Нашрияи Омӯзгор

Нахустзинаи омӯзишу парвариш

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Оила масъулияти зиёд ба дӯш дорад. Он муҳимтарин воситаи тарбияи шоистаи насли наврас буда, кӯдаконро тадриҷан ба ҳаёт ва ба фаъолияти мустақилона тайёр мекунад. Мақсадҳои муҳиме, ки ҷамъият дар назди мактаб гузоштааст,  пеш аз ҳама, ба оила ва сатҳи тарбия дар он вобаста мебошанд.

Оила бояд ташкили оқилонаи ҳаёти кӯдакро таъмин созад, ёрӣ расонад, ки ӯ таҷрибаҳои мусбату муфиди насли калонсолро аз худ карда, дар фаъолият, одат ва муносибат соҳиби таҷрибаҳои муфид гардад. 

Дар санадҳои соҳаи маориф ва дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» асоситарин вазифаҳои падару модарон қайд карда шудааст: оила бояд шароити  зарурие ба вуҷуд оварад, ки бачагон сари вақт дорои маълумоти миёна гашта, ба ин ё он касбу кор тайёр шаванд; бачагонро бо рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намояд; онҳоро ба малакаҳои  меҳнатӣ одат кунонида, ба моликияти ҷамъиятӣ эҳтиёткор буданро ёд диҳад; нисбат ба саломатии кӯдак ҳамеша ғамхор бошад; барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳаматарафа инкишоф ёфтани ӯ тамоми шароитро муҳайё созад; ташаббусҳои аввалини кӯдакро дастгирӣ намояд.

Маҳз дар оила зери таъсири тамоми хусусиятҳои ҳаёти оилавӣ нахустин нишонаҳои равиши маънавию ҷамъиятӣ, майлу рағбату ҷанбаи психологии насли наврас ташаккул меёбад. Ҳамин аст, ки бачагон аз рӯи марому мақсади худ, кӯшишу  муносибатҳои  нисбат ба одамон доштани  худ, пеш аз ҳама, хислатҳои падару модаронашонро такрор мекунанд. Хулқу атвор ва рафтори шоистаи калонсолон дар оила ба рушди ахлоқии кӯдак ҳамеша ёрӣ мерасонад.

Дар инкишофи талаботи маънавӣ ва майлу рағбатҳои бачагон низ нақши оила бузург аст. Муносибатҳои ҳаррӯзаи ошкорои калонсолону бачагон барои азхудшавии омилҳои маънавӣ имкониятҳои хубе ба вуҷуд меоранд. Хулқу атвор, психологияи донистану омӯхтани падару модарон имкон медиҳад, ки онҳо майлу рағбатҳои фардии ворисонашонро аз оғоз  ошкор намуда, барои истеъдоду маҳорати худро инкишоф додан ба онҳо ёрӣ расонанд. Дар хона бачагон баробари донишу маҳорат ва малакаҳои дар мактаб азхудкардаашонро мустаҳкам намудан дорои таҷрибаҳои мустақилонаи корҳои фикрӣ мегарданд. Китобу маҷалла ва рӯзномаҳои аз китобхонаи хонагӣ дастрас намудаи онҳо, гӯш кардани барномаҳои радиову телевизион ҳамсафари доимии мактаббачча дар оила буда, хираду ҳисси кӯдакро ғанӣ мекунанду боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии ӯ мегарданд.

 

Сабоҳат Одинаева,

ҷонишини директори МИММСҶ

ба номи М. Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш