи Восеи ҳақталошро бо камоли тамомӣ ба маърази тасвир кашидааст.

Рисолаи “Аллома Аҳмади Дониш” кӯшише барои ифшо сохтани наҳзати маорифпарваронаи Аҳмади Дониши Бухороӣ дар даврони таназзулёбии ҷомеаи феодалӣ аст, ки дар он замон шӯру ангезае дар ҳалқаи аҳли савод гузошта буд. Ин инқилоби маънавӣ дар шароити таассуби динӣ, ки равшанфикрон аз он ба хубӣ истиқбол намудаанд, дар ин навиштаи илмӣ пурра инъикос ёфтааст.

Ғунҷоиши мухтасар имкони онро надорад, ки осори таърихии бузургвор Улуғзода ба таври густурда таҳрир ва таҳқиқ шавад. Ҳамин қадар метавон афзуд, ки афкори ватандӯстонаи адиб мояи ифтихор ва сазовор ба пайравӣ намудан аз он ганҷинаи шойгон аст. Хосатан дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши ақидаҳои солиму созанда моро беш аз пеш ниёзманд мекунад, ки раҳоӣ ёфтан аз бархӯрду хатарҳои эҳтимолӣ ба мо саргузашти аз ҷабри таърих кашидаи гузаштагонамон ва осори бузургони миллатамон ба ҳукми ибрат бошад.

Адиби миллатпарасти маҳбуб устод Улуғзода тимсоли ватандӯсти асилу ватандори воқеӣ, марзбони  нангу номус ва парчамбардори таъриху фарҳанги миллат дар ҳавзаи илму адаби адабиёти муосир нақши босазое бар ҷой ниҳод, ки бо таълифоти таърихии хеш қалбу зеҳни ҳар яки моро дар роҳи ватандӯстӣ ва худогоҳӣ музайян нигоҳ медорад. Гӯшзади ин нукта муҳим аст, ки мебояд насли имрӯзу фардои миллат аз офаридаҳои сабақомӯзи ин пири хирад ҳамвора баҳрабардорӣ кунанд. 

Хайём Ҷӯраев,

номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш