Нашрияи Омӯзгор

Зи амал сар мапеч!

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Имрӯз ҳамаи дастовардҳои ҷаҳон тавассути техника ва технологияи навин сурат мегирад. Одитарин мисол қалам аст. Масалан, дар замонҳои пеш давот бо сиёҳӣ истифода мешуд. Рафта-рафта инсон қаламро ихтироъ кард. Бо  тараққиёти илму техника ручкаҳо (хома) пайдо шуданд. Имрӯз тахтаҳои электронӣ рӯйи кор омадаанд, ки аз пешравии илму техника гувоҳӣ медиҳад. Ё ин ки дар асрҳои пеш ҳамаи кори дафтаргузорӣ ё худ ҳуҷҷатгузорӣ ба тариқи дастӣ ё мошинҳои ҳуруфчини дастӣ анҷом меёфт. Ҳоло тараққиёти технология компютерҳоро ба майдон овард, ки кори мардуми сайёраро дучанд осон намуд. Имрӯз бо зер кардани як тугмачаи телефони мобилӣ ба тамоми дунё ниёз ва хости худро метавон барорем. Ин гуна мисолҳо бисёранд. Ҳадаф аз овардани чунин мисолҳо он аст, ки чаро фарзандони фарзонаи тоҷик аз чунин ихтироот дар каноранд? Магар таърихи ниёгони халқи мо набуд, ки оламиёнро дар ҳайрат гузошта буд. Ибни Сино бо илми ҳакимонааш дар Аврупо бо номи Авитсена шуҳрат ёфта, дар бонуфузтарин ва бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон то ҳол аз «Ал-Қонун»-и ӯ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Магар Ал-Хоразмӣ набуд, ки дар илми риёзӣ алгоритмро пешкаш намуд, ки имрӯз дар сар то сари ҷаҳон аз он истифода мебаранд. Ё худ, Умари Хайём чун риёзидони машҳур ё Аҳмади Дониш як ситорашиноси мумтозу бемисл. Ин гуна мисолҳо бисёранд. Вале бузургони илму адаб гуфтаанд:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш шав, агар мардӣ.

Матлаб аз овардани байти мазкур он аст, ки ба гузашта ифтихор мебояду ояндаро бояд сохт. Ояндасозон насли хушбахти замони истиқлол, фарзандони мову шумоянд. Бояд тамоми шароитҳоро дар ҷодаи омӯзиши ин фанҳо ба онҳо муҳайё созем. Қайд кардан ҷоиз аст, ки агар ташвиқу тарғиб, бедор кардани шавқу завқ ба фанҳои риёзӣ-табиӣ ва дақиқ аз хона, боғча, мактаб бо ҳамбастагӣ сар шавад, он гоҳ нобиғаҳои мо низ мисли Сино, Хайём, Носири Хусрав, Ал-Берунӣ ва дигарон Тоҷикистонро бо ихтирооти навин ва олимони худ муаррифӣ хоҳанд кард.

Муҳит созгор аст. Оре, муҳите, ки бо дастгирии Пешвои миллат барои хонандагону донишҷӯён муҳайё шудааст, инкишофи илмҳои дақиқро таъмин месозад. Ин фанҳо хонандагонро ба фикр кардан водор мекунад. Инкишофи зеҳнии онҳоро сайқал дода, тафаккури интиқодиашонро такмил хоҳад дод. Наврасон дуруст фикр карданро ёд мегиранд, дар онҳо нуктаи назар пайдо мешавад. Он гоҳ шогирдони мо ба ҳамаи мушкилиҳо ва нозукиҳо, пурсишу саволҳо ҷавоб фикр мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамаи ҷавобҳо мантиқан дуруст бошанд. Кунҷковии онҳоро саволи «чаро» илова мегардад. «Чаро» саволест, ки агар фарзандони мо илмҳои табиӣ ва дақиқро амиқ омӯзанд, ба ин савол бо ихтирооти ҷолиби худ посух хоҳанд дод. Мисол, олимон мегӯянд, ки чаро пиряхҳои ҷаҳон сол ба сол бо суръати тез об шуда истодаанд? Ба ақидаи онҳо, истеҳсолоти бешумори саноати имрӯз ҳавои сайёраро ғализ карда, ки он боиси гармшавии бемайлони ҳаво гаштааст. Ин омил боиси обшавии пиряхҳо шуда. Пас чӣ бояд кард? Олимон бар он ақидаанд, ки «Филтри сунъӣ» бояд ихтироъ намоянд, то ҳавои ғализе, ки корхонаҳои калони саноатии шахрҳои калони ҷаҳон хориҷ мекунанд, тоза карда, то ҳадде пиряхҳоро аз обшавӣ боздошта шаванд. Чаро фарзонагони мо онро ихтироъ накунанд?!

Фақат бо илмомӯзии мақсадноке, ки дар амал татбиқ мегардад, метавон пеши роҳи ҳамаи мушкилиҳоро гирифт. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин хусус мегӯяд:

Илм чу бодат, зи амал сар мапеч,

Дониши бекор наарзад ба ҳеч.

 

Некбахт ИСКАНДАРХОНОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №19, ноҳияи Ишкошим


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш