Нашрияи Омӯзгор

Донишҷӯро хориҷ набояд кард!

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

Солҳои таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва солҳои фаъолият дар ин донишгоҳ (солҳои 1961-66 донишҷӯ, солҳои 1967-70 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷик аз соли 1990 дотсент ва аз соли 1997 профессори ҳамин донишгоҳ), чанд усули таълимро аз сар гузаронидем.

Дар ин муддат беш аз 30 китоби илмӣ-таълимӣ, монография, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олию миёна ва 1700 мақолаи илмию методӣ таълиф кардам. Китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 7-ум ва “Адабиёти тоҷик” барои синфи 10-ум, “Каломи манзум”, “Назмшиносӣ” (бо профессор Худоӣ Шарифов), “Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ”, “Таҳқиқ ва таълими арӯз”, “Китобҳои таълимии адабӣ” (бо Мирзо Солеҳов), “Рӯдакӣ - офаридгори назми оламгир”, “Поэтикаи “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ” (бо Мирзо Солеҳов), “Мавҷи тӯфони хирад” (бо Мирзо Солеҳов), “Рисолаи иншо”, “Меъёр ва андозаҳои шеър”, “Офтобе дар миёни сояе” (дар ду ҷилд), “Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам” (дар ду ҷилд), “Рисолаҳои илмии Абдурраҳмони Ҷомӣ”, “Таърихи адабиёти тоҷик” (2010, Теҳрон), “Се рисолаи арӯз”, “Барномаи таълими адабиёт барои синфҳои 5-11” (бо профессор Худоӣ Шарифов), “Барномаи таълими “Усули таълими адабиёт барои мактабҳои олӣ”, “Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам”, “Роҳе ба сӯйи ғафлат”-ро навиштам. “Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ , “Ал-муъҷам”-и Шамси Қайси Розӣ, “Бадоеъ-ул-афкор”-и Ҳусайн Воъизи Кошифӣ, “Фунун ва саноеъи адабӣ”-и Тақии Ваҳидиёни Комёр, “Маҷолис-ун-нафоис”-и Алишери Навоӣ, “Майхона”-и Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ (дар ду ҷилд)-ро ба чоп тайёр кардам.

Муддати 5 сол дар вазифаи сардабири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” фаъолият доштам. Муддати ду сол (2006-2008) сармуҳаррири “Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон” низ будам. 15 сол аст, ки дар факултаи филологияи тоҷики ДМТ маҳфили илмии профессор У.Тоиров амал мекунад, ки ҳар ҳафта як бор дар толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода гузаронида мешавад. Роҳбарии он ба уҳдаи банда гузошта шудааст. Дар ин маҳфил тамоми хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Бояд иқрор шавам, ки раёсати ДМТ ҳар сол маро бо мукофоти пулӣ қадр мекунад (як маоши шартномавӣ).

Беш аз 10 сол аст, ки узви Шӯрои диссертатсионии Д.737 00403 ва узви шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-022 мебошам.

Хулоса, дар муддати кори панҷоҳу чандсола шогирдони зиёдеро таълим додам, ки бо аксарияти онҳо фахр мекунам. Дар тӯли чанд соли фаъолият усули гуногуни таълимро дидем. Ба гумони банда, ҳар як усули таълим, ки маҳсули фикру иродаи одамист, ҳам тарафи манфӣ ва ҳам тарафи мусбат дорад. Усули таълими ҳозира, чи тавре ки мегӯянд, вобаста ба талаботи замон амал мекунад. Ва бояд иқрор шавам, ки ин усул, яъне усули кредитии таҳсил барои мардуми Осиёи Миёна чизи нав нест. Ин ҳамон усули таълимиест, ки дар мадрасаҳои Бухорою Самарқанд ва шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Агар асарҳои устод Айнӣ, хусусан, “Мактаби кӯҳна” ва “Ёддоштҳо”-ро хонед, ба мафҳумҳои “шарикдарс”-у “ҳамсабақ” дучор мешавед. Ба ин маънӣ, ки дар як синф чанд нафар мехонданд, яъне шарикдарс буданд, аммо ҳамсабақ набуданд. Чанд нафар меҳнат карда, сабақҳояшонро аз назди устод гузаронида, сабақи нав мегирифтаанд. Чанд нафари дигар сабақҳои додашударо аз худ накарда, аз шарикдарсони худ қафо мемонданд. Барои ҳамин, баъзеҳо 18-20 сол хонда, баъд мадрасаро хатм мекарданд. Шоирону донишмандони гузаштаи мо, мисли Рӯдакию Фирдавсӣ, Абӯалии Синою Насируддини Тӯсию Саъдию Ҳофизу Ҷомию Сайидою Бедилу Айнӣ ва дигарон шогирдони мадраса буданд.

Акнун биёед, ба сари мақсади аслӣ гузарем. Имрӯз дар мактабҳои олии мо донишҷӯёни ҳақиқӣ, ки барои ҷиддан омӯхтани илму маърифат дохил шудаанд, ҳастанд? Ман аз рӯйи таҷрибаи панҷоҳу чандсолаи худ озод гуфта метавонам, ки, оре, ҳастанд. Аммо хеле кам. Чаро каманд? Ҷавоби ин саволро ҳама медонад. Як қисми бачаҳо барои он ба мактабҳои олӣ меоянд, ки падару модаронашон намехоҳанд, ки фарзандашон ба хизматӣ ҳарбӣ равад. Як қисми дигарашон фақат барои гирифтани диплом меоянд. Хулоса, нисфи бачаҳое, ки факултаҳои гуногуни муассисаҳои олии касбиро хатм карда диплом гирифтаанд, ба талаботи давру замон ҷавоб дода наметавонанд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, як қисми бачаҳо сабақҳои додаи устодонро насупорида, китобҳои заруриро нахонда, конспект накарда, ҳатто ба дарсҳо кам омада, донишгоҳҳоро хатм мекунанд.

Агар мо тамоми нозукиҳои усули кредитии таълимро ба назар гирем, риоя кунем, шогирдони мо, албатта, соҳиби илму дониш мешаванд. Барои амалӣ шудани ин мақсад чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, ҳар як устод ҳангоми таълим бояд хеле ҷиддӣ бошад. Дар рӯ ба рӯяш фарзандони бегонаро не, балки фарзандони худашро бинад. Дар ҳақиқат, писарону духтарони мардум аз фарзандони мо-устодон чӣ фарқ доранд?

Чизи аз ин муҳимтар он аст, ки ҳар донишҷӯе, ки ба донишгоҳ дохил шудааст, ҳеҷ гоҳ бояд аз донишгоҳ хориҷ карда нашавад. Бигузор дар як курс ду-се сол хонад ва то барномаи таълимро аз худ накунад, ба курси дигар гузаронида нашавад. Яъне ҳамаи имтиҳонҳоро, ки супорид, баъд ба курси дигар гузаронида шавад. Аммо дар ин муддат донишҷӯ бояд ба тариқи шартномавӣ бихонад. Агар донишҷӯ ба таври буҷавӣ дохил шуду имтиҳонҳои нимсолаю солонаро насупорид, ҳатман ба гурӯҳи шартномавӣ гузаронида шавад. Агар баъди ин ҳам боз барномаҳои таълимро аз худ карда натавонист, яъне аз имтиҳонҳои ҷорӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифт, ӯро хориҷ кардан лозим нест. Баръакс, боз бояд иҷозат дод, ки дар курсаш ба таври шартномавӣ такроран бихонад. Фарз кардем, ки ҳамон донишҷӯ соли сеюм ҳам имтиҳонҳоро супорида натавонист. Дар ҳамин ҳолат ҳам ӯро хориҷ кардан лозим нест, ҳатто таъна ҳам набояд зад. Боз имконият додан лозим аст, ки соли дигар ба таври шартномавӣ таҳсилашро давом диҳад. Хулоса, донишҷӯ ё хонданро ба гардан мегирад, ё худаш ихтиёран аз давом додани таҳсил даст мекашаду ба касби дигар машғул мешавад.

Дар баробари ин, донишҷӯе, ки ба тариқи шартномавӣ мехонаду имтиҳонҳои нимсолаю солонаро бо баҳои “аъло” месупорад, ҳатман соли дигар ба гурӯҳи буҷавӣ гузаронида шавад. Ин амал боиси дилпурии донишҷӯён мешавад ва аз тарафи дигар, адолат барқарор мегардад.

Бовар дорам, ки агар ҳамин усули таълими кредитӣ дуруст ба эътибор гирифта шавад, донишҷӯе, ки ДМТ-ро хатм мекунад, дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ соҳиби кору эҳтиром мегардад. Дар амалӣ шудани ин усули таълим, албатта, ба устодони соҳибтаҷрибаю корозмудаю дилсӯз такя кардан мебояд.

Дар ҳар гуна ҳолат, бо устодони фозилу хирадманд машварат кардан лозим меояд. Барои ҳамин, халқ гуфтааст: “Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”.

P.S. Аз ҳамаи мутахассисон ва омӯзгорону устодон хоҳиш менамоем, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар ин боб навишта, ба мо ирсол намоянд.

Урватулло ТОИРОВ,

доктори илмҳои филологӣ,

профессори ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш