Нашрияи Омӯзгор

Роғун:  Аз бунёди муассисаҳои таълимӣ то коргоҳҳои ҳунармандӣ

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Раиси шаҳри Роғун Иброҳими Билол 14 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Роғун 13 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ  ташкил гардид.  Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун муассисаи нави таълимӣ барои 520 хонанда ва аз ҳисоби соҳибкорону ҳунармандон майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бинои ҳаммом ва сартарошхона дар маҳаллаи Майдони нав, ду майдончаи бозии кӯдакон дар маҳаллаи 25-солагии Истиқлолият бунёд шуда, роҳи маҳаллаи Истиқлол-Норакиён навсозӣ ва роҳи деҳаи Ҷавонӣ таъмир карда мешаванд.

Дар баробари ин, то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 4 коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили табақтарошӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагию бофандагӣ ба истифода дода мешаванд.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш