Нашрияи Омӯзгор

Тазод

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

 

Тӯдае сармаст ҷавлон мекунанд,

Нописанд ҳар он чӣ буд, он мекунанд.

Душмананд ё дӯст, маълумам нашуд,

Ҳайратам аз он чӣ онон мекунанд.

Ҳар гаҳе ҷое, ки сарҷамъ мешаванд,

Ҷамъи моёнро парешон мекунанд.

Аз қафо теғи адоват мекашанд,

Рӯ ба рӯ сад лутфу эҳсон мекунанд.

Рӯбаҳанду дар ниқоби шери нар

Лофи мардӣ, лофи майдон мекунанд.

Аз ҷаҳони маърифат сад кӯча дур,

Иддаои илму ирфон мекунанд.

Аз алифу беву теҳо бехабар

Даъвии тафсири Қуръон мекунанд.

Дар замин бо сад машаққат мераванд,

Бо забонҳо ғасби кайҳон мекунанд.

Далер Рӯзибоев,

омӯзгори литсейи касбӣ-техникии

саноатӣ-кишоварзии ноҳияи Ашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш