(Дар ҳошияи мақолаи С.Фазл - «Чаро мақоланависӣ боиси баҳс гардид?». «Омӯзгор», №16, 22 апрели соли 2021)
…Бармаҳал аз падару модари худ ҷудо гаштам ва дар тарбияи бибиам ба камол расидам. Ба шарофати фаъолияти устодони ғамхорам меҳри касби омӯзгорӣ ба дилам ҷо шуд. Бо дастгирии дӯстону омӯзгорон орзуям амалӣ гардид. Аз хурдӣ маъюби гурӯҳи 2-юм будам. Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ аз соли 1979 то ҳол (42 сол) бе танаффус кор карда истодаам. Соҳиби оилаи хушбахт шудам ва 8 фарзандамро хононда ба воя расондам.
Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 90-уми асри гузашта мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузарондам, чанде бе маош ҳам кор кардам, аммо аз касби омӯзгорӣ даст накашидам. Ба ҳамааш шукр мекардам. Соли 2007 ба сафари шаҳри Кӯлоб рафта, худ навору расмҳо гирифта, дар мавзӯи 2700- солагии ин шаҳри бостонӣ дарси кушод гузарондам. Дар дарсам омӯзгорон, волидон ва журналистон иштирок карда, баҳои баланд доданд. Соҳиби тахассуси дараҷаи олӣ гаштам. Шавқу рағбатам нисбат ба касбам боз ҳам афзуд. Худам, ки ятим калон шуда будам, бештар хонандагони ятиму бенаво ва гирифтори аутизмро ба шогирдию сарпарастӣ мегирифтам. Боре писарчаеро ба синфам оварданд ва гуфтанд, ки бояд дар синфи 4 ё 5 хонад. Ман синфи якум доштам. Писарак ҳатто нағз гап зада наметавонист. Ӯ хоҳарчае дошт, ки вай ҳам бемор буд. Падару модарашон иҷоранишин будаанду қашшоқона зиндагӣ мекардаанд. Дилам сӯхту гузаштаҳои худам ба хотир омаду ӯро ба синфам шинондам. Баъди дарсҳо бо ӯ иловатан кор мекардам.
Ӯро 4 сол дарс додам. Кӯшиш мекардам, касберо интихоб кунад, ки дар оянда ба падару модараш дастгир бошад. Баъди синфи 4 ба савдои чизҳои хурд гузашт. Ман ҳар гоҳ ба ӯ ёрӣ медодам, то ки дуруст ҳисобу китоб дошта бошад. Ҳоло ӯ дар гӯшаи бозорчае савдо мекунад ва зиндагии аҳли оилаашро пеш мебарад. Ду сол пеш писарбачаи дигаре, ки гирифтори аутизм буд, зери дастгирии ман синфи 4-умро хатм кард. Ӯ касби электрикиро интихоб кард. Соли гузашта писарбачае, ки ду пояш ҳаракат намекард, ба синфам бо дучарха омад. Дилам сӯхт. Чанд муддат ба хонааш рафта, дарс гуфтам. Ӯ бо завқ ба омӯзиш машғул мешуд. Моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаи байни маъюбон ҷои аввалро гирифт.
Ҳоло шогирдонам қисме дар вазифаҳои баланд кор мекунанду гурӯҳе дар мактабҳои олии хориҷӣ (Олмон, Амрико, Малайзия, Русия, Австрия, Туркия…) идомаи таҳсил доранд.
Бо аксари онҳо дар иртибот ҳастам, рӯҳбаланду раҳнамоияшон мекунам.
Дар дарсҳои ман омӯзгорон аз Русия ширкат варзидаву таҳсинам гуфтаанд. Соли 2016 вобаста ба барномаи нави таълимӣ дар чор марҳила дар 55 муассисаи таҳсилоти умумии пойтахт дарс гуфтам.
Ҳоло ман 63 сол дорам, аммо меҳри пешаи омӯзгорӣ ҷавонам нигоҳ доштааст. Соли равон КОВИД-19 бистариам кард, пасонтар ба дарди сутунмуҳра гирифтор шудам. Пас аз андаке шифо ёфтан ба бемадории худ нигоҳ накарда, барои аз аттестатсия гузаштан ба назди ҳайати санҷишгарони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе омадам.
Дар долон ва пас дар ҳузури ҳайати мазкур фишорам баланд ва саломатиам бадтар шуд. Аз фишорбаландӣ кару кӯр ва гунг гаштаву беҳуш шудам. Вақте ки ба ҳуш омадам, худро дар пеши табиб дидам, ки ба ман об мепошиду дору медод. Маро ба хона оварда, ёрии таъҷилиро ҷеғ заданд. Духтурон гуфтанд, ки бо сабаби бемории пешин муҳраҳои миён асабро зер кардааст. Аммо ин ҳама маро чандон тазйиқ надод.
Хаёл кардам, ақалан барои 42 сол собиқаи кории бетанаффус доштан, маъюби гурӯҳи 2 будан ва 63 - сола буданам, мегӯянд, ки ташаккур, хуб кор кардӣ, ана, раҳматнома ба ту, хоҳӣ, коратро давом деҳ, нахоҳӣ, роҳи сафед! Вале афсӯс! Тахассуси маро паст карданд!
Нисбат ба фаъолияти дастаи санҷишгарони сарраёсати маорифи шаҳр вобаста ба аттестатсияи омӯзгорон сару садоҳо зиёданд. Махсусан, вобаста ба талабот ба мақоланависӣ. Гумон мекунам, ки дар ҳама ҳолат маҳорати омӯзгор, таҷрибаю корномаи ӯ, шаъну шарафаш дар мадди аввал бошад, на омилҳои дуюму сеюмдараҷа.
Меҳринисо Марқаева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби
№72-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр