Нашрияи Омӯзгор

Турнаҳои баландпарвоз

Сана: 2021-05-05        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Волотарин рисолати адабиёт тарбият аст ва ин нукта аз ҷониби аҳли адаб борҳо таъкид шуда. Воқеан, адабиёт неруи тавонои одамисоз аст, он тавассути сухани дилрасу ҳидоятгар ва раҳнамо одамонро талқин менамояд, ки чӣ гуна бояд зист, чӣ гуна бояд рафтору гуфтор дошт, то зиндагият ба  ком бошаду бардавом. Ба ин маънӣ, адабиёт ҷустуҷӯ, дарёфт ва муаррифии одамият аст ва нависанда дар ин ҷода  нақши кашшофро дорад.

Донишманди мумтози тоҷик, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мавриде навишта, ки «бо диққати тамом нигаристан ба симои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарра-зарра ҷамъ овардани нишонаҳои одамият ва кӯшиши ҷиддӣ дар роҳи устувор кардани пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти бисёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад». Аз ин ҷост, ки нависандаро муаллими маънавии башарият хондаанд. Комёбтарин адибон дар саросари олам нахустҳадафи хешро аз қалам ба даст гирифтан таҳкимбахшӣ ва устуворсозии пояҳои маънавии ҳастии инсонҳо муқаррар кардаанд. Аз ин дидгоҳ адабиёти тоҷикро дар паҳнои адаби олам метавон ҳамчун намунаи барҷаставу камназир муаррифӣ кард. Башардӯстиву инсонпарварӣ (гуманизм) қабат ба қабат ин адабиёти бостониву ғановатборро фаро гирифтааст. Ва муҷиби ифтихору қаноатмандист, ки ин хусусияти умдаву ҳамидаи адабиёти тоҷик садсолаҳо боз дар эҷодиёти ҳар марҳилаи он ҳифз мешавад, идома меёбад ва имрӯз низ кулли адибони мо ба он содиқ мондаанд. Дар радифи ин қаламкашони садоқатпеша дар марҳилаи кунунии адабиётамон метавон бо эътимоди комил номи Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзодро ба забон овард, ки ҳамакнун се даҳсола мешавад, ки «бо азми дурусту саъйи комил» хома дар дасту меҳр дар дил хидмати адабиёт мекунад ва дар рушду такомули он ҳиссаи шоиста мегузорад. Хонандагони тоҷик имрӯз беш аз даҳ китоби ин нависандаи хушсалиқаро (аз ҷумла, китобҳои «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле», «Офтобо, ба ғуруб марав», «Ҳадиси ватандорӣ») рӯи даст доранд ва бо иштиёқи тамом варақ мезананд. Аз мушоҳидаву мутолиаи нахустин кӯшишоту нигоштаҳои С. Ҳасанзод ба чунин хулоса метавон расид, ки ӯ на аз рӯи ҳавову ҳавас ва на бо нияти булҳавасонаи «як имкону тавони худро санҷида дидан», балки бо кӯлбори пурбору дили аз меҳр саршор ворид ба арсаи адабиёт гардидааст, иродатманд аст, азмаш қавист, аз шебу фарози ҷодаи пазируфтааш огаҳии комил дорад ва миён устувор бастаасту остин то ба оринҷ барзадааст, ки хидмате арзандаву мондагор ба адабиёти халқи арҷманду сарбаланди хеш бикунад. Ба вижа, китоби «Офтобо, ба ғуруб марав!» Сипеҳри Ҳасанзодро ба доираи васеи хонандагон ҳамчун нависандаи боистеъдоди тозаназар ва хушбину ҷӯянда муаррифӣ намуд ва ин китоби адиб аз ҷониби адабиётшиносони тоҷик сазовори баҳои баланд гардид.

Сипеҳри Ҳасанзод ҳарчанд марбут ба жанрҳои гуногуни адабӣ менависад, рӯшан ба мушоҳида мерасад, ки ба жанри ҳикоя таваҷҷуҳу иштиёқмандии бештар дорад. Воқеан, дар адабиёти тоҷик ҳикоя дорои ҷойгоҳи шоиста аст ва ҳаводорону хонандагони зиёде пайдо кардааст. Навиштани ҳикоя истеъдоди баланду маҳорати вижаи адибро тақозо дорад, зеро адиб зимни корбасти ин жанр водор аст, ки ихчаму маънирез сухан гӯяд, ҳодисаеро ба меҳвари тасвир бикашад, ки ҳам шоистаи шунидан асту ҳам муҷиби ибратпазирӣ ва ҳам андешабарангез. Сипеҳри Ҳасанзод тавассути ҳикояҳои дилпазираш ҳанӯз дар марҳилаи аввали эҷодаш собит сохт, ки дар ин кор дасти расо ва зеҳни гиро дорад ва метавонад ҳикояҳои дилпазир биофарад.

Инак, мо китоби нави ҳикояҳои ин адиби шинохтаро рӯи даст дорем, ки «Турнаҳои мусофир» (Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2020) ном гирифтаасту аз гулчини ҳикояҳои солҳои охир нигоштаи ӯ иборат мебошад. Ҳабдаҳ ҳикояи нависанда дар ин китоб ҳабдаҳ турнаи баландпарвоз дар ҳабдаҳ лаҳзаи баҳорро мемонад: рангину тароватбор, дилчаспу муассир ва нишотбахшу хотирмон. Нашри гулчини ҳикояҳои адиб ба хонанда имкон фароҳам овардааст, ки бо маҳорати ҳикояофаринии ӯ бештару амиқтар ошно гардад, бори дигар аз мутолиаи ҳикоёти хуб лаззати маънавӣ бардорад ва олами эҷоди нависанда бештар ворид шаваду аз ҳунари нигорандагияш дақиқтар огоҳ гардад.

Ҳикояҳои китоби «Турнаҳои мусофир» бо ҳам иртиботи қавӣ доранд; дар онҳо масоили марбут ба маънавият, инъикоси паҳлуҳои мухталифи рӯзгорони ҳамзамонони мо, эҳтироми арзишҳои башарӣ, тасвири пуробуранги ҳаёти аҳли деҳот, танқиди кирдори ношоистаи зумрае аз одамон дар меҳвар қарор доранд. Нависанда тахайюли бавусъат дорад, домани андешаҳояш васеъ аст, аммо дар ҳама ҳолат пайванди хаёлоташ бо воқеият гусаста нест, ба ибораи дигар, гуфтораш мудом як по дар ҷодаи воқеият дорад. Ин махсусият ҳикояҳои адибро ҳадафгиру боварибахш ва пурсуд кардааст. Аз ин нигоҳ, ба вижа, ҳикояҳои «Турнаҳои мусофир» (китоб аз ҳамин ҳикоя ном пазируфтааст), «Рустоӣ», «Найнавоз ва писарак», «Ашки паҳлавон», «Бозгашти асп»… шоистаи таваҷҷуҳанд. Китоби тозаи адиб бо ҳикояи «Сурат» ҳусни оғоз пайдо кардааст ва он, воқеан ҳам, ҳикояест бо обурангу бандубасти тоза ва хати сужаи ҳикматандӯз. Адиб як саҳнаи пуртазоди зиндагии одамонро хеле моҳиятбинона ба мушоҳида гирифтаву ба риштаи тасвир кашидааст ва ба хонанда андарзе муассир аз одаму одамгарӣ, неку бад ва шуъбадабозиҳои зиндагӣ додааст ва гӯиё аз забони шоир гуфтанист, ки:

Рӯй дар қоидаи эҳсон кун,

Зоҳиру ботини худ яксон кун!

Қаҳрамони ҳикояи «Сурат» Гулризои Ансор, ки ғарраву мафтун ба муҳаббату самимияти саризабонии дӯсти даврони ҷавониаш Абдулатифи Ҳаддод шуда буд, аз пайомади як меҳмониаш ба даргоҳи ин дӯсташ ба ҳасрату дард дармеёбад, ки сирати ин сурат дар асл чӣ гуна аст, чӣ манзаре паси ҳасрати пандомези дӯсташ – «…дар ин дунёи дудар як бор аз дари ҳамдигар намедароем, намепурсем, ки зиндаем ё мурда, бибояд аз саломатии ҳамдигар бохабар, дар ғаму шодкомӣ ҳамнафас бошем, аз тазйиқу озори бани одам ба риққат биоем…» ниҳон буда. Дар меҳмонии Абдулатифи Ҳаддод бо як ҷаҳон ҳайрату ҳасрат Гулризои Ансор дармеёбад, ки чӣ қадар зиндагӣ гоҳҳо пуртазод асту баъзеҳоро чӣ муҳити мунфуру тоқатфарсои зиндагӣ дар панҷаи тазйиқ кашида. Ҳадиси меҳмонии Абдулатифи Ҳаддод, ки бисёр таъсиргузору ҳикматбор ба тасвир омадааст, зуд дар хотири хонанда нақш мебандад, ӯро ба андеша вомедорад, ба кӯи одаму одамгарӣ мекашад, бо тазодҳои печида ба неку бад, шебу фароз ва сафеду сиёҳи зиндагӣ бори дигар ошно месозад. Саҳнаҳои сужаи ҳикоя аз нигоҳи амиқбини нависанда, аз қалами моҳиятҷӯи ӯ дарак медиҳанд. Ҳикояи мавриди назари мо фарҷоме ҳузнангез дорад, ҳамбаста бо панди судманди зиндагист: «Меҳмон аз омаданаш ҳазор бор пушаймон, меҳру шафқатро дар ботини инсонҳо дарнаёфта, сараш кӯҳ барин вазнин, ҳамсони гурезаи пой дар занҷир, бо дили нохоҳам, - сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад! - боздиди деринтизораш такшин ба хотираи ғамфизо, бо арҷи шикванолӣ наёфта ҳамдам, аз марги муфоҷо ёд мерасид ҳар дам, сӯи кошонааш навмеду сархам, сари ҳар қадам бардошта мотам, норизо аз ҳар ду олам, хаёлмандона роҳ мерафт».

Ба гумони ғолиб, ҳикояи «Рустоӣ» яке аз дастовардҳои шоистаи адабии Сипеҳри Ҳасанзод дар ҷодаи эҷод аст. Ҳодисае, ки дар ин ҳикоя тафсиру таъбир мешавад, чанд лаҳзаи ҳаёти пургиреҳу ҷолиби мардуми деҳотро фаро мегирад ва хонандаро гоҳ ба тааҷҷуб меораду гоҳ андешазада мекунад ва гоҳи дигар ба ханда вомедорад. Муҳтавои ҳикоя такя ба омолу аъмол, расму оин, суннатҳои дерин ва асолату моҳияти зиндагии рустоиён мезанад ва боз ҳам аз мушоҳидакорию ҷӯяндагии адиб, вусъати назари ӯ ба воқеият дарак медиҳад.

Ҳамин гуна, метавон дар ҳар як ҳикояи китоби «Турнаҳои мусофир» далеле бориз вобаста ба маҳорату истеъдод ва маҳорату махсусияти эҷодии нависанда дарёфту тафсир бахшид. Адиби истеъдодманд ба василаи нақли ҷозибадору диққатрабои ҳодисаҳо, тавассути ташреҳи рафтору гуфтори образҳо, бо овардани мулоҳизоту андешаҳои атрофиён (образҳои ёрирасон), бо ифодаи андешаҳои таъкидгару моҳиятҷӯёнаи ровии ҳодисот хислат ва симои қаҳрамонони ҳикояҳояшро бештар барҷаставу мукаммал сохтааст. Ҳикояҳои адиб забони башираю дилчасп ва пуробуранг доранд, ки ин аз муҳимтарин аркони нигориши асил аст. Пайдост, ки нависандаи хушзавқ нисбат ба забони модарӣ муҳаббату самимияти хоса дорад, пайваста нозукиҳову қонуниятҳои забонро меомӯзаду аз ин лиҳоз худро такмил мебахшад. Дар нигоштаҳои нависанда ибораҳои суфтаву зебову зеҳннишин, таъбирҳои ҳадафгири халқӣ, ифодаҳои муҷазу рехта ва пурғунҷоиш зиёд ба назар мерасанд, ки дар маҷмӯъ сухани ӯро зебою дилрабо кардаанд. Адиби меҳнатдӯст дар ҳама маврид кӯшидааст, ки гуфторашро бо ташбеҳоту истиораҳо, бо корбурди санъатҳои дигари суханварӣ ҷозибадору таъсиргузору пуробуранг созад, дар натиҷа тасвирҳояш чун дар мавриди зер (аз ҳикояи «Рустоӣ») бисёр «зинда», боварибахш ва табиӣ баромадаанд: «Бонувони кӯдакдор пешдоманҳои вазнини пурбор тори сар, дохили ҷӯяҳо чанд ҷо пешпо хӯрдаву афтида, забонашон аз ташнагӣ дар ком часпида, ба ёди чириккоси тифлакони ширхора мисли аскарони маҷрӯҳ бо азобе ба тарафи тарозубони канори майдони тутзор мехазиданд. Пешорӯ сиёҳие монанд ба аъҷубае ҷунбиш мехӯрд».

Воқеан, дар мавриди забони осори Сипеҳри Ҳасанзод адабиётшиносон бо қаноатмандӣ ибрози андеша кардаву таъкид бинмудаанд, ки ин адиби варзида ба забони осораш то ба ҳадде эътибор медиҳад, ки гоҳҳо аз сари меҳру шавқу завқ аз санъати саҷъ истифода мебарад ва каломашро рангинтару ширинтар мекунад. (Дар он чанд порае, ки мо дар боло аз ҳикояҳои адиб иқтибос овардем, санъати саҷъ истифода шуда).

Боз як ҳунару маҳорати нависандагии Сипеҳри Ҳасанзод дар манзараофаринию диалогсозии ӯ ба мушоҳида мерасад, ки аз ин лиҳоз низ метавон аз ҳикояҳои адиб далелҳои фаровон ва муътамад овард…

Аз мутолиаи ҳар китоби хуб хонанда бояд сайре маҷозӣ ба олами пурҳаводису ибратбахш анҷом диҳад, сайре, ки касро инсонтар созад, маънавияташро биафзояд, нигоҳашро ба оламу одам вусъат бахшад, неруяшро тавоною рӯҳашро бешикаст бинмояд, иртиботашро бо адабиёт қавитар бикунад. Бо мутолиаи китоби «Турнаҳои мусофир» ба чунин сайре манфиатбор ва дилшикор муваффақ хоҳад гашт. Ин китоб насри муосири тоҷикро шукӯҳе тоза эҳдо кардааст ва муаллифи он месазад, ки барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бошад.

Абдурауф МУРОДӢ,

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш