Дар деҳаи Ҷавонии шаҳри Роғун дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ муассисаи таълимие иборат аз 10 синфхонаи таълимӣ сохта шуда буд. Ин боргоҳи илму адаб дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба «манзили камондорон» табдил ёфт. Онҳо нисбат ба ин боргоҳ бераҳмӣ зоҳир намуда, онро ба харобазор табдил доданд. Ҳатто соли 1995 зангӯлаи муассисаро бо тир сӯрох сохтанд, ки то имрӯз ҳар гоҳе зангӯла садо мебарорад, шахс гумон мекунад, ки он аз сӯзу дарди худ нола дорад.
Хушбахтона, оқибат тири бедодгарон хок хӯрд ва онҳо ба мақсади нопокашон ноил нагардиданд. Баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ симои муассиса ва деҳа ранги дигар гирифт.
Боиси шукргузорист, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тайи понздаҳ соли охир дар деҳаи мазкур ду бинои дуошёнаи таълимии муҷаҳҳаз бо ашёву лавозимоти хониш ва як бинои сеошёна иборат аз толори варзишию маҷлисгоҳ ба таври замонавӣ сохта шуд. Инчунин, дар маркази деҳа бунгоҳи нави тиббӣ бино ёфт, ки ҳамаи ин ба ҳусни деҳаи ҳамешасабзи Ҷавонӣ ҳусни дучанд зам мекунанд.
Файзулло Иброҳимзода,
омӯзгори мактаби №17-и
шаҳри Роғун
Иловакунӣ
Иловакунии фикр