Нашрияи Омӯзгор

Сабақи таърих

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз руйдодҳои пурошӯби таърихӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардуми озодандешу сулҳхоҳи дунё фаромӯш намешавад ва ҳамчун сабақи муҳими таърих дар роҳи пешгирии чунин фоҷеаҳои мудҳиш нақши калон мебозад.

Ҷанги солҳои 1941-1945 ҷанги одилонаю озодихоҳонаи собиқ халқҳои Шӯравӣ барои озодию истиқлолияти Ватан буда, на танҳо муборизаи байни ду системаи ҳамонвақтаи бо ҳам муқобил, инчунин, муборизаи некиву бадӣ, рӯшноӣ бо зулмоти фашистӣ буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионҳо одамони Шӯравӣ бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, бо матонати оҳанин бар зидди зулму истибдод ва ниятҳои нопоки фашистони истилогар муборизаи беамон бурда, барои ояндаи некуи мо ва халқҳои ҷаҳон ҷоннисориҳо кардаанд. Артиши зафарманди Шӯравӣ дар рафти амалиётҳои ҷангӣ тағйироти куллӣ ба амал овард ва дар муҳорибаҳои азиму ҳалкунанда қувваҳои яккачини фашистиро шикаст дод ва душмани ғаддорро 9 майи соли 1945 дар лонаи худ-шаҳри Берлин мағлуб намуд. Фахр мекунем, ки халқи тоҷик дар якчоягӣ бо дигар халқу миллатҳои дӯсту бародари Шӯравӣ ба муқобили фашистон истодагарӣ намуда, аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашт ва дар шикасти Олмони фашистӣ ва таъмини Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузошт. Мо, насли имрӯза, ҳеҷ гоҳ хизмату корнамоии беназири 300 ҳазор нафар ҳамватанон ва 92 ҳазор шаҳидони роҳи озодиро, ки дар саҳифаҳои таърихи Ватан абадӣ сабт гардида, ифтихори халқамон аст, фаромӯш нахоҳем кард. Маълум, ки барои далерию шуҷоати беандоза дар ҶБВ ба 54 нафар диловарони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 19 нафар бо ордени “Шараф”, ҳазорон иштирокдори ҷанг бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ғалабаи бузург собит кард, ки ҳеч гоҳ халқҳои ватандӯсту озодихоҳро мағлуб ва мутеъ карда намешавад. Сабақи ҶБВ имрӯз моро водор месозад, ки дар атрофи давлату ҳукуматамон зичтар муттаҳид шавем, бо зиракиву ҳушёрӣ музаффариятҳои истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намоем, ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳои кишварро мустаҳкам намуда, ҳамеша омодаи ҳифзи Ватани азизамон бошем.

Имрӯз дар Тоҷикистон шумораи иштирокдорони ҶБВ хеле кам мондааст. Давлату ҷомеаи мо дар баробари поси хотири шаҳидони роҳи озодӣ нисбат ба ҳаёту зиндагии шоистаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо меоваранд. Бобоҳои каҳрамонамон дар тарбияи ватандӯстиву худогоҳӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият, меҳнати софдилона баҳри шукуфоии Ватан ва эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ҳеҷ гоҳ қувваю донишу таҷрибаашонро аз фарзандону наберагони худ дареғ намедоранд.

Мо бояд ҳамеша эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнати солҳои 1941-1945-ро ба ҷо оварем. Поси хотири шуҷоату корнамоии беназири иштирокдорони ҶБВ ва ҷашн гирифтани санаи 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалабаи бузург худ як ҳикмати бузургест. Итминони комил дорем, ки фарзандону пайвандони мо низ ба ин рисолати инсонӣ ҳамеша содиқ хоҳанд монд.

Ҷ. ҶӮРАЕВА,

устоди ДТТ  ба номи М.Осимӣ,

Ҳ. ХУДОЙҚУЛОВ,

полковники мустаъфӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш