Нашрияи Омӯзгор

Ёди падарон ҷовидонист

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Зимистони соли 1943. Амон ва рафиқонаш дар хандақ пинҳон гашта, интизори фармони командир буданд.

Ҳаво хунуку сард буд. Онҳо аз хандақ сар боло карда наметавонистанд, зеро тири душман аз болои сари онҳо чун жола меборид. Пас аз чанде тирпарронӣ қатъ гардида, ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.

Ногоҳ хомӯширо садои радиои қисми ҳарбӣ, ки дар симчӯбе овехта шуда буд, халалдор кард:

-Рафиқон, бародарон, дӯстон, писарони ба ҷон баробарам! Шуморо Ватан, модари азиз, бародарону хоҳарон, ҳамдеҳагон, хулоса ҳама дар қафои шумо истода, бо умеди калон интизоранд ва ҳар лаҳза дуои нек мекунанд, зеро шумо муҳофизати Ватанро бар дӯш доред ва ягона боварии онҳо шумоед! Душман бо қувваи калон дар муқобили шумо истодааст, -шунида шуд садои таъсирбахши собиқ роҳбари давлати Иттифоқи Шӯравӣ, котиби якуми Партияи Коммунистии Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин.

Ҳар як аскари дар хандақ буда,  ин суханонро шунида, ба чунин қарор омаданд, ки дигар қафо намегарданд.

Ҳамаи 300 нафари дархандақбудаи қисми ҳарбӣ ҳар кадом ба фикру андешаҳои дур рафтанд.

Амон Нозимов низ чашмаҳои зебою суҳбатҳои ширини дӯстону рафиқони деҳаи худ – Гулхании ноҳияи Ҳисорро ба ёд оварда, ғарқи хаёлот буд. Ӯ орзу мекард, ки баъд аз ба итмом расидани ин ҷанги хонумонсӯз бо сари баланд ба Ватанаш - Тоҷикистон баргардад.

-Ба пеш, баҳри ҳимояи Ватани азизамон,-гуфтани командири қисм Иван Булигин ҳамаро ба худ овард. Онҳо ба муқобили душман шадидан ҷангиданд.

-Ман, вақте ки худро шинохтам, аллакай дар шифохонаи ҳарбӣ мехобидам, - мегӯяд Амонбой дафтари хотираҳои ҷангиашро варақгардон карда. Фаҳмидам, ки қисми мо душманро ба ақиб шинонда, худ торумор гаштаанд. Маро бошад, беҳуш, баъди як рӯз аз байни мурдагон ҷудо карда, ба шифохона оварда, аз баданам се тир гирифта, муолиҷа кардаанд.

Аз 300 нафар қисми ҳарбии пиёдагард дар наздикии Варшава ман ва рафиқи ҷангиам Маҳмадкарим Шоқулов аз деҳаи ҳозираи Сафедчашмаи ноҳияи Рӯдакӣ зинда мондему халос. Пас аз шифо ёфтанамон моро барои озод кардани шаҳру ноҳияҳои атрофи Ҷумҳурии Украина фиристоданд. Борҳо тир хӯрда, ба шифохонаҳои ҳарбӣ афтодему то тамом шудани ҷанг барои ғалаба ба даст овардан мубориза бурдем. Баъди ғалаба мо ҳамагӣ ду рафиқ аз ҷанг ба деҳаҳои худ баргаштем.

Дӯстони ҷонӣ Амон Нозимов ва Маҳмадкарим Шоқулов баъди ҷанг борҳо вохӯрӣ намуда, дар суҳбатҳои худ лаҳзаҳои ҷангии худро ба ёд оварда, аз тинҷию ободии Ватани азизамон шукргузорӣ карда, ба фарзандони худ лавҳаҳои ҷангии аз сар гузаронидаи  хешро қисса менамуданд.

Мутаассифона, имрӯз ҳар ду дар қайди ҳаёт нестанд. Аз ҷароҳатҳои сахти дар ҷанг бардоштаашон зиндагӣ ба Амон Нозимов даст надод, ки умри дароз бубинад. Амон Нозимов дар синни 61-солагӣ, (соли 1982) ва Маҳмадкарим Шоқулов дар синни 80-солагӣ (соли 1991) аз олам чашм пӯшиданд.

Сари синаи ин мардони ҷасуру ҷанговарро ордену медалҳои ҷангии «Барои шуҷоат», «Барои хизмати ҷангӣ», «Барои мудофиаи Украина» ва ғайраҳо оро медоданд.

Дар ин рӯзи Ғалаба ёди падарони худро карда, аз номи фарзандон, наберагон, аберагон ва ҳамаи ёру дӯстон ваъда медиҳам, ки ҳамеша баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистон хизмат намуда, дигар намегузорем, ки Ватанамон чунин рӯзҳои даҳшатнокро аз сар гузаронад.

-Мо,  фарзандон – Нормаҳмад Нозимов – хатмкардаи бахши забон ва адабиёти тоҷик (соли хатм 1977) ва Амирқул Шоқулов – хатмкунандаи бахши географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (соли 1991) буда, дар вақташ бо тавсияи падаронамон ин касби пурифтихорро интихоб намуда, зиёда аз 40-45 сол мешавад, ки ҳарду баҳри рушду нумӯи ҷумҳурӣ хизмат намуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и ноҳияи Рӯдакӣ ба тарбияи насли наврас машғулем.

 

Нормаҳмад Нозимов,

ҷонишини директор оид ба таълими

мактаби №26-и ноҳияи Рӯдакӣ,

Хубон Ҷӯраева,

омӯзгори калони кафедраи

умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ,

номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш