Нашрияи Омӯзгор

Шоири тавоно, шахсияти бузург

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

30-юми апрели соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Манучеҳр Шарифзода – муовини вазири фарҳанг, Муҳриддин Низомӣ – ректори  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Фирӯза Турсунзода – духтари Мирзо Турсунзода, Боймурод Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мисбоҳиддин Нарзиқул – мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кормандони вазорату кумитаҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

М.Саломиён – муовини якуми вазир қайд намуд, ки: - Имсол дар саросари кишвар 110-солагии ин шоири шаҳир ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллии мо устод Мирзо Турсунзода дар баробари яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, шоири оташинсухан, ҳамзамон, ба сифати шахсияти бузурге шинохта шудааст, ки барои ривоҷу равнақи дӯстии халқҳои олам саҳми бузурге гузоштааст, - иброз дошт М.Саломиён.

М.Нарзиқул – мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Лоиқ Шералӣ ва Мирзо Турсунзода» (масъалаи садоқати шогирд ва манзалати устод), Б. Шарифзода – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои афкори адабӣ ва эстетикии Мирзо Турсунзода» , Б. Назруллоев – муовини ректор оид ба корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода ва санъати мусиқӣ” ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маърӯза намуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш