Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиш дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон

Сана: 2021-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои фаъолият ва ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид.

Дар он муовини Котиби генералии СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла, Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ –  20 — солагии таъсиси СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис гардид. Маркази мазкур ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккул ва рушд қарор дорад».

Зикр шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта Марказ дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда истодааст. Мутобиқи он Марказ чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва чорабиниҳои Марказ ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти Марказ, ҳамкории марказ бо шарикони он, васеъ намудани доираи шарикон, коркарди лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ  баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш миёни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки санади мазкур заминаи устувори ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо хоҳад шуд.

Таъкид гашт, ки ин созмони бонуфуз соли 1996 дар ҳайати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия бо номи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфт. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Панҷгонаи Шанхай ва баъдтар Созмони ҳамкории Шанхай басо назаррас аст.

Дар қисмати ниҳоии мизи мудаввар якчанд пешниҳод оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳо манзур гардид.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш