Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ вусъат меёбад

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Масъалаи омӯзиши васеи забонҳои хориҷӣ дар шароити кунунӣ, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ торафт амиқтар мешаванд, мавқеи махсусро дорост. Забонҳои хориҷӣ воситаи робитаи мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва моро бо фарҳангу тамаддуни олам ошно месозад.

Забони англисӣ яке аз серистеъмолтарин забонҳои дунёст. Имрӯз ин забон дар панҷ кишвари дунё ба сифати забони якум истифода мешавад. Ин кишварҳо Амрико, Британияи Кабир, Канада, Авастралия ва Зеландияи Нав мебошанд. Ғайр аз ин, забони англисӣ дар дигар кишварҳо ба сифати забони дуюм ё забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад. Ин кишварҳо Ҳиндустон, Покистон, Сингапур ва ғайра мебошанд.

Яке аз масъалаҳои мубрами таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони англисӣ сатҳи забондонӣ ва маҳорати касбии худи омӯзгорони фаннӣ, бахусус, омӯзгорони ҷавон мебошад. Маълум аст, ки барои омӯзиши забони англисӣ дастуру маводи чопӣ фаровон таҳия карда шудаанд. Ғайр аз ин, барномаҳои дигари омӯзиши забони англисӣ дар шакли онлайн, ба монанди TOEFL, IELTS, DELTA ва ғайра ҷорӣ карда шудаанд, ки барои омӯзиши он мусоидат мекунанд.

Илова ба ин барномаҳо, ҳамчунин, нақши лоиҳаҳои грантӣ, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар омӯхтан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии касбии омӯзгорону донишҷӯён нақши муассир доранд. Яке аз чунин грантҳо – лоиҳа таҳти унвони «Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон» ба ҳисоб меравад. Он лоиҳаи муштараки Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Шарикони асосии лоиҳа Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти  Федератсияи Россия Б.Н.Ельцин ва Донишгоҳи Ювяскюлии Финляндия мебошанд.

Тибқи яке аз барномаҳои лоиҳаи грантии мазкур 38 нафар омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон барои баланд бардоштани дараҷаи забондонӣ ва маҳорати омӯзгорӣ дар курси EMI (English Medium Instruction), ки аз ҷониби шарикони лоиҳа гузаронида шуд, аз тариқи онлайн иштирок намуданд. Курси мазкур муддати се ҳафта, аз 8 август то 4 сентябри соли 2020 баргузор гардида, як гурӯҳ омӯзгорони ҷавони факултаи забони англисии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон, аз ҷумла, Мунира Иматшоева, Мижгона Султонзода, Майсара Зикриёева, Замира Валиева, Робия Муртазаева ва дигарон дар ҷамъбасти курси мазкур бо сертификати сатҳи байналмиллалии CAMBRIDGE сарфароз гардиданд. Курси онлайн пурра ба забони англисӣ гузаронида шуда, роҳбарии курсро  шарики лоиҳа, муаллимаи  ботаҷрибаи  Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Н. Елтсин, узви маркази Кембриҷи донишгоҳи мазкур Александра Карпова ба уҳда дошт.

Бояд гуфт, ки барномаи EMI (English as a Medium of Instruction – забони англисӣ ҳамчун воситаи таълим) аз ҷумлаи барномаҳои онлайнӣ мебошад. Ин барнома барои омӯзгорони забони англисӣ таҳия шудааст ва ҷиҳати беҳтар намудани методҳо ва усулҳои таълими забони англисӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳавасмандони забони англисӣ метавонанд ин барномаро омӯхта, малакаи муоширати забони англисии худро беҳтар намоянд. Барномаи мазкур ҷанбаҳои асосии таълими забони англисиро дар бар гирифта, барои омӯхтани ин забон методҳои навро фароҳам меорад. Ин барнома аз ҳашт қисм ё ба истилоҳи дигар, модул иборат аст. Ҳар як модул ҷанбаҳои муҳимми таълими забони англисиро дар бар гирифта, тарзу усули хоси худро дорад, ки бевосита барои таълими забони англисӣ равона шудааст.

 Дар ин барнома, ки дорои ҳашт  модул аст, муҳимтарин ҷанбаҳо ва методҳои таълими забони англисӣ дар зинаҳои гуногун таълим дода мешавад. Ин барнома ба мисли дигар барномаҳо, меъёр ва муқаррароти худро дорост. Дар сурати ҳафтод фоиз дуруст анҷом додани вазифаҳои ин барнома ба хонанда сертификат дода мешавад. Ҳамчунин, баъди ба итмом расондани ҳар як модул бояд аз ду то чор вазифа ба таври хаттӣ иҷро шаванд, ки марбут ба модули баитмомрасида мебошанд. Ин вазифаҳои навишторӣ дар қолаби модулҳои барнома нигошта шуда, барои барномаро дуруст фаҳмидани ҳар як хонанда мусоидат мекунанд. Дар сурати аз шонздаҳ вазифаи навишторӣ зиёдтар иҷро кардан ба хонанда сертификат дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар доираи лоиҳаи грантии муштараки Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон” дар донишгоҳҳои мазкур як қатор чорабиниҳои муҳим барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии устодон баргузор гардида, тибқи тартиби муқарраргардида дар амал татбиқ шуда истодаанд. 

Яке аз чунин иқдомҳои назаррас аз курси такмили ихтисоси байналмилалӣ гузаштани 22 нафар профессору омӯзгори ҳар ду донишгоҳ мебошад. Курси такмили ихтисос таҳти унвони “Усули коммуникативии таълими забонҳои хориҷӣ” дар ҳаҷми 72 соат гузаронида шуда, устодон тӯли як ҳафта – аз 22 феврали соли 2021 то 5 марти соли 2021 – ба курси мазкур ҷалб карда шуданд. Мақсади асосии курси такмили ихтисос, ки аз ҷониби шарикони лоиҳа, яъне намояндагони донишгоҳи Федералии Урал ба номи Б.Н. Елтсин  гузаронида шуд, шинос намудани омӯзгорон бо усулҳои нави таълим ва истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таълими забони англисӣ мебошад. Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос устодон бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дигар аз дастоварди чашмрасе, ки дар доираи лоиҳаи муштарак амалӣ шуда истодааст, аз курси байналмилалии CELT-S (Certificate in English Language Teaching – Secondary) гузаштани 12 нафар омӯзгори Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад. Курси мазкур пурра ба забони англисӣ буда, тариқи онлайн аз санаи 6 декабри соли 2020 оғоз шуда, то санаи 6 июни соли 2021 давом ёфта истодааст. Роҳбарии курсро шарики лоиҳа, муаллимаи  ботаҷрибаи  Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Н. Елтсин, узви маркази Кембриҷи донишгоҳи мазкур Виктория Карева ба уҳда дорад. Он курси ибтидоии омӯзиши забони англисӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун забони дувум ё хориҷӣ барои омӯзгорону профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст. Курсҳои мазкур аз ҷониби Маркази забономӯзии донишгоҳи Кембриҷ тавассути марказҳои ваколатдори он пешниҳод гардида, иштироккунандагон метавонанд ба таври рӯзона ё ғоибона таҳсил намоянд. Бо назардошти он ки курсҳои мазкур  дорои стандартҳои баланд мебошанд, ҷиҳати арзёбии дақиқи донишу малакаи иштироккунандагон дар саросари ҷаҳон баҳои баланд гирифта, шуҳрат пайдо намудааст. Аз ин рӯ, он ба ҳайси яке аз беҳтарин курсҳои омӯзишии барои омӯзгорони забони англисӣ пешбинишуда, донишу малаки онҳоро мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Курси CELT-S (Certificate in English Language Teaching – Secondary) аз ҳашт қисм ва ё бо истилоҳи дигар гӯем, аз 8 модул иборат мебошад, ки ба омӯзандагонаш дарсҳои тахассусиро оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии тадриси забони англисӣ ва усулҳои нави таълими ин забон меомӯзонад. Дар хотимаи ҳар як модул ба иштироккунанда вазифаи махсус дода мешавад, ки иҷрои он заҳмати зиёдро талаб менамояд. Бар замми ҳашт вазифаи ба уҳда доштаи иштироккунандаи курс, ҳар як муҳассил ду дарси намунавӣ ва як дарси хотимавӣ ва ҳамчунин, имтиҳони TKT (Teaching knowledge test-тести санҷишии тахассусӣ) – ро месупорад. Ҳамаи ин далел аз талаботи байналмилалӣ доштан ва самаранокии курс шаҳодат медиҳад. 

Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода минбаъд низ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои англисӣ аз чунин лоиҳаҳо самаранок истифода бурда, дар пешрафти сатҳи забондонии омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати мамлакат саҳми худро хоҳанд гузошт.

Умед Мансуров,

роҳбари лоиҳа (ДСРТ),

Парвина Мирзоева, 

ҳамоҳангсози лоиҳа (ДДЗТ)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш