Нашрияи Омӯзгор

Одам ғанимат аст

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Вақте ки хабари шуми фавти падари азиз, омӯзгор ва нависандаи иродатманд, инсони наҷибу накукор Маъруфи Хушзодро шунидам, тамоми ҳастиямро рашъае фарогир шуд ва беихтиёр зери лаб пичиррос задам: «Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст».

Ин ҳикмати машҳур аз «Панди куҳна» ном шеъри устод Лоиқ аст, ки онро падари шодравон такрор ба такрор ба забон меоварданд. Дар талаффузи ширадор ва чида – чидаи эшон байти мазкур гӯиё вазну таъсири бештаре пайдо мекард ва шунавандаро лаҳзае чанд ба хомӯш мондану ба андеша рафтан водор мекард. Падари арҷманд Маъруфи Хушзод рӯзгороне пурҳаводис, пуршебу фароз, ҳикматрез ва достонзеб ба сар бурданд ва барояшон одам гавҳари офариниш буду дар ҳалқаи дӯстон будан, суҳбат оростан, дасти ҳам фишурдану ҳамдигарро гарму самимона ба оғӯш кашидан, ба чеҳраи ҳам бо табассум нигаристану кушодаабру буданро меписандиданд, ҳаводори базми сухан буданду таъкид мекарданд:

Ба ҳар ҷо сухан гул кунад, гӯш

бош,

Ба ҳайрат ватан созу хомӯш

бош.

Аз шумори адибону олимону рӯзноманигорон ва аҳли маориф дӯстони зиёде доштанд ва аз ин ифтихорманд буданд. Ҳамакнун батакрор зери лаб «Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст» мегӯяму ёдам меояд аз он ҳодисаи фараҳбору пурсурури соли 2013. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар маркази ноҳия ҳафтоду панҷсолагии омӯзгор ва адиб Маъруфи Хушзод таҷлил гардид. Дар толори бошукӯҳе одамони зиёд – ҳаводорони каломи бадеъ ва алоқамандони мактабу маориф гирд омада буданд. Аз шаҳри Душанбе гурӯҳе аз адибони номвар, аз ҷумла, Меҳмон Бахтӣ, Сайидалӣ Маъмур, Ато Ҳамдам, Абдулҳамид Самад, аз Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб ин ҷо ҳузур доштанд. Ҳама дар ситоиши падари азиз Маъруфи Хушзод суханони самимию пурмуҳаббат гуфтанд, аз хидматҳояшон дар соҳаи маорифу адабиёт ёдовар шуданд. Гуфтанд, ки Маъруфи Хушзод ба гувоҳии зиндагинома ва кору пайкораш тимсоли дар зиндагӣ мубориз будан, сабру таҳаммул пеша кардан, ҳаргиз умедшикаста нагаштан ва ҳамеша эътиқод ба пирӯзии ҳақиқат доштан аст.

Дар ин ҷашнвора таронахонӣ ҳам буду рақсу бозӣ ҳам ва низ ҳазлу шухӣ. Дастаи санъаткорони ноҳия бо бардошт аз мазмуни ҳикоёти Маъруфи Хушзод лаҳзаҳои диловезу ҳикматрезеро зеби саҳна карданд. Алқисса, ҷашнворае буд хотирмон ва муассир.

Дар фарҷоми он лаҳзае чанд бо падари азиз, ки як даста гул дар бағал доштанду шукуфтачеҳра буданд (ин ҳолати эшон ҳоло ҳам чун дар оина пеши назарам ҷилва дорад), суҳбат доштам. Гуфтанд: «Боз наандешӣ, ки ман бо ин ташаббуси қадршиносонаи ҳукумати ноҳия барои тарғиби худу хештанситоӣ розӣ шудаам. Не, «ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан аст». Ман хостам, ки солгарди умрам баҳонае ба мардуми адабпарвари ноҳия ва иддае аз дӯстонам барои соати чанд гирди ҳам омадану хурсандӣ кардан, аз дидори ҳамдигар бархурдор гаштан бошад. Охир, «Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст» гуфтаанд – ку! Аз тарафи дигар, инак, ман ҳафтоду панҷсола шудам. Хайёми бузургвор гуфта: «Пеш ор пиёларо, ки маълумам нест, К-ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё на». Худо медонад, ба ҳаштод мерасам ё намерасам.

Гуфтам: - Ин хел нагӯед, ҳаштодсолагию навадсолагиатонро низ таҷлил хоҳем кард.

Гуфтанд: - Шояд таҷлил мекунед, лекин фикр мекунам, бе ҳузури ман...

Ҳамин ҳарфҳоро низ бо табассум ва андаке андешазада ба забон оварданд падар. Ин хислати дерини эшон буда; ҳама ғаму андуҳашонро ба матои табассум мепечиданд. Ин ҳамбастагӣ бо иродатмандии падар дошт. Агар, воқеан ҳам, иродатманд намебуданд, дар қабзаи он ҳама беадолатиҳову фишорҳои рӯзгорон кайҳо «шикаста» мешуданд…

То ҷое, ки огоҳӣ дорам, падари бузургвор Маъруфи Хушзод аз овони мактабхонӣ дилбастагӣ ба қаламу китоб, илму адаб, маорифу маърифат доштаанд. Мактаби олиро хатм карда, дар зодгоҳи хеш - ноҳияи Рашт муддате ба таълиму тарбияи насли наврас гаравидаанд, сарвари таълимгоҳе будаанд. Баъд аз пайи такмили дониш ба шаҳри Душанбе бармегарданд, дар аспирантура таҳсил ва муддате чанд дар идораи нашрияи «Мактаби Советӣ» кор мекунанд ва фаъолияташонро дар техникуми савдо идома мебахшанд. Ин ҷо падари азиз ба туҳмате печида, гирифтори маҳбас мешаванду беш аз шаш соли умри хешро, чи хеле худ мегуфтанд, бар бод медиҳанд. Баъдтар он туҳмат ошкор ва ҳақиқат барқарору падар «сафед» мешаванд, вале «Чун ришта гусаст, метавон баст, Лекин ба миён гиреҳ бимонад…»

Падар дар зиндон садҳо ҷилд китоб хондаву беш аз ҳазору дусад сафҳа хотираву номаву ҳикояту ривоят бинвиштаанд. Пас аз бишкастани завлона дар озодӣ асосан ду машғулият доштанд: қиссаву ёддошт менавиштанду боғпарварӣ мекарданд. Китобҳояшон бо номҳои «Орзуҳои намиранда», «Ёдгори Ғаввосиён», «Маҳбас ва озодӣ», «Эҳ орзуҳо, ормонҳо», «Олимони Рашт»… паси ҳам ба нашр расиданд. Силсилаи мақолаҳои илмию методиашонро дар шакли китоби алоҳида омодаи чоп намуданд…

Падари шаш духтару ду писар буданд эшон ва аз он ифтихор доштанд, ки ҳама фарзандонашон соҳибобрӯву соҳибмаълумот гашта. Завҷаи меҳрубонаш Гулзираро самимона дӯст медоштанд ва мегуфтанд, ки «Дар нокомиҳои зиндагиям агар Гулзира такядорам намешуд, миёнам мешикаст»…

Тирамоҳи соли равон бояд ҳаштодсолагии падарро таҷлил менамудем. Чунонки дар боло ёдовар шудам, падар гуфта буданд, ки шояд ҳаштодсолагии маро ҷашн бигиред, вале бе ман. Мо ҳатман солгарди падарро таҷлил хоҳем кард ва ҳатман бо ҳузури маънавии эшон. Зеро он кас ҳамеша бо моанд бо симои табассумрезу бо суханони ҳикматборашон, бо таъкиди ҳамешагиашон: «Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст».

 

А. МУРОДӢ,

«Омӯзгор»    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш