Нашрияи Омӯзгор

Гирифтори сухан

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 886        Шарҳ: 0

 

Китоби «Ҳамеша-баҳор»-и Хайрандеш  маҷмӯаест, ки тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд (соли 2020) ба чоп расидаву  фарогири 191 ғазали тозаву тар ва дорои маъниҳои баланд аст.

Ашъори ин шоири ширинкалом дер боз дили хонандагони тоҷикро тасхир кардааст. Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин) аз зумраи суханваронест, ки дар замони истиқлол бо дасту дили гарм ба коргоҳи сухан ворид шуда, баҳри имрӯзиёну фардоиён шеър мегӯяд. Ба ақидаи Муҳаммадалии Аҷамӣ, «Дастёбӣ ба шеъри асил аз тариқи тасвирҳои тоза ва таркибҳои равон ҳосил нахоҳад шуд. Балки аз тариқи андеша, он ҳам андешаи баланд сурат мегирад». Оре,  ҳунар ва  тавоноии андешаи шоир аст, ки дар вуҷуди калимот таҳаввулоти тозаро ба бор меорад. Ин аст, ки  муҳимтарин омил дар шеъри асил ва шеъри баланд инқилоби андеша ва инқилоби тафаккури  шоир  аст. Маҳз ҳамин рисолати  шоириро устод Хайрандеш дар ғазали аввали китоби «Ҳамешабаҳор» чунин ба қалам гирифтааст:

Эй гирифторон, гирифторам, гирифтори сухан,

Пуди худро бофтам як умр бо тори сухан.

Олам аз бекор безор аст, то коре кунам,

Корҳо душвор шуд, душвортар кори сухан…

З-осмонҳо бар замин омад фурӯ наззораам,

Қоматам хам гашт охир дар таҳи бори сухан…

Шоир гирудорҳои рӯзгор, ноадолатию нобасомониҳои он  ва таҷоруби аз зиндагӣ бардошта, тазод ва гуногунрангиҳои  дунёи фониро, ки ҳар лаҳза ба  сари фарзандони одам  мусибатеро ба бор меоранд, чунин тасвир кардааст:

Чӣ бисёр аст айёру шаҳу дарвеш дар дунё,

Чӣ бисёр аст арзи синаҳои реш дар дунё.

Дуо кардам таги дарвозаи  девори гӯристон:

Намонад, кошкӣ, як одами бадкеш дар дунё.

Дар ин ғазал санъати тазод  барои  нишонрас шудани маънӣ ва ҳадафи шоир хуб истифода шудааст, ки байти аввали дар боло овардашуда ва  байти  зер гувоҳи ин даъвост:

Туро бегона хеш асту маро хеш аст бегона,

Надорам кор бо бегонаву бо хеш  дар дунё.

Устод Хайрандеш дар  сурудани  ғазал маҳорати хосса дорад. Дар ғазалҳои шоир  масъалаҳои худогоҳию  худшиносӣ ва  ахлоқӣ  ҷойгоҳи  шоиста доранд. Ғазали зер шоҳиди ин даъвост:

Пои дил бар дари донои Фаранг уфтодаст,

Кори ин  шишаи бечора ба санг  уфтодаст.

Ҷон ба ҷонон диҳаму  тан ба ғуломӣ надиҳам,

Дар миёни ману ӯ касрати  ҷанг уфтодаст…

Намаки умр, ки гандидаву заҳрогин аст,

Чун тавон дид, ки дар оина занг уфтодаст…

Дар байти аввали  ғазали  мавриди назар  таъсирпазирӣ аз Муҳаммад Иқбол дида мешавад, ки:

Биё, ки сози Фаранг аз наво  барафтодаст,

Даруни пардаи ӯ нағма нест, фарёд аст.

Аммо ин таъсирпазирӣ кӯр-кӯрона набуда, балки тозакориҳоро дар худ дорад. Ё ин ки дар байти зайли шоир  анфоси мубораки Мавлавӣ эҳсос мешавад, ки бо як маҳорати хосса суруда шудааст:

Маст Хайрандеш аз ҷому сабӯи Мавлавист,

Эй Ҷалолиддин, биё, Кӯлоб ҳам Рум мешавад.

Дар бархе аз ғазалҳои шоир розҳои номакшуфи зиндагӣ бо тобишҳои фалсафӣ обуранг пайдо намудаанд. Шоир огоҳона гӯшзад месозад, ки  асрори ин  олами фонӣ ва он олами боқӣ барои мо, инсонҳо, номафҳум аст. Ин олам чунон сохта шудааст, ки ҳамеша мо-инсонҳоро осуда намегузорад ва ҳамчун як бори гарон бар дӯши мо қарор дорад. Аммо ҷои нигаронӣ аст, ки як зумра ҳамеша бо роҳат зиндагӣ доранду гурӯҳи дигар бо азият умр ба сар мебаранд. Гӯё  давлати дунё дар дидани  соҳибназарон  кӯр аст:

Пушти  ин парда чӣ асрор ниҳон аст,

Пушти ин парда сад асрори ҷаҳон аст.

Пушти ин парда дусад пардаи дигар,

Пушти ҳар парда дусад пардадарон аст.

Дар ҷаҳон ҳеҷ кас осуданафас нест,

Зиндагӣ бар сари мо бори  гарон аст…

Устод Хайрандеш аз равзанаи тасвирҳо, аз даричаи ирфону маънавият чашми моро ба  уфуқҳои  рӯшантарини шеър ва андеша ошно месозад, ки байти зер шоҳид ба ин даъвост:

Роҳ соликро ба манзил мерасонад,

Чашмаро илҳом бар Нил  мерасонад.

Аз ҷудоиҳо манол, эй най, ки рӯзе

Мавҷ соҳилро ба соҳил мерасонад.

Дар ғазалҳои «Он  мӯр чӣ мӯр аст, Сикандар шуда бошад», «Вай-вай-вай-вай, чӣ турфа ҳур аст»… ба назар мерасад, ки такрори матолиб мусиқии шеърро дилнишину гӯшнавоз кардааст. Хонанда ҳангоми мутолиаи онҳо бидуни тардид, зери лаб замзамаи оҳанг мекунад:

Худоё, ин чӣ гап, даркору нодаркор механдам,

Худоё, ин чӣ гап, даркору нодаркор мегирям.

Мани пазмонпарешонро ба ҳоли хештан монед,

Замоне талх механдам, замоне зор мегирям.

Фақат бирёну бирёнам, фақат гирёну гирёнам,

Ба шаб ҳангоми хуфтан, рӯз вақти кор мегирям.

Шоир худогоҳона ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад ва  гиромидошти онҳоро  ҷоиз медонад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии миллати мост, ки он  ҳофизаи  таърихии ниёконамонро зинда медораду ҳувияти миллии моро  поянда. Шоир омадани  Наврӯзро бо суруру шодӣ ба ҳаммиллатон муборак мегӯяд:

Муборак сабзаву борон,

Муборак бод Наврӯзӣ!

Муборак шодии ёрон,

Муборак бод Наврӯзӣ!

Гиромидошти арзишҳои миллӣ  аз ҷанбаҳои дигари шеъри устод Хайрандеш  буда, аз самимияти гуфтораш гувоҳӣ медиҳад:

Об шуд қанди даҳонам аз наботи «Шашмақом»,

Бахшадам умри абад оби ҳаёти «Шашмақом».

Устод Хайрандеш донандаи хуби таркибу ибораҳоест, ки дар гӯишҳои мардумӣ роиҷанд. Таркибу ибораҳои мардумӣ бо чунин услуб корбурд шудаанд:

Хонда мулло мешавад гуфтем, мулло ҳам нашуд,

Ҷо ба боло мешавад гуфтем, боло ҳам нашуд.

Хайрандеш санъатҳои  бадеиро бо камоли маҳорат ва эҷодкорона мавриди истифода қарор медиҳад. Масалан:

Санъати  талмеҳ:

Дар замони Темуру  Искандару Чингизхон

Офати бисёр борад з-осмони ҷаҳлҷӯш.

Санъати таҷоҳули ориф аз саноеи нисбатан нодир буда, шоир зимни корбурди он андешаҳои худро тариқи танз иброз доштааст:

Монанди ман аз бад батаре ҳаст магар? Нест!

Номардтар аз ман дигаре ҳаст магар? Нест!

Аз феъли бад уфтодаам, оваҳ, ба хиҷолат,

Ҷуз ман ба сари ман хатаре ҳаст магар? Нест!

Арҷгузорӣ ба занону  бонувон аз рисолати мардони замон аст, ки дар ғазалиёти шоир зиёд дида мешавад, чунончи:

Зан роҳати дил, роҳати тан, роҳати ҷон аст,

Зан зиндагию зиндагиафрӯзи ҷаҳон аст.

Зан хонаи ободу дили шоду пару бол,

Зан хотири осудаву зан ризқрасон аст.

Калимасозӣ бо роҳи  ҳамроҳшавии  вожаҳо ҳарчанд ки  падидаи нав нест, ба ғановати забони ғазалиёти Мавлавӣ роҳ кушодааст, ки калимаҳои зерин намунаи равшани онанд:

Мавлавиасле хиромон  маснавирез,

Ҳофизавлоде  ғазалдурдона месуфт.

***

Озурдадилонем, ҳалоилшудагонем,

Беғамбудагонем,  сияҳдилшудагонем.

Устод  Хайрандеш дар як силсила ғазалҳо, аз ҷумла, «Дошт  наботу ангубин, тори Ака Шарифи мо», «Аз пеши назар чашми нами Одина Ҳошим», «Барқ омаду раъд  омад овози Зафар Нозим», «Дилам чун доғ месӯзад ба ёди Абдулло Назрӣ», «Шоирам, як хеши дури дури дури Ҷӯрабек» ва  «Бин тантанаи ҷаноби Гурминҷ»  чеҳраҳои саршиноси ҳунари  овозхонию мусиқории миллатамонро  бо муҳаббат ба қалам гирифтааст.

Шеъри устод Хайрандеш хонандаро дар рӯҳи озодиву озодагӣ, худогоҳию худшиносӣ тарбият мекунад, дили хонандаро ба зиндагӣ, ба муҳаббат, ба обу хоки Ватан гарм медорад, ҳамин ҳисси ворастаро дар вуҷуди хонанда бедор месозад. Шеър барои Хайрандеш ҳастии ботин аст,  ҳамон ҷаҳони маънавӣ ва рӯҳии ӯст, ки дар он зиндагӣ мекунад.

Устод Хайрандеш бо китобаш «Ҳамешабаҳор» шоиста ба дарёфти Ҷоизаи адабии ИНТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Саъдӣ Қосимӣ,

номзади илми филология, дотсенти

кафедраи назария ва таърихи адабиёти

ДДОТ ба номи С. Айнӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш