Нашрияи Омӯзгор

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Барои роҳандозии таълиму тарбия омӯзгорон дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз воситаю методҳои гуногун истифода мебаранд. Китоби дарсӣ, сухани муаллим, намоишҳои видеоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, саёҳату маҳфилҳо ва монанди инҳо дар таълиму тарбияи хонандагон нақши муҳим мебозанд. Аҳли таҳқиқ, олимону мутахассисон батакрор таъкид кардаанд, ки воситаи хеле муассир ва судманди тарбия адабиёти бадеӣ, махсусан, назм ба шумор меравад. Назм сухани пурэҳсос ва дилрабою тасхиргар аст ва шунавандаро зуд мафтун месозад. Вазну қофия, равонию самимият ва истифодаи санъатҳои бадеӣ назмро нишонрасу мақбул ва писандида мекунанд. Тамоми омӯзгорон метавонанд вобаста ба мавзӯъҳои гуногуни дарсҳо, дар мавридҳои мувофиқ, дар тақвияти сухан аз назм босамар истифода намоянд. Ин нуктаро низ зикр бояд кард, ки тоҷикон табиатан ба назм, ба каломи мавзун таваҷҷуҳу эътибори махсус доранд. Назм дар дабистонҳо илова ба дарсҳо маҳфилҳо конфронсу вохӯриҳо, дарсҳои тарбиявӣ, суҳбатҳои озодро шукӯҳу зинату муҳтаво меафзояд. Аз ин рӯ, омӯзгоронро мебояд, ки новобаста аз фанни таълимиашон ба каломи мавзун эътибор диҳанд ва дар корбасти он дар ҷараёни таълиму тарбия тавоно бошанд. Дар ҳар мавзӯъ метавон аз эҷодиёти шоирони тоҷик, махсусан, аз адабиёти классикӣ васеъ истифода кард. Масалан, дар мавзӯи муҳими ҷанг ва сулҳ бузургони мо ашъори фаровону пурмазмун гуфтаанд. Дар ин гуна ашъор ҷанг чун василаи зиёновару кинаафзо, чун оташи хирмансӯз ва маҳвкунандаи ҳаёт танқид мешавад ва бартарии комили сулҳу дӯстӣ дар зиндагии инсонҳо таъкид мегардад. Ҳеч фарди соҳибхирад ба ҷангу муноқиша намегаравад, зеро хуб медонад, ки ноаҳливу мухолифат чӣ фарҷоми фоҷеабор доранд. Абӯшакури Балхӣ дар такя ба ин мазмун байти маънибору ҳидоятгар ва ҳикматрез гуфтааст:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Оре, ҷанг, муноқишаву зиддияту ихтилоф кори хирадмандон нест, пайомади ҳама гуна мухолифату ноаҳлию ноамнӣ шикасту фалокат аст. Аз ҷанг ҳамеша барҳазар бояд буд.

«Шоҳнома»-и шоири барҷаставу тавоно Абулқосим Фирдавсӣ саропо эътироз ба ҷанг, ба низоъ ва кинаву адоват аст. Шоир дар заминаи тасвири манзараҳои зиёди ҷанг ва ҳамбаста ба фарҷоми пархошҳои бардавом ба хулосаи қатъие мерасад, ки «Зи ҷанг оштӣ, бегумон, беҳтар аст». Ҳар касе, ки шаъну шарафе, фаҳми солиме, нангу номусе дорад, ҳаргиз рӯ ба ҷангу зиддият намеоварад, ҳамагонро дӯсту бародар мехонад, рафоқатро авло медонад, даст аз моҷаро мекашад:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг

Наёяд, агар бошадаш ному нанг.

«Шоҳнома» қувваи беназиру тавоноест дар тарбияи хислатҳои неки инсонӣ, алалхусус, дар тарғиби дӯстиву бародарӣ. Дар ҳеч як асари дигар ҷанг чун ваҳдатшикан ва харобовар ба ин сатҳи баланд ва пуртаъсир маҳкум нашудааст.

Низомии Ганҷавӣ, шоири муқтадир, низ бар он назар аст, ки ҷанг мухолиф ба ақли солим аст, ҷанг вайронкорист, пошандаи тухми кинаву нифоқ мебошад. Аз ин рӯ, дар бандкушоии ҳар мушкиле бояд маҳз аз ақли солим истифода кард ва роҳи мусолиматомези ихтилофҳои рӯзгорро бояд ёфт. Шоир мегӯяд:

Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,

Чӣ бояд сӯи ҷанг додан лагом?!

Дар эҷодиёти кулли шоирони тоҷик дар мавзӯи мазкур метавон абёти муассиру корагар ва баландмазмун дарёфт. Барои ин омӯзгорро мебояд, ки пайваста дар ҷустуҷӯ бошад ва худомӯзияшро равнақ бахшад. Дар фарҷом як байти дигар (аз Саъдии бузургвор) меоварем:

На дониш бошад он касро, на фарҳанг,

Ки вақти оштӣ пеш оварад ҷанг.

Асалбегими ТӮЛИБОЙ,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш