Солҳои охир зуҳуроти рӯ овардан ба мазҳабҳои гуногуни дур аз воқеияти аслии дини мубини ислом, ки он ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм оварда мерасонад, бештар ба мушоҳида мерасад.
Албатта, гаравидан ба ин амалҳои дур аз ҳуввияти асили инсонӣ, дур аз амали некхоҳии башарӣ, бо диди ноҳақ нигаристан ба пешравиҳои зиндагии осоишта, нодида гирифтану эътироф накардани тараққиёти илму техника, аз ҳамдигар, аз аслу насаби хеш дурӣ ҷустан сабабҳои гуногун дорад. Шояд яке аз сабабҳои ба ин амалҳои номатлуб рӯ овардану ба он ворид гардидани баъзе ашхосон, хусусан, ҷавонон надоштани дониши қавии худшиносии миллӣ ва шарафу номуси ватандорию ифтихор аз давлату миллати хеш бошад.
Чандест, ки баҳри ҷалби таваҷҷуҳи мардум аз тарафи ифротгароёни дохилию хориҷӣ кӯшишҳои зиёд рафта истодааст. Ин масъала, пеш аз ҳама, аз ҷониби шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанду барои пулу мол ба оромии Ватани хеш халал ворид кардан мехоҳанд, тарафдорону аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуда истодааст.
Гарчи ин ҳизби касиф имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон нуфуз надорад, вале хоҷагони хонабардӯши он бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба пешравию шукуфоии Тоҷикистони азиз латма ворид намоянд. Ҳамагон шоҳидем, ки тирашон ҳамеша хок мехӯрад.
Ҳоло душманони миллат ва ҳизби мамнуъгашта худро берун аз ҷумҳурӣ гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун канорагирӣ намоянд. Аз дур истода ба тариқи сомонаҳои интернетӣ андешаҳои ифротгароёнаи хешро паҳн менамоянд ва гӯё ҷавононро ба ҳаёти хушбахтонаю биҳиштосо даъват мекунанд, ҳол он ки имрӯз ҷавонон ва умуман, мардуми мо фаҳмида истодаанд, ки ин ҳама сафсатта асту он ифротиён танҳо ба хотири рӯи сиёҳи худро сафед кардан ба ин роҳ қадам ниҳода истодаанд.
Онҳо худро ҳимояткунандаю ҳидояткунандаи дини мубини ислом нишон медиҳанд, вале аслан, ҳеҷ аз кӯчаи асли ислом нагузаштаанд, зеро ҳама донандагони илми ислом, пайравони асили он ҳамеша ростию муҳаббати байни инсонӣ, роҳи дурусти ҳаёти осоиштаро талқин намудаанд. Масалан, яке аз ин гуна бузургони донандаи дини ислом Муҳаммади Ғазолӣ дар ҳикояти ҷолибе аз «Кимиёи саодат» овардааст: «Бидон, ки фарзанд амонатест, андар дасти модару падар ва дили вай пок аст, чун ҷавҳари нафис ва нақшпазир чун мум ва аз ҳама нақшҳо холист. Ва чун замин пок, ки ҳар тухм, ки андар вай афканӣ бирӯяд: агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дину дунё расад. Ва модару падару муаллим андар савоб шарик бошанд ва агар ба хилофи ин бувад, бадбахт бошанд ва эшон бар ҳар чӣ бар вай равад, шарик бошанд. Ва нигоҳ доштани вай он бувад, ки вайро ба адаб дорад ва ахлоқи наку ба вай омӯзад ва аз қарини бад нигоҳ дорад, ки асли ҳама фасодҳо аз қарини бад хезад».
Давоми ҳикоят боз нуктаи ҷолиб дорад: «…агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дину дунё расад», яъне моро зарур аст, дину дунёи фарзандонро поку мубарро дорем, на мисли баъзе ифротиён кӯдаконро ба ҷангу гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ бифиристем.
Имрӯз баъзе аз падару модарон ҳар амали бад, бо ҳар гуна одамони дилу нияти ғаразнок дошта ҳамнишинӣ намудани фарзандашонро нодида гирифта, ба он мекӯшанд, ки амали носавоби ӯро рӯйпӯш кунанд.
Як идда одамон фарзандонро либосҳои рангобаранги фохир бардӯхта, бо матоъи химиявӣ ороста мекунанд, ки фарзанд ба он одат мекунад. Қишри дигари ҷомеа, хусусан бонувони нозукбадани мо аз ҳар чӣ бештар бегонапарастиҳо карда, сарулибоси тамоман ба фарҳанги мо бегонаро мепӯшанд, ки хеле ташвишовар аст.
Донишмандон аз ҷумла, донандагони илми ислом бар онанд, ки ҳеҷ кас амали зиштро ба каси дигар ва миллати дигар раво набинад. Ба гуфтаи Ғазолӣ, кулли инсонҳо хоҳ мусулмон, хоҳ насрониву буддоӣ офаридаи як Холиқанд ва ҳеҷ гоҳ ба ҳамдигар бадиву хушунат наварзанд. Ва инсоният мисли аъзои бадани як инсон аст, ки агар як узви он дардро ҳис кунад, дигар аъзо низ ба дард меояд ва ин донишманд шарту ҳаққи аввали мусулмониро дар дӯстиву муҳаббат варзидан ба ҳамдигар талаққӣ мекунад, на ба кинаву кудурат варзидан. Ин нуктаҳое, ки дар мисоли як донандаи олии илми ислом овардаем, бояд барои онҳое, ки муштро бар сина зада, худро мусулмони комил меҳисобанду байни қавмҳо ва равияҳои дини ислом шӯрандозию бадбинӣ ва буғзу кина ворид менамоянд, дарси ибрат бошад.
Дар баробари ин, ягона роҳи ҷавонписарону ҷавондухтаронро аз доми душманони Ватан дур нигоҳ доштан, ба андешаи ман, ба таълими пурра (синфи 11) фаро гирифтан ва идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аст, то ки ба корҳои беҳудаю зиёновар машғул нагарданд.
Б. МИРЗОЕВ,
сардори шуъбаи аттестатсия,
аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр