Нашрияи Омӯзгор

Дӯсти вафодору беминнат

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Нақши китоб дар тарбияи насли наврас хеле бузург мебошад, зеро китоб манбаи илму дониш ва тарғибгари хислатҳои неки инсонист. Муҳаббат нисбат ба китоб аввал дар оила, баъд дар кӯдакистону мактаб дар ниҳоди хонандагон ташаккулу рушд меёбад. Хурсандиовар аст, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз ҷолибтарин ва беҳтарин озмунҳои солҳои охир ба ҳисоб меравад, ба роҳ монда шудааст. Маҳз ҳамин озмун сабаби ба китобу китобхонӣ зиёдтар рӯй овардани аҳли ҷомеа, хусусан, насли наврас гардид. 

Хонандагоне, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонанд, онҳое мебошанд, ки китобхониро дӯст медоранд ва аз китоб ғизои маънавӣ мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, омӯзгорону волидайнро лозим меояд, ки меҳри китобу китобхониро аз овони кӯдакӣ дар ниҳоди насли наврас бедор намоянд.

Дар муассисаи мо низ дар ин самт чорабиниҳои зиёди мактабӣ ташкил мешавад. Хонишҳои бадеӣ, суҳбатҳо, дарсҳои кушод ва намунавӣ, мусобиқаҳои байнисинфӣ оид ба нигоҳдории китоб, шабҳои эҷодӣ, викторинаҳою конфронсҳо дар мавзӯи: «Китоб – дӯсти вафодор», «Китоб – манбаи илму дониш», «Китоб – қосиди сулҳ» ва ғайраҳо аз қабили ҳамин гуна чорабиниҳо ба шумор мераванд. Натиҷаи баргузории чунин чорабиниҳо ба он оварда расонидааст, ки шумораи дӯстдорони китоб рӯз аз рӯз дар таълимгоҳ зиёд шуда истодааст. Дар давоми соли таҳсил омӯзгорон метавонанд хонандагонро бо ҳаёт ва фаъолияти адибони классику муосири тоҷик ва хориҷӣ ошно сохта, мутолиаи осори онҳоро ба хонандагон талқину таъкид намоянд. Воқеан, ба андешаи бисёр олимону файласуфон, китоб сарчашмаи асосии худомӯзии инсон аст.

Барои он ки ба ҳамаи орзуҳои худ бирасем, бояд шахсони бомаданият ва ҳамадонро ба воя бирасонем ва ҳарчи зиёдтар ба китоб рӯй оварем. Ин ягона роҳи ба мақсад ноил шудан аст. Китобро ягон воситаи дигар иваз карда наметавонад. Китоб ҳамеша мададгору дӯсти вафодори инсон аст.

Мирзоҷиян ҶИЯНОВ,

омӯзгори мактаби №4, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш