Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаи муҳими тақдирсоз

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

30-юми апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) ҷараён гирифт, ки дар он хонандагони синфи 11 аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ҳамасола хоҳишмандон барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷ аз Тоҷикистон, аз ҷумла, Федератсияи Россия ба «Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷат супорида, пас аз марҳалаи интихобӣ ва комёб гардидан таҳсилашонро дар муассисаҳои олии касбӣ идома медиҳанд. Ҷиҳати шаффоф гузаштани озмуни имрӯза имтиҳонҳои тестӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Директори ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ иштирокдоронро бо талаботи баргузории озмун шинос кард. Сипас, довталабон бо пешниҳоди шиноснома ба синфхонаҳои имтиҳонӣ ворид гардиданд.

Муовини директори марказ Маҳмадалӣ Раҳмонзода иброз дошт, ки дар сабқати мазкур аз 189 нафари номнависгардида, 154 нафар  аз шаҳру навоҳии мухталифи кишвар ширкат варзиданд.

Аз ин теъдод танҳо 5 нафари муваффақ дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) таҳсил хоҳанд кард. Ёдовар бояд шуд, ки довталабонро як имтиҳони дигар – навиштани иншо низ дар пеш аст.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш