Нашрияи Омӯзгор

Шаҳзод ба Массачусетс меравад!

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Бо хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Шаҳзод Назиров суҳбате оростам. Ҳамсуҳбати ҷавони ман кори бузургеро анҷом додааст, яъне ба Донишгоҳи технологии Массачусетс (MIT) дохил шуда, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ метавонад ҳамчун донишҷӯи ин даргоҳи бонуфузи илму маърифат ба таҳсил шурӯъ кунад. Мактаби олии мазкур соли 1861 аз ҷониби Вилям Бэртон Роджерс таъсис ёфта, дар шаҳри Бостони иёлати Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад ва яке аз муассисаҳои таълимии машҳури дунё ба ҳисоб меравад. Он дар бахши муҳандисию технологӣ  дар ҷаҳон ҷои 1-ум ва дар байни 200 донишгоҳи муваффақи олам ҷои 2-ро касб намуда, солҳои тӯлонӣ ин мақомҳоро аз даст надодааст. Аввалин шахсе, ки аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Массачусетс (MIT) таҳсил мекунад, хонандаи литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ Далер Пиров мебошад. Шаҳзод Назиров дар оянда мехоҳад ихтисоси муҳандиси химияро аз худ кунад.

Ӯ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба дунё омада, то синфи шашум дар мактаби рақами 10-и ноҳияи номбурда таҳсил кардааст. Ба фанҳои дақиқ, хусусан, математика ва химия таваҷҷуҳи зиёд дошт, аз ин рӯ, аввалин сабақҳоро аз фанни химия аз бобояш – омӯзгори химияи мактаби №44-и ноҳия Аминбек Асоев гирифтааст. Бобои ғамхор то ҳол маслиҳатгари беминнати набераи илмдӯсташ буда, дар донишомӯзӣ ӯро роҳнамоӣ мекунад. 

- Ман фарзанди калонии хонадонам. Аз синфи 4-ум дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи вилоятӣ пайваста ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо гаштаам. Ҳамон солҳо бисёр мехостам, ки дар литсей барои хонандагони болаёқат таҳсил намоям, аммо имкон намеёфтам, зеро таҳсил дар литсейҳо шартномавӣ буда, буҷаи оилаи мо имкони пардохти маблағи шартномаро надошт. Як вақт шунидам, ки барои дохил шудан ба литсей озмун эълон кардаанд. Ман ҳам бахтамро санҷидаму муваффақ шудам, аммо пардохти маблағаш нигаронам кард. Бобоям ба собиқ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки барои таҳсилам аз тариқи тахфифи 50-дарсадӣ мусоидат намоянд. Мушкил ҳал шуду ман аввал хонандаи синфи 7-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар ва баъди чанде, аз тариқи иштирок дар озмун, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе гардидам. Мо-шогирдон бо роҳнамоии устодон дар озмоишгоҳи литсей таҷрибаҳои гуногун мегузаронем, ки бароямон хеле шавқовар аст. Ман аз синфи 9-ум таҳти роҳбарии омӯзгорон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода мешудам, ширкат меварзидаму ғолиб меомадам. Чанде пеш бо тавсияи устодонам ба Донишгоҳи технологии Массачусетс (MIT) аз тариқи интернет ҳуҷҷат супурдам. Бахт ёрам гашту пас аз супоридани имтиҳонҳо ва гузаронидани мусоҳиба бо масъулони донишгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ бароям посухи мусбат доданд ва ман имкони таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олиро пайдо кардам, - мегӯяд Шаҳзод Назиров.

Вақте аз ӯ пурсидам, ки аз мушкилоти айёми таҳсил, масъалаҳои даврони донишҷӯӣ дар як кишвари дур ҳарос надорӣ, чунин посух дод:

- Алмос ва  ангиштсанг ҳардуяшон аз як ҷинсанд, карбон ҳастанд. Танҳо алмос аз сабаби оне, ки таҳти фишори сахт қарор мегирад, ба санги қиматбаҳо табдил меёбад. Ман аз мушкилот наметарсам, зеро роҳи илм осон нест, пастию баландии зиёд дорад, аммо ин мушкилиҳо инсонро обутоб медиҳад...

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш