Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз устоди бузурги назм

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Нашриёти «Адиб» китоби адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзодаро бо номи «Мирзо Турсунзода: Маҳорат ва садоқат» (нашри дуюм бо таҳриру иловаҳо) аз чоп баровард. Асар аз сарсухани муаллиф ва ду боб: «Маҳорат ва заҳмати суханвар» ва «Аз садоқат комҳо ширин шавад» мураттаб гардидааст. Ин китоб рӯзгор, самтҳои гуногуни эҷодиёт ва муносибату эҳтироми самимонаи шоири шинохтаи тоҷик, устод Мирзо Турсунзодаро нисбат ба сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Саъдӣ ва Хоҷа ҳофиз барин симоҳои бузург тавсиф мебахшад. Ҳамчунин, дар китоб аз муносибати дӯстона байни як идда адибону муҳаққиқони шинохтаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла, Боқӣ Раҳимзода, Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҷалил, Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ ва  ғайра сухан меравад.   

Истифода аз расму суратҳои давраҳои мухталифи рӯзгори устод М. Турсунзода ва гуфтори адибони шинохтаи олам дар васфи шахсият ва эҷодиёти шоир ҳусни асарро дучанд гардондааст. Асари мазкур барои адабиётшиносон, донишҷӯёни факултаҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва умуман, барои алоқамандони соҳаи адабиёт пешбинӣ гардида, муаллиф онро ба 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 – солагии  сипаҳсолори назми тоҷик, устод Мирзо Турсунзода бахшидааст.

 

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш