Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти таърихии Ғалабаи бузург

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Ҳуҷуми истилогарони Олмон ба ИҶШС ногаҳонию аҳдшиканона буд. Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи он ба ҷанг тайёр набуданд. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои Тоҷикистон хеле мураккаб ва душвор ҳисобида мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки  аз рӯзҳои  аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ  тоҷикон низ якдилона ба ҳимояи Ватан бархостанд. Фарзанди Ватан, шоири маҳбуби халқи тоҷик,  Қаҳрамони   Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, дар достони худ  «Писари Ватан» дарди  меҳнаткашони Тоҷикистонро чунин баён мекунад:

Агар душман кунун паймоншикан шуд,

Бибояд зидди ӯ дандоншикан шуд.                   

Писарҳоям!

Ватан зери хатар шуд,

Ба мо Гитлери нокас ҳамлавар шуд,

Ҷавонони қавибозуи  чун шер,

Ба ҳифзи мамлакат гиред шамшер.

Барои ба даст овардани ғалаба халқи тоҷик бо саъйи дучанд меҳнат  мекард. Дастовардҳои меҳнатиро пеш аз муҳлат иҷро карданд.  Қаҳрамониҳои меҳнатии халқи тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ афзуд. Дар асоси қарори махсус,  16 августи соли 1941 Ҳукумати Шӯравӣ барои ба Повольже, Урал, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистону Осиёи Миёна кӯчонидани корхонаҳои саноатии дар хатти ҷангбуда қарор қабул намуд, зеро зиёд кардани истеҳсоли яроқу силоҳи ҷангӣ, пӯлод, чӯян, ангишт ва нафт дар мадди аввал қарор дошт. Як қисми муассиса ва корхонаҳои саноатӣ аз хатти фронт ба Тоҷикистон ҳам кӯчонида шуданд. Ба Регар яке аз заводҳои Полтава, ба Ленинобод (ҳоло Суғд), Конибодом, Исфара ва Истиқлол заводи консервабарории «Красный Перекоп»  аз Феодосия кӯчонида шуд. Ба комбинати шоҳибофии Ленинобод аз комбинати шоҳибофии Москва, ба заводи собунпазии Сталинобод (Душанбе) аз заводи собунпазии Москва ва заводи собунпазии Харков таҷҳизот оварда шуд. Дар қатори кӯчонидани заводу фабрикаҳо кам бошад ҳам, мутахассисон низ кӯчида омада буданд.

Ба тайёр кардани кадрҳо дар давраи ҷанг эътибори махсус медоданд. Барои бо қувваи  корӣ таъмин кардани корхонаҳо 26 июни соли 1941 Президиуми Совети Олии ИҶШС қарор кард, ки  рӯзи  корӣ дароз ва рухсатиҳои навбатии меҳнатии коргарону хизматчиён бекор карда шаванд. Аз 26 декабри соли 1941 сар карда, шароити меҳнати коргарону хизматчиён мувофиқи  талаботи   замони ҷанг  ташкил карда шуд. Азбаски қувваи асосии кори корхонаҳои саноатӣ – мардон ба ҳимояи Ватан рафта буданд, бинобар ин, СКХ ИҶШС 4 ноябри соли 1942 қарор қабул намуд, ки ҷойи ба ҷабҳа рафтагон аз  ҳисоби хизматчиёну занон пурра карда шавад.

Аз ҷумла, шумораи зиёди мактабҳои миёнаи махсус, олӣ,  устодон,  номзадҳо ва докторони илм, профессорон, донишҷӯён, кормандони илмӣ ҳам ба Тоҷикистон кӯчонида оварда шудан.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ адабиёти Шӯравии тоҷик дар муборизаи  умумихалқӣ бар зидди душман ҳиссаи арзанда гузошт. Дар сафи ҷанговарон Ҳ. Юсуфӣ, С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ, Б. Раҳимзода, В. Кириллов, А. Пирмуҳаммадзода, Л. Бузургзода, Ҳ. Карим, А. Назаров ва дигарон буданд, ки онҳо дар эҷодиёти худ мардуми Ватанро ба ташкилотчигию ташаббускорӣ даъват мекарданд. С. Айнӣ оташи ғазаби хешро нисбат ба душман дар ашъори баландғояи худ изҳор менамуд. Шеърҳои ӯ «Қаҳрамон - Ленинград», «Суруди зафар», «Қасидаи ҷанг ва зафар» «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик»  аз ганҷинаи бебаҳои назми ҷангии адабиёти тоҷик ба шумор мерафт. Дар қатори асарҳои  аҳамияти таърихию умумҷаҳонӣ дошта    мақолаҳои публитсистии устод Садриддин Айнӣ «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод» ва ғайра халқро ба муборизаи зидди душман даъват менамуданд.

Дар ин солҳо ба сафи артиши Шӯравӣ 34 млн 476 ҳазор намояндаи 154 миллату халқияти СССР сафарбар карда шуд, 45 ҳазор тоҷикистонӣ ба кор ба заводҳои ҳарбӣ ва ақибгоҳ фиристода шуд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 32 ҳазор бонуи Тоҷикистон ширкат варзидааст.

Аҳмадҷон Рӯзиев, аз деҳаи Ёваи Хуҷанд Байрақи Сурхро дар болои дарвозаи Бранденбурги Берлин афрохта буд. Ба ҷанг зиёда аз 110 млн нафар афсару аскар аз 76 кишвари дунё сафарбар шуда, 55 млн ҳалок гардид. Соли 1941 дар ҳудуди ҷумҳурӣ барои муолиҷаи аскарон ва афсарони маҷрӯҳ, ки аз ҷабҳа меомаданд, 29 госпитали ҳарбӣ (Ленинобод -3) ташкил карда шуда, 28 ҳазор сарбози маҷрӯҳ табобат гирифта, 25 ҳазор ба майдони ҷанг баргаштанд. Дар 3 моҳи ҷанг  1350 корхонаи калонтарин (асосан, саноати ҳарбӣ), аз ҷумла, 250 коргоҳ ба Осиёи Миёна, 30 коргоҳ ба ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида, ба кор андохта шуд.

Рустам Раҳимзода,

 дотсенти  Академияи ВКД

(Хуҷанд), полковник,

Сафар Эркаев,

дотсенти  ДДХ ба номи

академик Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш