Нашрияи Омӯзгор

Якдигарро дастгирӣ кунед, ба ҳамдигар меҳрубон бошед

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр     12.05.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд. Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

Дар ояти шастуми сураи «Тавба»–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.

Таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд. Дар чунин шароит ҳамаи давлатҳои дунё дар фикри ҳалли мушкилоти худ мебошанд. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ аз мову шумо вобаста нест. Бинобар ин, ба тамоми ҳамватанони азиз ва махсусан, ба занону бонувони муҳтарам хотиррасон менамоям, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.

Ба ин хотир, мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар кӯшиш намоем.

Яъне мо бояд тарзе кор кунем, ки дар кишварамон фаровонии маҳсулот таъмин гардад ва дар ҳар як оила барои тирамоҳу зимистони дарпешистода аз имрӯз сар карда, захираи зарурии озуқаворӣ ташкил карда шавад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд. Барои истеҳсоли маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мо тамоми имкониятҳо, аз ҷумла, замин, об, дигар шароиту захираҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми заҳматдӯст ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорем.

Ба мо фақат зарур аст, ки аз имконияту захираҳои доштаамон, анъана ва таҷрибаву малакаи заминдориву кишоварзии аз аҷдодамон бамеросмонда самараноку оқилона истифода барем. Махсусан, истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ки солҳои вазнини 90 –ум мардумро аз гуруснагӣ наҷот дода буданд, имрӯз барои таъмин намудани ҳар як оила, фаровонии бозорҳо ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот бисёр зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар робита ба ин, зарурати риояи ҳатмии Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», яъне сарфаю сариштакориро ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо такроран таъкид месозам.

Агар як соли дигар сарфакорӣ кунем, бовар дорам, ки манфиати ин амалро ҳар як оила дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳатман эҳсос хоҳад кард. Яъне мардуми мо дар фасли сармо ба азияту муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем. Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи «Исро» мефармояд: «Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».

Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо вазифадорем баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намоем ва ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморем.

Имсол мо 30 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро ҷашн мегирем. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон аст ва ҳамчун давлати соҳибихтиёру озод соҳиби мақом ва овози баробар бо дигар ширкаткунандагони муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.

Мо вазифадорем, ки сарзамини аҷдодиамонро обод кунем, рушди давлатамонро таъмин намоем, ба наслҳои оянда як мулки осуда ва давлати неруманду пешрафтаро ба мерос гузорем. Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори аввалиндараҷа ва ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир, яъне кадрҳои баландихтисос бунёд ва соҳибӣ мекунанд, нуфузу обрӯи давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамонро маҳз онҳо баланд мебардоранд.

Бинобар ин, наврасону ҷавонон бояд хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд. Давлат ҳоло барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро муҳайё кардааст. Соҳиби дониш ва касбу ҳунар гардонидани наврасону ҷавонон вазифаи падару модарон, фаъолон ва умуман,  аҳли ҷомеа низ мебошад.

Мо бояд талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»–ро риоя кунем, фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ва риояи қонунияту тартибот ба камол расонем. Ҳамчунин, мардуми шарифи кишварро даъват мекунам, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошед ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунед ва ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошед.

Махсусан, дар айёме, ки илова ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва оқибатҳои сахту сангини онҳо ба зиндагии мардуми сайёра таҳдиду хатарҳои муосир, дар навбати аввал, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, амнияти бисёр давлатҳо ва мардуми онҳо, аз ҷумла, Тоҷикистони моро халалдор мекунанд, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем.

Вобаста ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, такроран таъкид мекунам: терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми мо, алалхусус, ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва ифротгарову хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро, ки дастоварду неъмати бебаҳои зиндагии халқамон мебошад, ҳифз намоянд.

Дар рӯзи иди саиди Фитр барои мардуми азиз ва кишвари маҳбубамон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзу карда, хурду бузурги Тоҷикистонро даъват менамоям, ки ҳамдигарро ҳарчи бештар иззату эҳтиром кунед, ба қадри якдигар расед, накукору хайрхоҳ ва саховатманду ҳимматбаланд бошед.

Инчунин, ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рухдода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам. Ва ба шахсони захмишудаву осебдида шифои комил орзу менамоям.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиш орзу мекунам.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамватанони азиз!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш