Нашрияи Омӯзгор

Дифои шарафу шаъни Ватан

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Беҳтарин офаридаҳои адибони муваффақ, пеш аз ҳама, саршор аз ғояҳои башардӯстӣ  мебошанд. Адабиёт худ тарғибгари амнияту осоиштагӣ, сулҳу дӯстӣ ва одаму одамгарист. Аз ин ҷост, ки адабиётро неруи тавонои тарбия меноманд. Устодони таълимгоҳҳо аз он дар тарбияи шоистаи насли наврас ба таври васеъ истифода мебаранд. Асарҳои шоири маҳбуби халқи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода низ моҳияти баланди башарпарварӣ доранд ва саодатмандии инсонҳоро тарғиб менамоянд. Шоири тавонои миллат ҳамеша таманнои онро дошта, ки сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳокими сайёра бошанду одамон ҳамеша шоду мамнун ва беғаму дард зиндагӣ ба сар баранд. Устод Турсунзода дар ашъори  пурмазмуну дилчаспи хеш ҷангро ҷиддан маҳкум карда, ҳамагонро ба сулҳу оштии абадӣ даъват бинмудааст. Вақте ки соли 1941 Олмони фашистӣ бо сарварии Гитлери малъун ба хоки собиқ ИҶШС аҳдшиканона ҳуҷум мекунаду ҷанги хонумонсӯз дар ин сарзамин оғоз меёбад, шоири шаҳири тоҷик сахт ба хашм меояд, ба ҷангҷӯён нафрин мегӯяд ва қотеона барои маънаван саркӯб кардани хиёнаткорони башарият қалам ба даст мегирад. Дар «Паёми халқ» ном ғазалаш устод Турсунзода дар нахустин рӯзҳои оғози ҷанг ба фарзандони далери Ватан чунин муроҷиат кардааст:

Қаҳрамон фарзанди мо, бишнав

саломи халқро,

Гарму ҷӯшон ҳам салому ҳам

паёми халқро!

Халқ гуфтат, ки раву душман

намо зеру забар,

Бар замин ҳаргиз намондӣ ту

каломи халқро…

Ҷанг кун, мардона душман куш,

ситон, эй шермард,

Аз фритси охирин ҳам интиқоми

халқро.

Дар ин муроҷиати даъватомез як навъ хашму ғазаб нисбат ба душманони ҷангҷӯ, ҷӯши ҳисси интиқом ва ҳамзамон, муҳаббат ба халқу диёри азиз равшан эҳсос мешавад. Ҷанг танаффуровар аст, шоир ҳаргиз ҷангро намехоҳад, вале чун аду ҳамла оварад, дар  ҳимояи марзу буми худ бархостану бар зидди хасм силоҳ ба даст доштан, Ватанро далерона ҳимоя крадан амрест зарурӣ ва ҷавонмардона.

Шеъри машҳури устод «Хайр, модари азиз» ҳам дар нахустрӯзҳои ҷанги Олмон навишта шудаасту моҳияту мазмуни амиқи ватандӯстона дорад. Қаҳрамони шеър ҷавонест шуҷоъ, диловар, қавиазм ва боҷасорат. Ӯ аз ҳамлаи душман ба Ватанаш ба хашм омадааст ва ба дифои  шарафу шаъни кишвар мешитобад. Хайрбоди ин ҷасурфарзанди Ватан хеле муассиру ҳикматбор аст ва як дарси ватандӯстию мардонагиро мемонад.

Модарам, меравам аз пеши ту ман

Ба дифои шарафу шаъни Ватан…

Хабар омад, ки ба тороҷи чаман

Боз карда пари худ зоғу заған…

Сангаму оҳанаму пӯлодам,

Сипари мамлакати озодам!..

Кӣ тавонад, ки маро банда кунад,

Халқро аз Ватанаш канда кунад?!

Ин фақат хоби фашистона бувад,

Орзуи саги девона бувад.

Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон устод Мирзо Турсунзода ба жанри калони эпикии адабиёт рӯй оварда, достонҳои ватандӯстонаи «Барои Ватан» (дар ҳамқаламӣ бо Абдусалом Деҳотӣ) ва «Писари Ватан»-ро эҷод намуд ва ба ин васила, дар таъмини ғалаба, дастгирию рӯҳбаландсозии ҷанговарони ватанпарвар, маҳкум кардани душманон, талқини ҳисси интиқом ҳиссаи сазовор гузошт. Устод дар эҷодиёти баъдиҷангияш низ дар ҳар мавриди мувофиқ ҷангу ҷангҷӯёнро шадидан танқиду саркӯб кардаву ба ҷонибдории сулҳу дӯстӣ садо баланд бинмудааст:

Сулҳ бо имзои моён, мардумони

фатҳёб,

Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро

хароб!

Зуҳрохон Солиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш