Нашрияи Омӯзгор

Наврасон ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Кӯдакон ва наврасони имрӯза ҳаводори телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва планшетҳо мебошанд.

Тарафҳои мусбат:

• Баъзе истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ барои истифодабарандагон барномаҳои омӯзиши забони англисиро дар шакли видеодарсҳо ё семинарҳо пешниҳод мекунанд. Бо кумаки ин хизматрасонӣ хонандагон дар омӯзиши забони англисӣ муваффақ шуда метавонанд;

• Дар баъзе мактабҳо телефонҳои мобилӣ ҳамчун воситаи ёрирасони таълимӣ истифода мешаванд, ки имконияти гузаронидани тестҳои гуногуни байни хонандагон бо ёрии барномаҳои гуногун, ҳатто бо воситаи телефони мобилӣ баъзе санҷишҳо низ гузаронида мешаванд;

• Матнҳои чопӣ низ ба сифати воситаи ёрирасони таълимӣ истифода бурда мешаванд;

• Смартфонҳое, ки функсияи пайваст шудан ба Интернет доранд, ба хонандагон имконияти дастрасӣ ба сайтҳои омӯзишӣ, системаи почтаи электронии мактаб барои фиристодани файлҳои электронӣ байни хона ва мактаб шуда метавонанд.

Тарафҳои манфӣ:

Бисёр кӯдакон ба ҷойи бозиҳои ҳаракаткунандаи кӯдакона, бо бозиҳои телефонӣ машғул мешаванд, ки дар натиҷа дар онҳо беҳолӣ, танбалӣ ва фарбеҳшавӣ ба вуҷуд меоянд:

• Ҳолати махсуси давраи гузаришро ба инобат гирифта, кӯдакон ва наврасон каме ба ҳаяҷон дучор шуда, аз одам мегурезанд, танҳо монда, вақти зиёди худро барои гӯш кардани мусиқӣ бо истифода бурдани телефони мобилӣ сарф мекунанд.

• Наврасон қоидаҳои воқеии муқарраршудаи муносибатҳои умумиро аз худ намекунанд ва муносибатҳои иҷтимоии худро дар олами виртуалӣ муқаррар мекунанд.

Табиист, ки падару модарон барои кӯдакони худ хавотир мешаванд,  тавассути алоқаи мобилӣ доимо онҳоро зери назорат қарор медиҳанд. Дар ҳама ҳолат истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои алоқа дар асри имрӯз  яке аз талаботи ҳаётии одамон мебошад. Бо вуҷуди он, технологияҳои муосирро бо риояи қоидаҳои махсус истифода бояд бурд. Бинобар ин, омӯзонидани фарҳанги истифода бурдани чунин технологияҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тарбиявӣ ба роҳ мондан лозим аст. Айни ҳол пайвасти воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои компютерии навтарин барои фаъол намудани раванди таълим ва тарбияи наврасон мусоидат мекунад.

Наврасон ба шабака бо мақсадҳои гуногун ворид мешаванд. Гурӯҳи аз ҳама сершумори истифодабарандагони Интернетро коммункаторҳо ва интернет-фароғатдӯстон ташкил мекунанд. Барои онҳо интернет, дар навбати аввал ҷои ҷустуҷӯйи дӯстон ва воситаи муошират мебошад. Бо кумаки скайп, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, чатҳо ва форумҳо кӯдакон дӯстони нав  пайдо мекунанд ва бо шиносони пештара бештар муошират мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наврасон бо суръати тез дӯст пайдо намуда, ба рӯйхати махсус дохил шуда, расман мавқеи баланди «дӯст»-ро мегиранд, ки бисёрии онҳо ношинос буда, дар воқеъ шиносони кӯтоҳмуддат ҳастанд. Шумораи дӯстон дар синни наврасӣ бошиддат зиёд мешаванд: дар асоси тадқиқотҳои Фонди инкишофи интернет, қариб 70% кӯдакон дар синни 9-10-солагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 10 нафар зиёд дӯст доранд, вақте ба синни 15-16 расиданд, дар ҳар як чорум наврас аллакай аз 100 зиёд дӯсти онлайнӣ пайдо мешавад. Дар ин гуна сайтҳо наврас олами виртуалии худро бунёд мекунад ва дар ӯ вобастагй аз он ба вуҷуд меояд. Якчанд сабаб вуҷуд доранд, ки барои чӣ шабакаҳои иҷтимоӣ наврасонро ба худ ҷалб мекунад:

1. Дар интернет нисбат ба ҳаёти воқеӣ ҳама чиз бисёр осон аст. Муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамон ягон хел ҷавобгарӣ ва уҳдадорӣ намегузорад.

2. Имконияти таҳияи ҳаёти дилхоҳ, ки ҳаёти воқеӣ талаб мекунад.

3. Наврас метавонад ҳамаи маълумот-ро дар бораи худаш пӯшида нигоҳ дорад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз тарафи нав-расон акс гирифтани худ («селфи»)  зиёд шудааст. Равоншиносон муайян карданд, ки ду гурӯҳи одамон ҳастанд, алалхусус, вобасташудагон аз «худрекламакунй».

Гурӯҳи якум – тоифаи одамоне, ки худбаҳодиҳии баланд доранд ва вақти зиёди худро дар назди оина гузаронида, бо орову торо машғуланд.

Гурӯҳи дуюм – одамоне, ки худбаҳодии паст доранд, бо комплекси “камқиматӣ”. Аммо ин гурӯҳҳо  гирифтани «лайкҳо», яъне нишонаҳоеро, ки акси онҳо маъқул шудаанд, баробар муҳим ва зарур медонанд.

Дар маҷмӯъ, «лайк» - ин усули ҳавасмандкунӣ, ки эҳсосоти мусбӣ ва рӯҳафзо медиҳад. Маҳз бо ин мақсад наврас акси навбатии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мемонад. Агар «лайк» нагирад, тундхӯ, ҷангҷӯ, оташин мешавад, ҳатто ба ҳолати афсурдагӣ медарояд.

Дар маҷмӯъ, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасон хатарҳои худро дорад ва бо баробари ин имконияти беҳтарин барои ташаккули шахсӣ ва муошират мебошад.

 

Шаҳноза Зарифова,

сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш