Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи баррасии ҳамкориҳои Фонди шарикии байналмилалӣ дар соҳаи маориф (ФШБМ) баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода – муовини вазири маориф ва илм, Бадриддин Музаффарзода – сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ бевосита ва шарикони рушд аз тариқи онлайн ширкат варзиданд.
М. Имомзода зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба аз байни 69 давлат комёб шудани Тоҷикистон барои ба таври пилотӣ гирифтани грант ба Фонди мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи корҳои иҷрошуда оид ба таҳияи ҳуҷҷати “Нақшаи дастгирии соҳаи маориф аз тарафи шарикон рушд” ҳисобот дода, аз ҷумла, қайд кард, ки дар робита ба омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани Гранти пилотии ФШБМ ва ҳуҷҷати НДСМТШР бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат, зерсохторҳои он, шарикони рушд (DCC) ва гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (ГММ) гурӯҳи корӣ дар ҳайати 23 нафар таъсис дода шудааст.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ аз рӯйи ҷадвали пешниҳоднамудаи ФШБМ барои таҳияи ҳуҷҷати ҳамкории миёни Фонди шарикии байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва Вазорати маориф ва илм давра ба давра чор ҷаласаи корӣ баргузор намудаанд.
Бо дархости ФШБМ маълумот ва ҷадвалҳои пешниҳодшуда барои таҳияи ҳуҷҷати дигар - Гурӯҳи мустақили арзёбии техникӣ (ITAP) ҷамъоварӣ ва кори он ҷамъбаст гардидааст, ки пас аз баррасӣ бо ГММ то санаи 15 май ба ФШБМ пешниҳод мегардад.
Дар доираи амалигардонии лоиҳаи нави маблағгузорӣ ФШБМ барои давраи то соли 2025 дар баробари Тоҷикистон, ҳамчунин, соҳаҳои маорифи кишварҳои Конго, Кения, Непал ва Уганду гранти ФШБМ-ро барои рушди соҳаи маориф ба даст овардаанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр