Нашрияи Омӯзгор

Соҳиби ҷоизаи “Сухангӯи беҳтарин”

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

 3-юми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот конфронс баргузор шуд, ки зимни он ба як қатор намояндагони ВАО ҷоизаҳои журналистӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷумла, журналист Раҷаби Мирзо – масъули гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор» ҷоизаи «Эътимод»-ро, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО таъсис ёфтааст, ба даст овард. Ҷоизаи МТЖТ  «Сухангӯи беҳтарин» ба номи Иқбол Тешаев ба Эҳсон Сафарзода – сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм тақдим гардид. Ҳамчунин, дар доираи ин ҷоиза маблағи муайян ба оилаи марҳум Иқбол Тешаев ҳамчун кумак ҷудо гардид.

Дар расми тақдими ҷоизаҳо директори МТЖТ Хуршеди Атовулло бо ёдоварӣ аз хидматҳо ва корнамоиҳои марҳум Иқбол Тешаев ба ҳайси сухангӯйи раиси шаҳри Исфара изҳор дошт: «Ҳодисаҳои охир дар марз нишон дод, ки на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳри Душанбе ҳам рафтани журналистон натавонист ҷои Иқболро пур кунад. Ҷои ӯ то ҳол холист».

Муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ва рӯзноманигор Ҷамшед Маъруфов бо ҷоизаи «Рисолати касбӣ» ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон, рӯзноманигорони тадқиқотчӣ Ёқуб Ҳалим ва Мазҳаб Ҷумаев бо ҷоизаи тадқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъа Толиб, инчунин, рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷоизаи «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» сарфароз гардонида шуданд.

 

 Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш