Нашрияи Омӯзгор

Камоли одамӣ аз илм бошад

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Дар инкишофи илм мавқеи муҳимро муассисаҳои олии таълимӣ ишғол намудаанд. Донишгоҳи аввалини ҷаҳон дар Болони (Италия) дар асри 11 ифтитоҳ гардид. Галилео Галилей (1564-1642), олими итолиёвӣ, асосгузори илми табиатшиносӣ ба шумор меравад, чунки ӯ физикаро ҳамчун илм инкишоф дод. Давраи аз Галилей то Исаак Нютон (1643 1727, олими англис), давраи барқароршавии физика ба шумор меравад.

Нютон дар асоси фактҳои таҷрибавии мавҷуда манзараи физикии олам ва манзараи механикии оламро таъсис дод, ки асоси онро се қонун ташкил менамуд ва он то охири асри 19 ва аввалҳои асри 20 мавҷудияти худро нигоҳ дошт. Дар охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 дар табиатшиносӣ инқилоб ба вуҷуд омад ва он ба кашфиётҳои соҳаи кимиё, биология ва махсусан, физика алоқаманд аст. Ин инқилоб ба кашфи мавҷҳои электромагнитӣ, нурҳои рентгенӣ, ҳодисаи радиоактивӣ, электрон, фишори рӯшноӣ, бавуҷудоии назарияи нисбият, ихтирои радио, бавуҷудоии генетика, модели атом вобастагӣ дорад. Доир ба таърихи инкишофи фанҳои табиатшиносии дигар ба таври мухтасар гуфтан мумкин аст, ки омӯзиши гардиши хун дар одам соли 1550, кӯшиши аввалини таснифоти растаниҳо соли 1590, барқароршавии кимиё ҳамчун илм соли 1650, инкишофи таҳлили математикӣ соли 1710, гидродинамика соли 1750, физиология, алалхусус, омӯзиши ҷараёни нафасгирӣ соли 1760, таъсиси харитаи геологӣ соли 1820, назарияи ҳуҷайрагии тухмхуҷайраи ғизогирандаҳои хурд соли 1835, инкишофи бактериология соли 1845, назарияи бавуҷудоии намудҳои Дарвин бо роҳи интихоби табиӣ соли 1856, назарияи дигари Ч. Дарвин дар бораи пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ соли 1870, кашфи қонуниятҳои асосии ирсият аз тарафи Г. Мендел соли 1865, инкишофи палентология соли 1855 ва ғайраҳо пешниҳод гардидаанд.Солҳои 70-уми асри ХХ дар илмҳои физикаю кимиё равияи нави илмӣ бо номи синергенетика оғоз гардид, ки асосгузорони он Г.Хакен ва И. Пригожин мебошанд. Баъди солҳои 60-ум соҳаи нави кимиё - кимиёи газҳои инертӣ ба вуҷуд омад ва маълум гардид, ки дар шароити муайян газҳои инертӣ низ ба реаксияи кимиёӣ дохил мегарданд. Саҳми олимони физикадони тоҷик дар инкишофи соҳаҳои гуногуни физика, чун академик А.Адҳамов дар соҳаи назарияи молекулавии моеъҳо, профессор Б.Нарзуллоев, дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт ва полимерҳо, узви вобастаи АМИТ, профессор Ф.Ҳакимов дар соҳаи физикаи плазма ва ҷараёнҳои ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ , Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор Ҳ.Маҷидов дар соҳаи физикаи гармо хеле калон мебошад. Махсусан, тадқиқотҳои олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика дар арсаи байналхалқӣ маълуму машҳуранд.Якчанд сайёраи хурде, ки астрофизикони америкоӣ кашф кардаанд, ба шарафи олимон - астрофизикони тоҷик П.Бобоҷонов, Х.Ибодинов, О.Доброволский ва дигарон номгузорӣ карда шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соҳаи тадқиқоти ҷирмҳои осмонӣ астрофизикҳои тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Роҷеъ ба давраҳои инкишофёбии илм ақидаҳои олимон гуногун аст, чунки дар ҳар сарчашмаҳои таърихӣ делелҳо ба таври мухталиф нишон дода шудаанд. Олимон дар давраҳои қадим илмро ба ду шохаи асосӣ - ягона ва умумӣ ҷудо намудаанд. Вале дар замони муосир бошад, доираи донишҳои илмӣ васеъ гардида, зарурати ба соҳаҳои гуногун тақсим шудани илм ба миён омадааст. Айни замон дар ҷаҳон шахсе нест, ки маҷмӯи донишҳои илмиро фаро гирифта тавонад, зеро илми имрӯза зиёда аз 15000 фанни алоҳидаро дарбар мегирад. Аз рӯи хусусият илм ва соҳаҳои таҳқиқии онро ба ду гурӯҳ: табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҷудо менамоянд. Ба гурӯҳи илмҳои ҷомеашиносӣ фалсафа, таърих, ҳуқуқ, адабиёт, санъат, этика, эстетика, педагогика... дохил мешаванд. Ба гурӯҳи илмҳои табаиатшиносӣ физика, нуҷум (астрономия), химия, биология, тиб, геология, география, математика... мансубанд. Фарзияҳои илмии таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Ин вобаста ба он мебошад, ки одамон дар ибтидо ба офтоб, моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқ зоҳир намуда, вобаста ба ин муайян намудани вақт доири тағйирёбии шабуруз, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рӯи онҳо муайян мекарданд.

Хушбахтона, дар пешрафти гурӯҳи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ олимони зиёди тоҷик саҳми шоиста гузоштаанд. Яке аз онҳо Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар тиб, фалсафа, мантиқ, ахлоқ, равоншиносӣ, риёзиёт, тасвири олам, кимиё, ботаника, забоншиносӣ, мусиқӣ асарҳои зиёде офаридааст. Закариёи Розӣ (солҳои 864-925) яке аз машҳуртарин олимони замони худ буд. Ӯ оид ба фалсафа, тиб, кимиё як қатор асарҳои илмӣ таълиф намудааст.

Дигар олими машҳури асри IX Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Мӯсо-ал-Хоразмӣ буд. Ӯ асарҳояшро асосан дар академияи илмҳои Бағдод эҷод кардааст. Ал-Хоразмӣ ба илми риёзии ҷаҳонӣ тартиби ҳисобкунии ҳиндӣ ва асосҳои алҷабрро дохил намуда, дар риёзиёт давраи навро кушод.

Қаноат ҚӮШНАЗАРОВА,

омӯзгори консепсияи

табиатшиносии муосири

коллеҷи тиббии ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш