Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши илмии муфид

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ – назариявӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон бо ширкати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо аҳли толорро ба барномаи ҷаласа шинос намуд. Ҳамчунин, дар ҷаласа маърӯзаҳои М.Иззатова, профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ дар мавзӯи «Рушди муассисаҳои томактабӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», З.Холиқова, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, дар мавзӯи «Ватан аз нигоҳи Мирзо Турсунзода», Н.Комилов, мудири кафедраи молия ва қарз дар мавзӯи «Таъсири буҳрони молиявии COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва Мазарифова донишҷӯйи курси панҷуми факултаи химия, биология ва география дар мавзӯи «Истеҳсоли намаки ошӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» шунида шуд. Нимаи дуюми рӯз кори конфронс дар бахшҳо давом кард.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш